Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав дар деҳаи Қаҳрамон

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 46        Шарҳ: 0

 

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабо бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и ноҳияи Шаҳринав дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо дастгирии оилаи Рӯзиевҳо бунёд шудааст. Дар ин бинои таълимӣ 800 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.   Бинои нави муассиса, ки бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст, аз 12 синфхона иборат мебошад. Синфхонаҳо бо дастгоҳу лавозимоти таълимӣ муҷаҳҳазанд. Бо дарназардошти эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” синфхонаҳои фанни физикаву химия дар ин мактаб барои гузаронидани озмоишҳо ва дарсҳои амалӣ ба таври муосир таҷҳизонида шудааст. Баробари сохта ба истифода додани бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18, ҳамчунин оилаи Рӯзиевҳо 1 километр роҳи асосии кӯчаи Қаҳрамонро аз ҳисоби худ асфалтпӯш карда, ин роҳро чароғон намудаанд.

Баъд аз ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимӣ ва шиносоӣ бо имкониятҳои он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси сокинони ватандӯстро барои обод кардани як гӯшаи диёр шоистаи таҳсин ва дастгирӣ хонданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш