Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Спитамен

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 59        Шарҳ: 0

 

Дар деҳаи Андарсойи Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи бинои таълимӣ, ки дар асоси созишномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо саҳми кишвари дӯст бунёд шудааст, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, директори ҶСК “Ӯзбекистон темир йуллари” Ҳусниддин Хасилов, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва омӯзгорону хонандагон иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи бинои таълимӣ вазирони маорифи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ёдоварӣ аз сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев таъкид доштанд, ки маҳз бо кӯшиши сарони давлатҳо ҳамкориҳои ду давлат ба марҳилаи нав ворид гардида, боиси хушҳолии мардумони ду кишвар гардид.

Сохтмони бинои нави таълимӣ моҳи августи соли 2018 оғоз гардида, аз тарафи ҶСК «Ӯзбекистон темир йуллари» ба  маблағи зиёда аз 18 миллион сомонӣ бо сифати баланд ба анҷом расид. Муассисаи мазкур барои 630  нафар хонанда пешбинӣ гардида, аз 3 ошёна, 28 синфхонаи таълимӣ, хуҷраҳои маъмурӣ, китобхона, ошхона бо 224 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 280  ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ иборат аст.

Бинои муассиса бо системаи ягонаи гармидиҳии марказонидашуда пайваст мебошад. Дар саҳни муассиса 150 адад дарахти сояафкан ва ороишӣ шинонида шудааст. Таҳсил дар мактаби №33 аз 1-уми октябр оғоз мегардад.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш