Нашрияи Омӯзгор

Илму дониш - заминаи асосии инкишофи давлат

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 21        Шарҳ: 0

 

Дар раванди бунёди давлатдории тоҷикон рӯйдодҳои созандаву сарнавиштсози миллӣ хеле зиёд буда, ҳар кадоме аз онҳо ба ҳайси заминаи воқеӣ дар рушд ва такомули ҷомеа мусоидат мекунанд.

Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (17.08.2020) дар таърихи рушди соҳаи маориф саҳифаи навро боз намуд.

Воқеан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии истиқлоли миллӣ ба рушди соҳаи илму маориф ва неруҳои ақлонии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.

Маҳз зарурият ва муҳимияти рушди маориф, баланд бардоштани сатҳи илму донишро дар равнақи кишвари соҳибистиқлоли навбунёд дарк намуда, дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи маориф, низоми таълиму тарбия диққати махсус дода шуд. Дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтанд. Сарфи назар аз мушкилоти замони гузариш, Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки мамлакат зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Дар ин давра бо мақсади рушд, ташаккул ва ривоҷи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, “Дар бораи адабиёти таълимӣ”, “Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020”, “Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2011-2015”, “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, “Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” аз ҷумлаи инҳост.

Дар ин раванд, бо иқдомҳои созандаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти раванди афзоиши аҳолии мамлакат бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии мавҷуда ва бо таҷҳизоту ашёи зарурӣ таъмин намудани онҳо ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.

 Барои боз ҳам инкишоф додани соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи дониш бо иқдоми Пешвои миллат “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” қабул гардид.

Ба омӯзиши забонҳо ва донистани якчанд забони хориҷиро Пешвои миллат талаботи замони муосир дониста, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва қобиланд, ки аз ин забонҳо дар шароити муоширати ҳаррӯза ва касбӣ самаранок истифода баранд, афзуд. Бинобар ин, аз тарафи Пешвои миллат андешидани чораҳои самарабахш барои такмили рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байналмилалӣ ва байни миллатҳо зарур дониста шуд. Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба тасвиб расонида шуд.

Диққати Президенти кишвар ба мутахассисони соҳибтаҷриба равона гардида, ба азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар зинаи таҳсилоти умумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Чунонки Пешвои миллат қайд намуданд: “Зинаи таҳсилоти умумӣ дар низоми маорифи кишвар мақоми бунёдӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин давра фарзандон аз ҷиҳати равониву ҷисмонӣ ташаккул ёфта, донишҳои асосиро аз худ мекунанд ва касби ояндаашонро интихоб менамоянд”.

Президенти мамлакат ба таври мушаххас масъалагузорӣ менамоянд, ки омӯзгор дар роҳи таълим ҳаққи хато карданро надорад, зеро тарбияи насли оянда дар дасти ӯст. Аз ин лиҳоз, омӯзгор бояд дар такопӯ, ҷустуҷӯ ва ҳамқадами даврон бошад, чунки донишу малакаи ӯ баробари илми замона ба тараққӣ ва пешравӣ ниёз дорад.

Китоб сарчашмаи ҳамаи донишҳо буда, Пешвои миллат ба мазмун ва мундариҷаҳои китобҳои дарсӣ низ диққати аввалиндараҷа медиҳанд.

Инчунин, муҳимтарин ҷанбаҳои такмил ва омӯзиши фанҳои табиӣ ва риёзиро дар марҳилаи кунунии инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ фаро гирифта, он ҷараёни босифати таълим, таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои таълимиро муайян менамояд. Дар ин ҷода “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” қабул гардид. Тибқи Барномаи мазкур соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, мавод ва реактивҳои кимиёӣ, ҳамчунин, асбобу таҷҳизот барои фанҳои химия, физика ва биология бо таҷҳизоти муосири лабораторӣ таъмин мегарданд.

Пешвои миллат дар Паёмҳои хеш аз хусуси таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик гардонидани низоми таълим низ таъкид ба амал меоранд. Дар ин маврид дар Паёми навбатӣ (26.12.2019) изҳор намуданд: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем».

Ба шавқи донишомӯзӣ ва қобилияту матонати ҳар як наврас дар алоҳидагӣ таваҷҷуҳ ва баҳогузорӣ намуда, барои дастгирии ин нафарон аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Майлу рағбати нафарони илмомӯзро ба инобат гирифта, барои ба муассисаҳои олии кишвар дохил шудан кумак мерасонад, зери назорат мегирад ва кӯшиш мекунад, ки онҳо соҳиби илму дониш шуда, дар шаҳру ноҳияҳои худ ҳамчун мутахассиси соҳибкасб кору фаъолият кунанд.

Зимни суҳбат бо наврасону ҷавонон бо шароити зиндагӣ, машғулияти волидайн, сатҳи дониш, мақсади ояндаи онҳо пурсон гардида, ба нафарони эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз мекунад. Хонандагону донишҷӯён, аҳли илму маориф, олимону омӯзгоронро ба неруи тоза ва илҳоми эҷодӣ ҳидоят менамоянд.

Сарвари давлат диққати махсусро ба илмомӯзии духтарон равона месозанд. Зеро зан офарандаи ояндаи миллат буда, маҳз зан-модари босавод ва соҳибилм метавонад фарзанди боинтизому бомаърифатро ба воя расонад.

Дар ин росто, ҳанӯз моҳи апрели соли 2001 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президентӣ барои солҳои 2001-2005» ба тавсиб расид, ки он ҷалби духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонро ба таҳсил пешбинӣ менамуд. То ин муддат, дар асоси квотаи Президентӣ даҳҳо ҳазор ҷавондухтари деҳоти дурдаст соҳиби унвони донишҷӯӣ гардида, дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа кору фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тасдиқ гардид ва дар ин радиф санадҳои дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст.

Бо мақсади ҳар чи бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба илму дониш ва ҳавасманд намудани онҳо аз маҳсули донишомӯзӣ стипендияи Президентӣ таъсис дода шуд. Ин иқдомро дастгирӣ намуда, дар шаҳру вилоятҳо стипендияҳои раисони ин минтақаҳо ташкил гардид.

Имрӯзҳо низ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, пеш аз ҳама, дар деҳоти дурдаст босуръат идома дорад.

Аз 1332 мактабу муассисаҳои томактабии ба нақша гирифташуда то моҳи августи соли 2020-ум 367 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 30 кӯдакистон сохта, ба истифода супорида шудааст, ки аз ин шумора 135 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 21 кӯдакистон ва танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 5 муассисаи томактабӣ ва 37 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то ба имрӯз таъмир ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимии мавҷуда бомаром идома дорад.

(Давом дорад)

Р.Раҳимзода,

доктори илмҳои ҳуқуқ,

Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш