Нашрияи Омӯзгор

«Забони миллат – ҳастии миллат» – навиштаи фарогир

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

 

Ба нашр расидани  асари дуҷилдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Забони миллат – ҳастии миллат” барои мо – алоқамандони донишу фарҳанг ва ҳаводорону пажӯҳишгарони таърихи забон ва тадриси он мужда мебошад.

Инак, сатрҳои зерро бо дили пур аз фараҳ ва лабрез аз шодӣ ба ифтихори бисту нуҳумин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи варақ мерезам ва китоби дуюми Ҷаноби Олиро чун сарчашмаи муътамад ва боарзиштарин дастоварди замони истиқлол истиқбол мегирам. Ин ҳиммат, кӯшиш ва иқдоми Пешвои миллатро дар ростои эҳёи муқаддасоти миллӣ вобаста ба файзу баракати мустақилияти кишвар дар тасмимгирӣ медонам ва бар ин боварам, ки дар радифи садҳо ва ҳазорҳо нафар аҳли маърифат, ки дар айёми бозсозии горбачёвӣ ҷиҳати дастёбӣ ба соҳибихтиёрӣ сар боло карда буданд, дар иқтисоди миллии мамлакат (манзур соҳаи хоҷагист) ҷавони боазму ирода, меҳандӯсту мубориз ва ҳақталаб бо номи Эмомалӣ Раҳмонов фаъолият дошт ва толеи мардуми шарифи Тоҷикистон баландӣ карду роҳи ба арса баромадан маҳз ба ӯ муяссар гардид...

Акнун саҳми Президенти арҷманд дар ободии Ватани азиз, хидмати эшон ба нафъи халқ чун оина пеши чашмҳост. Аммо ин фурсат ба иртиботи баррасии як масъалаи муҳимми милливу фарҳангӣ, ки ҳамвора дар мадди назари Ҷаноби Олӣ будааст, сухан гуфтанием. Ин қазияи забон аст, ки дар фазои истиқлоли ҷумҳурӣ рутбаи миллӣ ва давлатӣ гирифт, ки мояи сарфарозии мо – соҳибзабонҳо мебошад.

Чун мо шоҳиди вазъи ниҳоят вахими забон дар давраи шӯроӣ будем, барои ибрат ба самъи насли соли ҳаштод ва баъд ба дунёомада бояд бирасонем, ки ташкилкунандагони давлати Шӯроӣ зимни назарияпардозиҳои хеш ба масоили забон ва забонҳои миллӣ аз мавқеи сиёсати ишғолгариву қудратталабиашон таваҷҷуҳ намуда, чи қадар ки дар бораи баробарҳуқуқии миллатҳо шиорпартоӣ карда бошанд, ҳамон андоза онҳоро таҳти фишори сиёсиву фарҳангӣ қарор додаанд. Ҳоло барои даррасондани моҳияти неъматҳои замони соҳибихтиёрӣ, аз ҷумла, мақоми давлатӣ гирифтани забони модарии мо – тоҷикӣ, озодии сухан ва... ёдоварӣ аз маҳдудияти корбурди он дар он айёмро бе аҳаммият намешуморем.

Тибқи барномаи эъмори ҷомеаи коммунистӣ соли 1980 мебоист коммунизм ғалаба мекард ва забони русӣ, ки дар низоми корбарӣ давлатӣ буд, байналмилалӣ мешуд. Табъан ҷойи забонҳои миллиро мегирифт. Бо дарназардошти  маҳдудаи корбасти забони тоҷикӣ бисёриҳоро рӯҳияи ноумедӣ фаро гирифта буд ва аз забони онҳо чунин суханҳо ҳам ба гӯш мерасид:

– Чӣ кор мекунӣ забони тоҷикира, бо ин забон танҳо ба аэропорта меравию бас...

Устоди зиндаёд Убайд Раҷаб чун ба ҷовидонагии ин забон эътимод дошт, барои рафъи ҳисси ноумедӣ ва тасаллои дили он идда шеъри “То ҳаст оламе, то ҳаст одаме”-ро эҷод кард, ки чунин аст:

Ҳар дам ба рӯйи ман

Гӯяд адуи ман,

К-ин шеваи дарии ту

Чун дуд меравад,

Нобуд мешавад,

Бовар намекунам.

Лафзе, ки аз латофаташ ҷонам кунад

ҳузур,

Рақсад забон ба созашу ояд ба дида нур,

Лафзе ба ранги лолаи домони кӯҳсор,

Лафзе ба сони бӯсаи ҷонпарвари нигор,

Ширину бас лазиз,

Чун шир,

Чун шакар,

Ҳам қимату азиз,

Чун ҳикмати падар...

Лафзе, ки эътиқоди ман асту маро

вуҷуд,

Лафзе, ки пеши ҳар суханаш оварам

суҷуд,

Чун меҳри модарам,

Чун ишқи дилбарам,

Чун хоки кишварам,

Чун завқи кӯдакӣ,

Чун байти Рӯдакӣ,

Чун зарраҳои нури басар

мепарастамаш,

Чун шуълаҳои нарми саҳар

мепарастамаш...

Ҳамчун омӯзгор худ вазъияти ноҳинҷори забони модарӣ ва мушкилоти онро дар аҳди шӯроӣ таҳаммул кардаам.

Соли нахусти хатм (1969) ба ҳайси муаллим корро дар кафедраи забони тоҷикӣ (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) оғоз кардам. Бештар дар факултаҳои ғайрифилологӣ дарс медодам. Ба хидмати ҳарбӣ даъват шудам.  Баъди адои хидмат дар кафедра барои ман сарборӣ (нагрузка) ёфт нашуд, чунки таълими забони тоҷикиро дар дигар факултаҳои донишгоҳ қатъ карда буданд. Бо машварати устодон ба аспирантура ҳуҷҷат супоридам. Пас аз хатми аспирантура (1975) ҳам бедарс мондам (бо вуҷуди он ки рисолаи илмиамро ба анҷом расонда будам). Ночор дар яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе кор кардам. Соли 1980, ҳангоми фаъолият дар мактаб, рисолаамро дифоъ намуда, бо роҳи озмун ба ҷойи кори пешинаам гузаштам.

Чун муаллиф (ҳаммуалиф)-и китоби забони тоҷикӣ (аввал барои синфҳои V, VI, VII; пасон барои синфҳои VI-VII) низ бо мушкили забони модарӣ рӯбарӯ гардидам. Барои мисол, масъули нашри китоб дар Вазорати маориф Бумагина ном шахс буд. Маводи пешниҳодшударо варақ мезад, нисбат ба матнҳои аз осори адибони пешин (Фирдавсӣ, Кайковус, Саъдӣ, Ҷомӣ...)  дар китоб ҷойдода ҳатман хӯрдагирӣ мекард.

– Это ни истории языка, - мегуфту дастнависро мегардонд.

Ин воқеият, ки рисолаи илмӣ (диссертатсия) доир ба забон ва адабиёти тоҷик ҳам ба забони русӣ навишта мешуд, ба шарҳ ниёз надорад...

Хулоса, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзаи по ба майдони сиёсату раҳбарии ҷомеа мондан, баробари диққат додан ба ҳалли мушкилоти низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки аз масоили доғи вақт ҳисоб меёфтанд, дар баррасии қазоёи фарҳангӣ мавзӯи забони миллиро муҳимтар арзёбӣ менамуданд. Худ бо як забони фасеҳу равон суханронӣ мекарданд, аз ҳамватанон низ ҳамин дастури баёни андешаро мехостанд. Камина шоҳид будам, ки дар ҷамъомадҳои сатҳи ҷумҳурӣ бо камоли адаб нутқи вазиру академики дар баёни фикр дар таъсири забони ғайримиллимондаро чӣ гуна ислоҳ карданд.

Вазъи мувофиқи табъи забони имрӯзии мо ба талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат сахт иртибот дорад. Акнун на танҳо дари гуфтору навиштор ба рӯйи ҳама ҳаммеҳанон боз аст, таълифоти илмии эшон фарогири проблемаҳои зиёди баҳсангези забоншиносии тоҷик низ ҳаст. Ҳар ду ҷилди “Забони миллат – ҳастии миллат” чун сарчашмаи бунёдӣ ҳовии аҳаммият хоҳад буд. Аз ҷумла, омӯзанда дар заминаи пажӯҳишҳои забоншинохтии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика), вазъияти забон дар мароҳили таърихӣ, пайдоиш ва шаклгирии вожаҳо, афзоиши ганҷинаи луғавӣ ва луғатнигорӣ, вожасозӣ, сабки баён, саҳми аҳли қалам дар рушду таҳаввули забон, меъёрҳои забон, арзиши бадеии сухан ва ғайра маълумоти дақиқ ба даст хоҳад овард.

Ҷаноби Олӣ бо шеваи тоза ва ба табиати улуми адабӣ мутобиқ тадқиқот анҷом додаанд, ки осор муассир ва хонданӣ сурат гирифтааст. Зимни омӯзиши мавзӯъҳои илмӣ руҷӯъҳои таърихиву географӣ ва адабиву фарҳангӣ ҳам кардаанд, ки дархӯри завқи аҳли мутолиа хоҳад буд.

Боби VI китоб ба вазъияти забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон ихтисос ёфтааст, ки хонандаи тоҷик дар таҳқиқоти забоншиносӣ бори аввал ба чунин мавод ошно мегардад.

Доир ба вижагиҳои дигари ин маъхаз (ҷилди 2)-и мустанаду муътабари илмӣ месазад, ки бо аҳли илм, аспирантону магистрҳо ва донишҷӯён мушаххас суҳбат ороста шавад.

Дар анҷом гуфтанием, ки Президенти гиромиқадр, Пешвои фарҳангдӯст ҳамеша саломату бағайрату сарбаланд, забону суханашон бурро бошад ва дасташон дардро набинад.

 Сулаймон АНВАРӢ,

устоди ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш