Нашрияи Омӯзгор

Омодагиҳо ба фасли сармо чӣ гуна аст?

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 7        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 вусъат меёбад.

Сармутахассиси бахши раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Бахтиёр Раҷабов иттилооъ дод, ки дар анборҳои муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тибқи нақшаи тасдиқшуда, (ба ҳолати 24.08.2020) 1483 (38,8%) тонна ангишт, 5834 (48,8% ) м3 ҳезум, 1415 (5%) литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8-10% зиёд мебошад. Ҳамчунин, 312 адад генератори барқӣ, 79 адад буғхона, 2909 адад бухории барқӣ ва 5433 адад бухории аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Тибқи маълумоти сардори раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Қ. Ҳакимзода, барои харидорӣ намудани 120 тонна ангишт, 530м3 ҳезум ва 720 литр сӯзишвории дизелӣ дар сметаи хароҷотии муассисаҳои таълимии шаҳр 85100 сомонӣ ҷудо шудааст. Айни ҳол дар анборҳои муассисаҳои таълимии шаҳр 57 тонна ангишт (48%),  404 м3 (76%) ҳезум захира шудааст. Бояд қайд намуд, ки 43 муассисаи таълимии шаҳр бо 470 печи аловӣ дар мавсими зимистон гарм карда мешаванд. Мутаассифона, то имрӯз танҳо 20 муассисаи таълимӣ бо ангишт таъмин гардиданд. Аз 9 кӯдакистон танҳо кӯдакистонҳои №1 (2,6 тонна),  №2 (5,7 тонна) ва №4 (3,8 тонна) бо ангишт таъмин карда шудаанду халос. Дар ноҳияи Фархор омодагӣ ба фасли зимистон ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Х. Шоймардонов иброз дошт, дар ноҳия 78 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад ва тибқи нақша бояд 894 тонна ангишт, 945м3 ҳезум ва 942 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шавад. То имрӯз ба муассисаҳои таълимии ноҳия 450 тонна ангишт (50%),  ҳезум 700м3 (74%) ва 100 литр (10,6%) сӯзишвории дизелӣ дастрас гардидааст. Барои харидорӣ ва захира намудани сӯзишворӣ дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 358 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардида, то ин дам бо маблағи 274 ҳазору 500 сомонӣ маводи сӯзишворӣ харидорӣ шудаст. Вале ҳанӯз ҳам 50%-и муассисаҳои таълимӣ бо ангишту сӯзишвории дизелӣ таъмин нагардидаанд. Дар ноҳия 4 муассисаи таълимӣ ва як кӯдакистон ба барқи озод пайваст буда, 6 муассисаи таълимӣ бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд. Аз ҳисоби ҷамоатҳои деҳот ба муассисаҳои таълимӣ ба миқдори 250 м3 ҳезум кумак карда шудааст.

 Корҳои омодагӣ ба фасли зимистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия А. Исоев изҳор дошт, ки тибқи нақша бояд муассисаҳои таълимии ноҳия 891 тонна ангишт, 597м3 ҳезум ва 6000 литр сӯзишвории дизелӣ захира намоянд. То имрӯз муассисаҳои таълимии ноҳия бо 730 тонна ангишт (82%) ва 597м3 (100%) ҳезум таъмин шудаанд. Барои харидорӣ ва захира намудани сӯзишворӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 450 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ноҳия 2 муассисаи таълимӣ бо барқи озод таъмин буда, аз 11 буғхона 6 ададаш дар ҳолати корӣ мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии №4 (директораш С. Наимов),  №18 (директораш Ш.Камолов),  №39 (директораш М.Алиев) ва №52 (директораш М. Саидмуъминов) омодагиро ба фасли тирамоҳу зимистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо АВО-и муассиса, кормандони ҷамоати деҳот ва соҳибкорони маҳаллӣ захираи маводи сӯзишворӣ, аз қабили ангишт, ҳезум ва сӯзшвории табиӣ дар анборҳои муассиса пурра ба анҷом расонида шудааст.

Дар ноҳияи Муъминобод фасли зимистон серборишу сербарф ва хунуку тӯлонӣ меояд. Аз ин рӯ, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон омодагиҳои муассисаҳои таълимии ноҳия барвақттар оғоз мегардад. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия О. Табарзода гуфт, ки буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ин мақсад харидорӣ намудани 135 тонна ангишт, 2420 куб ҳезум ва 2600 литр сӯзишвории дизелиро бо маблағи 157 ҳазору 961 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол 35 тонна ангишт (25,9 %) ва ҳезум 1158 куб (48%) харидорӣ гардида, ба анборҳои муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас шудааст. Дар ноҳия 11 муассисаи таълимӣ бо барқи озод таъмин буда, 4 муассисаи таълимӣ ба воситаи буғхонаҳо гарм карда мешаванд. Барои гарм кардани синфхонаҳои таълимӣ 301 гармидиҳандаи барқӣ, 420 адад печи аловӣ ва 12 адад генератори барқӣ мавриди истифода қарор доранд. Бояд қайд намуд, ки 60 тонна захираи ангишт ва 209 куб ҳезум аз солҳои гузашта дар анбори муассисаҳои таълимӣ нигоҳ дошта шудааст.

Дар ноҳияи Восеъ барои сари вақт омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар шуъбаи маорифи ноҳия ситоди махсус таъсис дода шудааст, ки вазъи ҳамарӯзаи омодагиҳои муассисаҳои таълимиро ба зимистон зери назорати доимӣ қарор додааст. Тибқи нақшаи шуъбаи маориф имсол барои гузаронидани фасли сармо, муассисаҳои таълимии ноҳия ба 500 тонна ангишт, 1312 куб ҳезум ва 4300 литр сӯзишвории дизелӣ эҳтиёҷ доранд. Айни ҳол дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ 114,5тонна ангишт (23%), 600м3 ҳезум (46%) ва 805 литр сӯзишвории дизелӣ (19%) захира шуда, 51 адад генератори барқӣ, 324 адад гармкунаки барқӣ, 872 печи аловӣ ва 5 адад деги буғӣ дар ҳолати корӣ мебошад. Ҳамроҳи сармутахассиси шуъбаи маориф Р. Солиҳов рафти омодагиҳо ба фасли тирамоҳу зимистонро дар муассисаҳои таълимии №№ 16, 22, 23, 31, 38 ва 42 мавриди омӯзишу санҷиш қарор додем. Дар ҷараёни санҷиш маълум гардид, ки омӯзгорону хонандагони муассисаҳои дар боло зикргардида ба фасли зимистони имсола омодагии ҷиддӣ дидаанд. Санҷиш нишон дод, ки тамоми тирезаҳои синфхонаҳо шишабандӣ шуда, захираи маводи сӯзишворӣ, аз қабили ангишт, ҳезум ва сӯзишвории табиӣ дар анборҳои муассиса пурра ба анҷом расонида шудааст.

Дар ноҳияи Ш. Шоҳин мудири шуъбаи маориф Н. Ғоибзода иброз дошт, ки тибқи нақшаи зимистонгузаронии имсола талабот ба 186 тонна ангишт, 1993 м3 ҳезум ва 2545 литр сӯзишвории дизелӣ мебошад. То имрӯз ба муассисаҳои таълимии ноҳия 36 тонна ангишт (19,3%),  ҳезум 150 м3 (7,5%) ва 186 литр (7,3%) сӯзишвории дизелӣ интиқол дода шудааст. Барои харидорӣ ва захира намудани сӯзишворӣ дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 448741 сомонӣ ҷудо гардидааст. Мутаассифона, 74%-и муассисаҳои таълимӣ бо ангишту сӯзишвории дизелӣ то ҳанӯз таъмин нестанд. Дар ноҳия 59 муассисаи таълимӣ ва як кӯдакистон ба барқи озод пайваст буда, 6 муассисаи таълимӣ бо деги буғӣ гарм карда мешаванд. Дар кори захира намудани маводи сӯзишворӣ ҳиссаи АВО-и муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия хеле назаррас мебошанд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш