Нашрияи Омӯзгор

Таҳлили грамматикӣ ва моҳияти он

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 9        Шарҳ: 0

 

Таҳлили грамматикӣ дар дарсҳои забони тоҷикӣ мавқеъи муҳим дорад ва як ҷузъи дарси забон маҳсуб мегардад. Таҳти ифодаи таҳлили грамматикӣ чунин навъи машқ дар назар дошта мешавад, ки хонандагон ҳангоми иҷрои он падидаи грамматикии муайянро аниқ месозанд ва тавсиф мебахшанд.

Вақтҳои охир оид ба таҳлили грамматикӣ андешаҳои гуногун баён мешаванд. Гурӯҳе таҳлили грамматикиро чандон муҳим намеҳисобад; гӯё он барои забондон гаштани хонанда чандон мусоидат намекарда бошад. Воқеан, агар таҳлил рӯякию бемақсаду беҳадаф ва танҳо барои гузаронидани вақт сурат гирад, он дилбазан гашта, шавқи хонандаро ба дарси забон мекоҳонад. Агар таҳлили грамматикӣ дурусту бамавқеъ ва ба мақсад гузаронида шавад, он тамоми паҳлуҳои кор дар дарси забон, инкишофи нутқ, имло, аломатҳои китобатӣ, меъёрҳои забон ва ғайраҳоро фаро мегирад.

Ҳамин тариқ, таҳлили грамматикӣ яке аз усулҳои арзишманди таълим буда, моҳияти онро ба таври умумӣ ва мухтасар метавон чунин тавзеҳ бахшид:

. Таҳлили грамматикӣ барои аниқ сохтану хуб дарк кардани маводи грамматикии дар айни замон ва қаблан омӯхта ба хонандагон ёрӣ мерасонад, ва ба воситаи он хонандагон оид ба сохтори нутқу забон тасаввуроти лозима пайдо мекунанд;

. Ба туфайли таҳлили грамматикӣ хонандагон маводи назарявии аз забон омӯхтаашонро дар амал татбиқ менамоянд;

. Таҳлили грамматикӣ барои рушди қобилияти таҳлилгарии хонандагон, малакаи фарқ кардани падидаҳои гуногуни забонӣ, шинохти шаклҳои гуногуни калима, сохтори қолабҳои наҳвии нутқ ва ғайраҳо мусоидат менамояд;

. Рушду фаъолнокӣ ва тафаккури мустақилонаи хонандагонро таъмин месозад;

. Воситаи хубест барои таҳкими дониши хонандагон, зеро он барои такрор кардани маводи омӯхта шароит муҳайё месозад.

Моҳияти педагогӣ ва методии таҳлили грамматикӣ чун усули таълим он аст, ки малакаи хонандагонро дар аниқ донистану шинохти падидаи грамматикӣ такмил дода, вақтро сарфа мекунад, навъҳои гуногуни машқро пешниҳод менамояд, ки имкони аз якрангии кор даст кашиданро муҳайё месозад, муносибати тафриқавиро бо синф ва гурӯҳҳои ҷудогона таъмин месозад, вобаста ба омодагии хонандагон барои онон имкони супоришҳои инфиродӣ пешниҳод мегардад, омӯзгор метавонад ҳамзамон бо якчанд гурӯҳ кор кунад, имконияти васеъ барои мустақилона кор кардани хонандагон муҳайё мегардад.

Барои он ки таҳлили грамматикӣ муассир шавад, яъне натиҷаи дилхоҳ диҳад, бояд чун ҷузъи таркибии дарси забон ба ҳисоб гирифта шавад. Он навъҳои гуногун дорад ва омӯзгор метавонад дар лаҳзаҳои гуногун: дар оғози дарс ба мақсади робита бо маводи гузашта, ҳангоми шарҳу баёни мавзӯи нав (дар лаҳзаи мувофиқ), зимни санҷиши супориши хонагӣ ва дар дарсҳои корҳои санҷишӣ мавриди истифода қарор диҳад.

Дар дастурҳои методию китобҳои дарсии зикршуда намунаҳои таҳлили фонетикӣ (ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ) дар маҷмӯъ дуруст омадааст. Дар баъзе нуктаҳо гуногунандешӣ ҳаст, вале тартиби яксонро пешниҳод кардаанд. Айни чунин намунаи таҳлилҳои фонетикӣ дар дастурҳои методию китобҳои дарсии забони русӣ омадаанд.

Вале як нукта баҳсангез аст, ки баъзе муаллифон байни мактаби миёнаю факултаҳои филологии мактабҳои олӣ фарқ нагузоштаанд. Ин аст, ки дар баъзе китобҳо тавсифи умумии садоноку ҳамсадоҳо пурра оварда шудааст. Мактаб танҳо барои факултаҳои филологияи мактабҳои олӣ шогирд омода намесозад. Аз ин лиҳоз, зинаҳои таҳсилотро ба инобат гирифта, ҳудуди тамоми навъҳои таҳлили грамматикиро бояд мушаххас сохт. Ин амал, аз як тараф, имкон медиҳад, ки бо назардошти он хонандагон ба озмунҳо омода гарданд, аз тарафи дигар, ҳудудгузорӣ, баҳодиҳӣ ё ба истилоҳи роиҷи имрӯза арзёбии дониши хонандагонро барои омӯзгорон ва ҳакамон муҳайё мегардонад. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунем, ки зимни таҳлили фонетикӣ нуктаҳои зерин низ дар мадди назар дошта шаванд: калима аз чанд ҳиҷо иборат аст (ҳиҷои кушода ва баста), ҷойи зада дар калима, овозҳои садонок (дароз ва кӯтоҳ) ҳамсадо (ҷарангдор ё беҷаранг), миқдори овоз ва ҳарф, дар калима зимни талаффузи ҳодисаҳои фонетикӣ мушоҳида шаванд.

 

Зеварой БОЕВА,

омӯзгори мактаби №74,

ноҳияи Рӯдакӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш