Нашрияи Омӯзгор

Нақши дарсҳои тарбиявӣ

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 10        Шарҳ: 0

 

Дар тарбияи ахлоқии хонандагон гузарондани машғулиятҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои гуногуни беруназсинфӣ нақши бузург мебозад. Маҳз аз синфҳои ибтидоӣ шурӯъ карда, хонандагонро бояд дар рӯҳияи арзишҳои волои маънавӣ ва ормонҳои миллӣ тарбият кард. Дар синфҳои 1 (баъди нимсола), 2 хонандагонро бояд бо мафҳумҳои «хушбахтӣ», «озодӣ», «истиқлолият», «сулҳ», «ваҳдат», «якпорчагӣ» ва амсоли инҳо шинос намуда, мазмуну ғояи онҳоро тавзеҳ бахшидан зарур аст. Дар синфҳои 3-4 хонандагон бо моҳияти вожаҳои «Пешво»  «давлати дунявӣ», «мондагор» ва ғайра бояд ошно гарданд. Омӯзиши мавзӯъҳои ба даст омадани истиқлолият, ҷангу кашмакашҳои дохилӣ, ободкорию созандагӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, хидмати бузурги Президент мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки доираи фаҳмишу дарк ва ҷаҳонбинии хонандагон васеъ гардида, дар ниҳоди онҳо эҳсоси ватанпарварӣ ва арзишҳои миллӣ такомулу тақвият ёбад. Омӯзгорон  (роҳбарони синф) дар маҳфилу чорабиниҳои беруназсинфӣ низ метавонанд бо муҳокимаю таҳлили мавзӯъҳои гуногун ба рушди зеҳнии хонандагон мусоидат намоянд. Аз ҷумла, дар хусуси моҳияти таърихии соҳибистиқлолии кишвар ҳарф зада, тавзеҳ бояд дод, ки ҳалқи тоҷик бо шарофати ин неъмати нодиру бебаҳо имкон ёфт, ки аз гузаштаи пурифтихори худ, қаҳрамонону муборизаи онҳо бар зидди аҷнабиён ва сохти давлатдории қадимаи тоҷикон, аз қабили Сосониён, Саффориён, Тоҳириён ва Сомониён огаҳии комил пайдо кунад. Ҳарчанд миллати тоҷик тайи солҳои дароз (зиёда аз 900 сол) дар зери тобеияти сулолаю давлатҳои бегона қарор дошт, лекин забону фарҳанги худро нигоҳ дошт ва он аз байн нарафт. Имрӯз Тоҷикистон ба марҳалаҳои нави созандагию бунёдкорӣ ворид гардида, ҳамасола муассисаҳои зиёди таълимӣ тандурустӣ, фарҳангӣ ва корхонаю коргоҳҳои саноатӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Роҳҳои мошингард таҷдиду азнавсозӣ гардида, нақбҳои зиёде бунёд шуданд. Бузургтарин воқеаи аср сохтмони НБО- Роғун маҳсуб меёбад, ки боиси аз буҳрони энергетикӣ баромадани кишвар гашт.

Дар дарсҳои тарбиявӣ хусусиятҳои умда ва ҷузъиёти ин равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба таври муфассал ва дақиқ ба хонандагон бояд фаҳмондаву тавзеҳ дода шавад.

 

Хайриниссо ОҚУЛБЕКОВА,

омӯзгори мактаби №100,

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш