Нашрияи Омӯзгор

Роҳат дурахшон бод, Комила!

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 41        Шарҳ: 0

 

Комила Исроилова, хонандаи  синфи 2-и гимназияи хусусии «Тоҷикистон» аст ва бо шавқу рағбати зиёд пайваста дар масири омӯзиш қарор дорад. Ин  духтараки чеҳрагарми хандонрӯ  бо забони русӣ озодона суҳбат менамояду шеърҳои зиёдро азхуд кардааст. Вай  шеърҳои ватандӯстонаро бо маҳорати баланд қироат менамояд, ки ин  аз хотираи қавиаш шаҳодат медиҳад.  Ба забономӯзӣ таваҷҷуҳи махсус  дорад ва мекӯшад, ки забони англисиро ба зудӣ биомӯзад.  Дар дарсҳо бо тайёрии ҷиддӣ ҳозир мешавад ва супоришҳои омӯзгоронро сари вақт иҷро мекунад. Омӯзгорону устодони ин таълимгоҳ ба дониши ӯ баҳои баланд дода,  таъкид намуданд, ки дарсҳоро ба таври ҷиддӣ тайёр мекунад, лаёқату малакаи  хуби омӯзишӣ дорад. Комила  аҳамияти донистани забонҳои хориҷиро хуб дарк кардааст, ки албатта, дар ин муҳити оила низ таъсиргузор аст. 

Дарвоқеъ, ба масъалаи забономӯзии  кӯдакону наврасон дар зинаи аввали таҳсил таваҷҷуҳ бояд кард, зеро дар ин давра омӯхтан, ба  таъбире «нақш бар санг гузоштан» аст. Комила дар хона бо дастгирии модар мустақилона калимаю таркибҳои забони англисиро меомӯзад, маънои онҳоро аз луғатҳо меёбад. Ба тарзи талаффузи калимаҳои ин забон диққати беш дода, ҳамвора талаффузи дурусти вожаҳоро машқ мекунад.

Саъю кӯшиш ва донишомӯзии Комиларо ба мушоҳида гирифта, ба ояндаи дурахшони ӯ метавон эътимод кард.

О. НАСРИДДИН,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш