Нашрияи Омӯзгор

Иродату саодати Мавҷуда

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 32        Шарҳ: 0

 

Кӯдакистони  №6-и  шаҳри Роғун солҳои  тӯлонӣ рӯи   таъмиру азнавсозиро надида, вайрону хароб буд. Барои  таъмиру азнавсозии кӯдакистони мазкур ҳукумати шаҳри  Роғун зиёда аз шаш ҳазор сомонӣ ҷудо кард, аммо ин маблағ нокифоя буд.

Масъулини кӯдакистон (сарвараш Мавҷуда Муслимова) тавассути  кумаки падару модарони тарбиятгирандагон дар арафаи  таҷлили  29-умин солгарди  Истиқлоли  давлатии  Тоҷикистон  боғчаро пурра аз таъмир бароварданд. Дар муассиса зиёда аз 70 нафар кӯдак тарбия мегиранд, ки  ба онҳо мураббиҳо дар шаш гурӯҳ машғулият мегузаронанд.

Гирду атрофи боғчаро гулҳои  рангоранг оро дода, ба ҳусни  он  ҳусни  нав зам  мекунанд. Дар кӯдакистон барои  тарбиятгирандагон тамоми   шароитҳо  муҳайё карда шуда, ба онҳо се вақт хӯроки  гарм  дода мешавад. Мавҷуда Муслимова соли  панҷум аст, ки  вазифаи  мудирии кӯдакистони №6-ро  ба зимма дорад. Волидайн аз хизматрасонӣ ва тарбияи фарзандонашон аз сарвари  муассиса ва мурабби омӯзгорон миннатдоранд.

Мавҷуда Муслимова пас аз хатми  ДДОТ ба номи  С.Айнӣ ҳафт сол омӯзгорӣ кард. Сипас, ташкилотчигии  ӯро ба назар гирифта, сарвари  боғчаи  №6 таъйин намуданд.

Хизматҳои Мавҷуда Муслимова бо мукофотҳо қадрдонӣ  шудааст.

 

Ҳокими САФАР,

шаҳри Роғун


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш