Нашрияи Омӯзгор

Соҳибмаърифат

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 24        Шарҳ: 0

 

Омӯзгори бомаърифат Нигорахон Алиева бо меҳру муҳаббати хосса ба шогирдон илм меомӯзад. Муаллима аз соли 2005 дар мактаби №2-и ба номи А. Лоҳутии шаҳри Исфара ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, аз соли 2012 инҷониб дар вазифаи муовини директор оид ба таълими синфҳои ибтидоӣ фаъолият дорад.

Омӯзгори серғайрату бомасъулият ва нисбат ба шогирдон серталаб аст Нигорахон Алиева. Ҳар як дақиқаи дарсро пурсамар истифода бурда, шогирдонро ба дӯстию рафоқат ва донишандӯзию накукорӣ ҳидоят мекунад. Теъдоди зиёди шогирдонаш дар озмунҳои шаҳрию минтақавӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ба даст овардаанд. Нигорахон Алиеваро метавон ҳамчун як зани бомаърифат, хушсухан, фурӯтану хоксор, донандаи касби хеш муаррифӣ кард. Ҳамин меҳрубонӣ, назокат, латофат ва иффати ин бонуи хушмуомила мебошад, ки ҳамагон - хурду бузург барояш эҳтиром қоиланд ва самимона ҳурматашро ба ҷо меоранд. Ӯ баробари омӯзгор будан дар оила модари меҳрубони фарзандон мебошад. Онҳоро насиҳат мекунад, ки дар роҳи зиндагӣ дақиқкор бошанд, ба иҷрои амалҳои нек, ба анҷоми корҳои арзишманд ташвиқашон мекунад...

Парвина ҲАЛИМҶОНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №2-и шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш