Нашрияи Омӯзгор

Қонуни забон

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 25        Шарҳ: 0

 

Садои занги телефон пинаки сарвари мактабро халалдор кард. Ӯ ҳаросон гӯширо бардошта, паиҳам «лаббай, лаббай» гуфт. Мудири шуъбаи маориф фармон медод:

-  Ба татбиқи Қонуни забон диққат диҳед. Ба наздикӣ дастаи махсуси вазорат аз ин ҷиҳат кори мактабҳои ноҳияамонро месанҷад. Амалатонро, беҳтараш, аз мураттабсозии нақшаи махсус оғоз намоед. Корро кашол надода, дар ду-се рӯз Қонуни забонро дар амал татбиқ кунеду монед...

Сарвари мактаб баробари гӯширо гузоштан саросемавор аз ғалладони мизаш чанд варақеро гирифта, чизе навиштан хост, аммо ҳарчанд зӯр мезад, ҳеҷ илҳомаш намеомад. Котибаро фармуд, то чои талх оварад. Чой ҳам мадад накард. Бо амри ӯ котиба ҷонишинашро даъват кард. Сарвари мактаб ҷонишинашро аз воқеа огоҳ намуд ва ҳар ду ба фикр ғӯтавар гаштанд. “Шаҳбозҳо”то нисфи шаб ҳамкорӣ намуда, ниҳоят нақшаи татбиқи Қонуни забонро дар мактаб мураттаб сохтанд ва як нусхаи онро худи ҳамон шаб ба девори мактаб овехта, гӯё поракӯҳи азимеро талқон карда ва ё қуллаи осмонбӯсеро фатҳ намуда бошанд, як чуқур «уф-ф-ф» гуфта, сипас  хушҳолона ҳамдигарро сахт ба оғӯш гирифтанд, чун бозингарони аз майдон ғолиб баромада. Инак, нақшаи мазкур:

Пилани мероприятиҳо барои иҷрои Қонуни забон:

1. Бо гапи адабӣ абиспечит кардани ҳамаи маълимои мактаб.

2. Виговор додан ба онҳое, ки забони тоҷикиро бо забонҳои дигар аралаш мекунанд. 

3. Гузаронидани пиразники забон ва дигар мероприятиҳо.

4. Пастаяни зӯр ва чотка гузаронидани дарсҳои забон ва адабиёт.

5. Дар теппи дари мактаб овехтани лозунги «Саломи шуълавар ба Қонуни забони тоҷикӣ!»

6.  Културни римонт кардани кабинети забон ва адабиёт.  

7. Бо кино, нагладной пособия абиспечит кардани маълимони забону адабиёт.          

8. Буровардани расписани барои дарсҳои дапалнителни аз забону адабиёт.

9. Бо китобҳои тоҷикӣ пур кардани полкаҳои библиотекаи мактаб.

10. Бо учёбникҳои забону адабиёт абеспечит кардани хонандагони ҳамаи классҳо.

11. Аз ҳисоби учаскаи таҷрибавии мактаб чудо кардани 50 бандӣ алаф ба говҳои маълимони забону адабиёт.

12. Буровардани газиту фотомантажҳо, уголокҳо дар таърифи забону адабиёт ва Қонуни забон.

13. Гузаронидани субботник бо мақсади думчамонӣ ба ҳарфҳои х, ч, г ва к-и варақаҳои чопи мошинкаи мактаб.         

14. Ҳар саҳар гузаронидани питиминутка бо маълимони забону адабиёт.

15. Кантарол аз балои беашибка будани ҳамаи дакументои мактаб.

Директори мактаб: Джамол Норкаллаюф.

Абдурауф МУРОДӢ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш