Нашрияи Омӯзгор

Лутфи устод Бозор Собир

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 30        Шарҳ: 0

Назди худашон баред

Баъди анҷоми шаби эҷодии Бозор Собир дӯстдорони китобҳояш хостанд соядаст  гиранд. Шахсе «Шоҳнома»-и Фирдавсиро наздаш гузошт.

Устод гуфт:

- Назди Фирдавсӣ бар.

Шеър бошад, на хасу хошок

Навқаламе назди устод якчанд шеъри навиштаашро гузошт. Устод чанде хонду гуфт:

- Бачем, пеши ман шеър биёр, на хасу хошок.

Пул дода ислоҳ кунед

Бо устод Бозор ба мағозае даромадем. Чашмаш ба овезаҳои мағоза афтиду ба фурӯшанда гуфт:

- Ҳама навиштаҳо пур аз ғалат.

Фурӯшанда посух дод:

- Ака, ман пул додам, навиштанд.

- Акнун пул дода ислоҳ кунед.   

Ҳар сол як зан мегирад

Боре устод Бозор дар тӯйи як рафиқаш даврагардонӣ мекард. 

Ҳангоми суханронӣ гуфт:

- Зарифзода марди бузург аст, бузургии асосиаш он аст, ки зуд-зуд зан мегираду ба ин баҳона дӯстонашро зиёфат медиҳад.

Рӯдаҳоят хушк шудагӣ

Сари дастархон устод дар нон равған ва ҳасиб гузошта ба ман дароз кард.

Гуфтам:

- Равған дорад, намехӯрам.

- Гир, хӯр, луқмаи равғанӣ аз кори  равғанӣ камтар нест, - гуфт устод.

Қурбони Ҷомӣ,

ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш