Нашрияи Омӯзгор

Таърих сабақи ватандорист

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 17        Шарҳ: 0

 

Тамоми фанҳое, ки барои омӯзиш ба барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ворид карда шудаанд, зарурианд ва барои маълумоти комил гирифтани хонандагон, вусъатёбии маърифату маънавияти онҳо нақши муҳим мебозанд.

Омӯзиши фанҳои гуногун насли наврасро ба ҳаёти мустақилона, ба хизмати шоиста ба халқу Ватан ва барои рӯзгори пурсамар ба сар бурдан омода мекунад. Дар ин росто, омӯзиши фанни таърих низ ба аҳамияти махсус молик буда, дар тарбияи маънавии шогирдон неруи тавоност. Таърих муҳимтарин василаи таҳкимбахши ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллии хонандагон мебошад. Таърих саропо дарси ибрат аст, маҷмӯи ҳодисаву воқеаҳоест, ки моҳияти баланди тарбиявӣ доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки ба омӯзиши таърихи миллат таваҷҷуҳи махсус доранд ва муаллифи якчанд асару китоб оид ба таърихи тоҷикон мебошанд, зимни суханрониашон ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ, аз ҷумла, чунин иброз доштанд: «Муҳаббат ба Ватани маҳбуб  аз донистани таърихи пурифтихор ва гузаштаи ибратомӯзи миллат сарчашма мегирад». Дарвоқеъ, чун шахс таърихро амиқ меомӯзад, аз гузаштаҳои воқеабори миллат, аз корномаи ниёгони барӯманд огаҳӣ дармеёбад ва алоқамандиаш, муҳаббаташ, самимияташ нисбат ба Ватан дучанд меафзояд. Донишманди бузург Алфред Розенберг гуфтааст: «Ҳар кас ки таърихро медонад, ҳам дар гузашта зиндагӣ мекунад ва ҳам дар ҳозира». Яъне, таърих роҳнамост, ибратомӯз асту хазинаи маърифатро ғанӣ месозад ва одамонро соҳибхирад менамояд.

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) Сарвари кишвар боз ҳам ба таърихи миллат ва омӯзиши он руҷӯъ намуда, таъкид карданд: «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».

Вобаста ба ин гуфтаҳои ҳикматбори худ Пешвои миллат ба иқдоме даст заданд, ки беназир асту сатҳи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад ва ибтикори бесобиқаест нисбат ба халқи азизи худу маърифату маънавияти он. Сардори давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад. Чанде пеш воситаҳои ахбори омма иттилоъ доданд, ки чопи ин асари барҷаста оғоз ёфтааст ва аз охири моҳи сентябр ба аҳолӣ дастрас намудани он шурӯъ мешавад. Бояд гуфт, ки «Тоҷикон», воқеан ҳам, барҷастатарин асар оид ба таърихи миллати фархундаи мо мебошад ва хеле фарогиру пурмуҳтавост. Ғояи асосии ин шоҳасар ифтихори миллӣ ва ватандӯстист. «Тоҷикон» шоҳиди рӯзгорони бостониву пурвоқеа ва муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик дар арсаи таърих мебошад. Дар ҳар хонадон вуҷуд доштани он худ рамзи эҳтиром ба миллат, ба ниёгон ва ба илму маърифат эътироф мешавад. Аҳли кишвар «Тоҷикон»-ро бо муҳаббат ва самимият рӯи даст мегиранд, варақ мезананд, мутолиа мекунанд ва ифтихор мекунанд, ки намояндаи чунин миллати сарфарозу мубориз ва сулҳпарвару ваҳдатофар мебошанд.

Дар баробари огаҳӣ аз муҳтавои китоби «Тоҷикон» ҳар фарди миллат бояд дар бораи муаллифи он, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров маълумот дошта бошад ва донад, ки ин абармарди таърихнигор дар чӣ шароите ва бо чӣ ҳадафҳои наҷибе ин шоҳасари хешро офаридаву тақдими ҷаҳониён кардааст.

«Тоҷикон» оинаи тамомнамои таърихи миллати фархундаи мост ва ҳамбаста ба омилҳои дигар мо, омӯзгорон, бар он бояд бикӯшем, ки шогирдонамон ба ин асари бузург чун ба яке аз муқаддасоти миллат муроҷиат намоянд, онро бо эҳтиром рӯи даст гиранд ва бо роҳнамоию тавзеҳоти устодон марҳила ба марҳила мутолиа бикунанд. Дар ин сурат муҳаббату иштиёқи онҳо ба фанни таърих боз ҳам меафзояд.

Султон ИССОЕВ,

омӯзгори таърихи

литсейи ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш