Нашрияи Омӯзгор

Ҳодисаи муҳими ҳаёти кишвар

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 57        Шарҳ: 0

 

Дар тамоми гӯшаю канори кишварамон тайёрӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми октябр доир мегардад, ҷараён дорад.

Мардуми сарбаланди кишвар барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ин маъракаи сиёсӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Дар ин интихобот ҳазорон нафар ҷавонон, ки бори аввал ҳуқуқи иштирокро пайдо намудаанд, ширкат хоҳанд варзид. Аҳзоби сиёсӣ номзадҳои худро ба интихобот пешбарӣ намуда, маъракаи тарғиботиро оғоз кардаанд. Баҳри муаррифии номзадҳо ва пешниҳоди барномаи пешазинтихоботиашон бо интихобкунандагон, тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки интихобот шакли муҳими изҳори иродаи халқ буда, давлат барои шароити зарурӣ фароҳам овардан ба тамоми номзадҳо ва таъмини иштироки фаъолонаи мардум вазифадор мебошад. Барои иштироки фаъолонаи мардум фазои орому осуда ва майдони рақобати солим шарти зарурист. Айни ҳол, ҳамин фазо ва шароит аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин гардидааст ва қарор аст, ки интихобот бо риояи тамоми меъёрҳои муқарраршуда ва фазои озоду демократӣ ҷараён мегирад. Мутаассифона, дар ин миён ҳизбу ҳаракатҳое вуҷуд доранд, ки бо ҳар роҳу восита ва бо мақсадҳои муайян мехоҳанд фазои сиёсии пеш аз интихоботиро дар кишвар ба шакли дигар нишон диҳанд. Онҳо бо таҳрифи вазъият талош доранд, ки мардумро бовар кунонанд, ки интихобот дар Тоҷикистон ғайридемократӣ ва ношаффоф аст. Мақсади асосии ҳизбу гурӯҳҳо, ки тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият доранд, фақат як чиз аст: халалдор намудани фазои ором ва тақвияти эҳсоси дилсардӣ дар ниҳоди мардум. Мардуми огаҳ ба тарғиботи ғаразноки ин қабил гурӯҳҳо бовар намекунанд ва ба онҳо посухи муносиб медиҳанд, аммо баъзе мардуми ноогоҳ ба моҳияти пучи гуфтаҳои онҳо эътимод меварзанд.

Амали ин қабил гурӯҳҳо натанҳо латма задан ба обрӯйи кишвари Тоҷикистон ва роҳи ғайриқонунии рақобати сиёсӣ аст, балки ин омилро беэҳтиромӣ ба иродаи халқ низ метавон номид. Зеро мардум дар интихобот иродаи худро изҳор медорад ва ҳар гуна фаъолияте, ки ба ин амал монеагузорӣ мекунад, хиёнат аст. Мо бовар дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз амали ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба хубӣ огаҳ ҳастанд ва ба тарғиботи ғаразолудаи онҳо бовар намекунанд. Раванди интихобот дар Тоҷикистон бо қонуну аснод муайян гардида, заминаҳои меъёрӣ - ҳуқуқии он устувор мебошанд.

 

Тоҷиддин

ЗАЙНИДДИНОВ,

омӯзгори мактаби №3,

 шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш