Нашрияи Омӯзгор

Кафолати фардои дурахшони кишвар

Сана: 2020-09-30        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

 

Интихобот дар қатори масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсии ҷомеа  ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамояд.

Маҳз ба воситаи интихобот шаҳрвандон аз ҳуқуқи конститутсионии худ пурра истифода мекунанд.

Интихобот ягона механизмест, ки тавассути он шахс, ҳамчунин, имконият пайдо мекунад, ки мустақилона, ба воситаи овоздиҳӣ мавқеи худро муайян намояд. Масалан, нигоҳ доштан ё иваз кардани парламент, ҳукумат, тағйир додани раванди сиёсии давлат ва ғайра. Интихобот дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳамчун падидаи муҳими фаъолияти шахсӣ ба шумор рафта, он ба институтҳои гуногун ва дараҷаи идоракунии парламент, президент, мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ таъсири амиқ мерасонад.

Дар натиҷаи гузаронидани интихоботҳои демократӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ҳал карда мешаванд. Дар давраи интихобот шаҳрвандон имконият пайдо мекунанд, ки мақсадҳои худро амалӣ намоянд. Дар натиҷаи интихобот парламент ҳамчун институти пурқуввати назораткунанда ташаккул меёбад. Бо роҳандозии интихобот муттаҳидшавии гурӯҳҳои калони одамон дар атрофи платформаи ягонаи сиёсӣ ба амал меояд.

Ҳамчунин,   дар натиҷаи интихоботи сиёсӣ, ки аз ҷониби шаҳрвандон анҷом дода мешавад,  натиҷа ва рафти кори  парламент, ҳукумат, президент заминаи қонунӣ пайдо мекунанд, чунки ин раванд фаъолияти бевоситаи шаҳрвандон ба воситаи интихобот мебошад.  Дар натиҷа интихобот воситаи муҳими алоқаи байни шаҳрвандону ҳокимият мегардад. Асоси  қонуни конститутсоние, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони худ муҳайё намудааст, имконият медиҳад, ки  шаҳрвандон ҳуқуқи интихоботии худро самаранок истифода намуда барои номзад ва ҳизби арзандаи худ овоз диҳанд. Зеро овози додаи шаҳрвандон метавонад сарнавишти имрӯз ва ояндаи миллату давлатро муайян намояд. Бинобар ин, аз ҳар шахс дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, худогоҳию ҳушёрӣ талаб карда мешавад.

 

Манучеҳр ҶӮРАЕВ,

устоди кафедраи умумидонишгоҳии  сиёсатшиносии ДДХ

ба номи академик Б. Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш