Нашрияи Омӯзгор

Биё, то қадри якдигар бидонем!

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

 

Яке аз ситораҳои тобноки адабиёти маъруфу пурғановати тоҷик Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддин Балхӣ (ҳамчунин, машҳур бо номҳои Мавлавӣ ва Мавлавии Румӣ) эътироф шудааст. Ин шоири беназиру тавоно бо ашъори шӯрангезаш дар саросари ҷаҳон номвар гардидаву садсолаҳост, ки ҳаводорони каломи бадеъ осорашро батакрор мехонанду фазои ҷаҳони маънавиашонро муаттар месозанд.

Ашъори Ҷалолиддини Балхӣ дарёи пурталотумеро мемонад, ки дар қаър дурдонаҳои зиёде дорад. Ин шоири шӯридадил аз худ мероси гаронбаҳою басо пурмазмун боқӣ гузоштаст, ки ҳам ба назм ва ҳам ба наср гуфта шудааст. Шуҳрати ҷаҳонии Мавлоноро асарҳои барҷастаи ӯ «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Кабир» (ғазалиёту қасидаву рубоиҳо) боис гардидаанд.

«Маснавии маънавӣ» барҳақ аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон эътироф шудааст ва асарест, ки бандубасти комил, образу ғояҳои ҷолиб ва мазмуни рамзиву ҳикматбор дорад. Дар ин асар афкори ирфониву тасаввуфӣ, фалсафию иҷтимоӣ ва таълимию тарбиявии Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳам омадаанд. «Маснавии маънавӣ» аз шаш дафтар таркиб ёфтааст.

«Девони Кабир» бо номи «Девони Шамси Табрезӣ» низ маъруф аст ва асосан аз ғазалиёти шоир фароҳам омадааст. Ғазалҳои шоир равону самимӣ, пуробурангу дилрас, нишотбахшу андарзборанд ва сабки зебою лаҳни гӯшнавоз доранд. Эҳсос мешавад, ки ғазалро Мавлоно бо замзама эҷод мекунад, суханаш сеҳргари дилҳост ва давраҳоро шукӯҳманд менамояд, ҳамагонро мафтун месозад.

Дар эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ дар шумори мавзӯъҳои зиёд мавзӯи панду ҳикмат мавқеи барҷаста дорад. Ба таври маълум, ин мавзӯъ дар адабиёти классикии тоҷик доираи васеи истифода пайдо намудааст ва ба анъанаи адабӣ табдил ёфтааст. Мавлонои Рум ин анъанаи наҷибро бо рангу бори тоза, бо диди нав ва бо сабки хосае идома бахшидааст. Андарзи Мавлоно дилчаспу хушлаҳн, мақбулу асосманд ва самимиятбунёд аст, зуд писанди хонанда мешаваду ба мафкурааш таъсири нек мегузорад. Ба далели ин гуфтаҳо чанде аз байтҳои маънирезу пурандарзи шоирро иқтибос меоварем. Байти зерини Мавлоно хеле машҳур аст:

Биё, то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.

Ин ҳикмати шоир мардумонро ба ваҳдату якдилӣ, дӯстиву рафоқат ва ғанимат донистани умру якдигарро эҳтиром кардан даъват менамояд ва як навъ ҳамоҳангӣ дорад бо шоҳбайти Саъдии бузургвор: «Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд».

Байти дигар:

Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой,

Зи ҳар ҷониб, ки хоҳӣ, дар миён ой.

Хушкирдору хушрафтор будан, ҳадди худро донистану аз доираи одоб берун нарафтан ва пайванд бар ин, озодаву осуда будану бидуни хавфу хатаре ба ҳар кӯй қадам ниҳодан меҳвари маънии байти болост.

Дар байти зерин шоири рӯзгордидаву таҷрибаандӯхта одамонро ба фаъолиятмандӣ, кӯшоиву серҳаракатӣ ва ҳамеша дар тапишу ҷидду ҷаҳд будан даъват менамояд, ки ин маънии ҳикмати «Аз ту ҳаракат, аз ман баракат»-ро ёд меоварад:

Андар ҳаракат ниҳон рӯзист,

Гар муҳташамеду гар фақиред.

Ашхоси зоҳирпарасту зоҳирбин ва сабукрафторро Мавлоно ҳушдор медиҳад, ки ботиннигар бошанд. Ба сирати худ бештар эътибор диҳанд. Мафтуну пойбасти зоҳир шудану ба сурат худро оростан амалест номатлуб ва зиёновар:

Ҳама хавф одамиро аз дарун аст,

Валекин ҳуши ӯ доим бурун аст.

Мавзӯи садоқат ва дӯстиву рафоқат дар эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ мавқеи барҷаста дорад. Шоир маънии ҳастиро дар ҳамбастагию ҳамдилӣ медонад ва даъват мекунад, ки дар зиндагӣ дасти ҳам бигирем. Ба ҳам ғамхору мададгор бошем. Ҳамеша бо дӯстон будану бо онҳо қадам ниҳодан рӯшании роҳи худро таъмин кардану дар амният будан аст:

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест.

Ин байти шоир низ хеле ҳикматбор мебошад:

Пас, ду чашми равшан, ай соҳибназар,

Мар туро сад модар асту сад падар.

Чашми равшанбин доштан, яъне баҳушу батадбир будан, моҳияти ашё, ҳодисаву воқеаҳоро сарфаҳм рафтан ва низ ба қадри солимию тансиҳатӣ расидан барои ҳар як инсон бағоят муҳим аст. «Ҳеҷ кас ҷуз ту дастгири ту нест», - мегӯянд. Чашми равшанбин аз падару модар бештар ба кас мададгору раҳнамост. Аз ин рӯ, ба қадри он бояд расид, онро равшантар бояд кард.

Ин байт ҳам ҳамбаста бо воқеият ва бунёдӣ гуфта шудааст:

Чун зи чоҳе мекашӣ ҳар рӯз хок,

Оқибат андаррасӣ дар оби пок.

Воқеан ҳам, заҳматро поён роҳат аст. Меҳнатдӯсту даст андар кор бояд буд ва аз танбалӣ канорагирӣ бояд кард. «Ба манзил расад, ҳар кӣ пӯянда аст», - гуфтаанд. Касе, ки устувору ғайратманд ва заҳматписанд аст, оқибат ба кӯи мурод мерасад, комёб мешавад. Ҳаргиз набояд рӯҳафтода шуду ба ноумедӣ дар дил роҳ дод. Ҳамеша дар назар бояд дошт, ки «Поёни шаби сияҳ сафед аст».

Тарғиби илму дониш низ дар ашъори Мавлонои Рум зиёд ба мушоҳида мерасад. Шоир мартабаи илмро баланд медонад ва онро ба ҷон баробар мехонад:

Хотами мулки Сулаймон аст илм,

Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Бояд пайваста илм омӯхту неруи худро бо илм афзун кард. Илм боиси хушбахтиву сарватмандии инсонҳост. Бузургтарин сарват илм аст.

Андарзномаи Ҷалолиддини Балхӣ бавусъату фарогиру муассир буда, аҳамияти барҷастаро молик аст ва садсолаҳо боз дар тарбияи комили инсонҳо нақши сазовор мегузорад. Мавлоно кӯшидааст, ки ҳикмату пандаш заминӣ, бунёдӣ, корагар бошад, забони андарзномаи ӯ низ дилчаспу саҳеҳу равон асту касро мафтун мекунад. Андарзномаи ин шоири барҷастаи тоҷикон ҷовидонист, мактаби бузурги тарбия мебошад. Хусусияти муҳим ва моҳияти инсонсозонаи ҳикмати Мавлоноро амиқ дарк намуда, шоири бузурги миллат, устод Лоиқ бо ихлосу эътимод гуфтааст: «Ало, девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт!»

Сабоҳат АБДУЛЛОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №37-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш