Нашрияи Омӯзгор

Бозӣ – рушдбахши қобилияти кӯдакон

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 28        Шарҳ: 0

 

Ташаккули шахсияти кӯдаки синни томактабӣ раванди бисёрзина ва хеле мураккаб мебошад, ки дар он бисёр омилҳо нақш доранд. Дар инкишофи зеҳнӣ ва ташаккули шахсияти кӯдак маҳз тарбия ва таълим нақши асосӣ мебозанд.

Барои кӯдак бозӣ, муошират бо калонсолону ҳамсолон, гузаронидани озмоиш, кор бо ашё, мусаввирӣ, нутқ, меҳнат ва худхизматрасонӣ омилҳои муҳими инкишоф мебошанд.

Барои инкишофи қоби-лияти кӯдак муҳим аст, ки фаъолият мароқангез бошад, дар кӯдак ҳаяҷонҳои мусбиро ба вуҷуд оварад ва ба пайдоиши талаботи маърифатӣ дар ӯ боис гардад. Ин фаъолияти тартибдиҳӣ ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти тартибдиҳӣ барои кӯдакони синни томактабӣ аҳамияти зиёд дорад, қобилияти эҷодкории онҳоро инкишоф дода, малакаю маҳорати сохтанро тарбия намуда, кӯдакро ба олами калонсолон ворид менамояд.

Машғулияти тартибдиҳии бозичаҳои сохтмонӣ яке аз намудҳои фаъолияти амалӣ ба шумор меравад, чунки барои ҳосил намудани ашёи муайян равона карда шудааст. Дар раванди истифодаи бозичаҳои пластмасии сохтмонӣ ё маводди табиӣ дар кӯдакон завқи бадеӣ инкишоф меёбад, ки он барои инкишофи қобилияти зебоипарастӣ асос мебошад.

Дар раванди истифодаи маводи табиӣ кӯдакони синни томактабӣ бо шакл, ранг, ҳаҷми онҳо шинос шуда, оид ба аломат, сифату хусусият ва нишонаҳои умумию фарқкунандаи мавод маълумоти зарурӣ дармеёбанд.

Истифодаи ашё ва маводи табиӣ дар раванди бозӣ - машғулиятҳо кӯдаконро ба фаъолияти ояндаи меҳнатӣ амалан омода намуда, кӯшиши ба мақсад расидан, қобилияти бартараф намудани душвориҳоро ташаккул медиҳад, инчунин, барои инкишофи тарбияи сенсорӣ заминаи созгор фароҳам меорад.

Ҳангоми омӯзонидани маҳорату малакаҳои бозиҳои сохтмонӣ мураббӣ бояд чунин роҳу усулҳои таъсиррасониро интихоб намояд, ки шавқу рағбати кӯдаконро бедор намуда, фаъолнокии онҳоро таъмин созад.

Усулҳои омӯзонидани тартибдиҳӣ ва меҳнати дастӣ вобаста ба синну сол, шавқу ҳавас ва лаёқату қобилияти эҷодии кӯдакон интихоб карда мешаванд.

Методҳои зерин барои омӯзонидани тартибдиҳӣ ва меҳнати дастӣ тавсия мешаванд: нишон додани тарзи иҷрои амалҳои тартибдиҳӣ, ҷобаҷогузорӣ ва ба ҳам пайвастани қисмҳои конструксия; фаҳмонидани тарзи иҷрои амалҳои тартибдиҳӣ; намоиш додани мусаввараҳо, тарҳҳо (лоиҳа) аз китобҳо ё намунаи кори мураббӣ. Вобаста ба вазифаҳои пешниҳодгардида мураббӣ метавонад бо истифода аз усулҳои гуногуни бозиҳои сохтмонӣ машғулиятро шавқовар гузаронад.

Вазифаҳои тартибдиҳӣ дар кӯдакони 3-4-сола чунин муқаррар гардидааст; такмил додани маҳорати тартибдиҳӣ, нишон додани фарқ кардан, номбар намудан ва истифода бурдани ҷузъҳои асосии маводди сохтмонӣ (чоркунҷа-кубикҳо, хиштчаҳо, пластина, силиндр, призмаҳои сетарафа), тартиб додани сохтмончаҳои нав (роҳ, ҷангал, пулча); ба вуҷуд овардани эҳсоси шодӣ дар мавриди ба натиҷаи дилхоҳ ноил шудан; бо ду роҳ тағйир додани  кори сохтмон: ҷузъҳоро бо дигарашон иваз намудан ё онҳоро ба баландӣ, дарозӣ гузоштан (манорачаи пасту баланд, қатораи кӯтоҳу дароз)…

Фаъолияти тартибдиҳии кӯдакони синни томактабӣ бо истифодаи маводдҳои гуногун инкишофи қобилияти эҷодкориро суръат бахшида, барои тавлиди фикру ақидаи нав шароити мусоид фароҳам меоварад. Ҷалб намудани кӯдакон ба истифодаи маводди гуногуни тартибдиҳӣ барои инкишоф додани вазифаи аз ҳама асосӣ - эҷодкорӣ равона мегардад.

 

Зарофа ҶОНОНОВА,

мураббии кӯдакистони №127-и  ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш