Нашрияи Омӯзгор

Инкишофи нутқ муҳим аст

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 48        Шарҳ: 0

 

Аз мақсаду вазифаи таълими забони тоҷикӣ бармеояд, ки инкишофи нутқи шифоҳию хаттии хонандагон ва маҳорату малакаи онҳо дар ин самт муҳим ба шумор меравад. Танҳо дар дарсҳои забони тоҷикӣ масъалаҳои инкишофи нутқ мақсаднок, бо низоми муайян, бо такя ба донишҳои лингвистӣ ва маҳорату малакаи забонии хонандагон амалӣ мегардад.

Барои инкишофи нутқи хонандагон, пеш аз ҳама, омӯзгор бояд наврасонро ба хондани китобҳои бадеӣ водор намояд, ки дар замони муосир, яъне, замони рушди техникаи иттилоотӣ ба ин ҳадаф расидан каме душвор аст. Дар ин самт омӯзгор бояд худ намуна гашта, китобҳои шавқовари хондаашро ба бачаҳо нақл кунад ва ба ин васила шавқи китобхониро дар онҳо бедор намояд. Ба хонандагоне, ки бо техникаи иттилоотӣ сарукор доранд, китобҳои беҳтаринро аз китобхонаи электронӣ тавсия карда, истифодаи оқилонаи интернетро таъкид намояд. Ба хонандагони дигар супориш диҳад, ки аз китобхона китоби дилхоҳашонро гирифта мутолиа карда, пас аз як моҳ дар озмуни «Китобхони беҳтарин» иштирок намоянд. Омӯзгор бо онҳо суҳбат ороста, беҳтаринҳоро бо Ифтихорномаву туҳфаҳо сарфароз гардонад.

Ман ин амалро бо хонандагони синфҳои 5, 6, 7 ҳусни оғоз бахшида, дар дили онҳо меҳри китобхониро бедор намудам. Хонандагоне, ки китоби бадеӣ мехонанд, ҷаҳонбиниашон васеъ гашта, нутқи худро равону возеҳ баён карда метавонанд.

Усули дигар истифодаи варақаҳои ранга аст, ки ҳангоми саволу ҷавоби тестӣ бамаврид аст. Омӯзгор бо як савол дониши ҳар як хонандаро дар як вақт фаҳмида хонандаи сустхонро муайян менамояд. Вай пеш аз он ки саволи тес-тиро хонад, варақаҳои сабз, зард, сурх (ба ҳар як хонанда 3-тоӣ) дода хоҳиш мекунад, ки ба ҷавоби «А» варақаи сурх, ба ҷавоби «Б» зард ва ба ҷавоби «В» сабзро ва ё дар варақаҳо ҳарфҳои мувофиқро навишта бардоранд.

Омӯзгор бо хонандаи варақаи нодурустро бардошта, ҷавоби дурустро дар якҷоягӣ бо хонандагон ба ӯ мефаҳмонад.

Дар синфи 6-ум ҳангоми таълими мавзӯи «Хуб чисту бад чист?» дар ин самт чунин кор бурдан мумкин аст: ба хонандагон қаблан супориш дода мешавад, ки доир ба ин мавзӯъ ҳикоятҳо, шеърҳо, расмҳо, саҳнача, варақаҳои ранга, (варақаҳои калиманавиштае, ки ифодакунандаи ахлоқи хуб ё бад бошанд) омода намоянд. Варақаҳои калимадор бояд дар ними формати А4 бо ҳарфҳои калон навишта шаванд: АДОЛАТ, ХОМӮШӢ, САБР, РОСТӢ, ҲАЁ, БОВАРӢ, САХОВАТ ва ғайра. Хонанда варақаро гирифта, барои худ хонда, худи калимаро намегӯяд, муродифҳои онро гуфта, аз дигар хонандаҳо хоҳиш мекунад, ки калимаро ёбанд.

Муаллим китобҳо, маҷал-лаҳои бачагона, расмҳои омоданамудаи хонандагон, аёнияти бо диаграммаи ВЕНН нишондодашудаи одоби хуб ва бад, варақаҳои калиманавиштае, ки ифодакунандаи ахлоқи хуб ё бад бошанд, проектор, слайд ва наворҳои ба мавзӯъ мувофиқро омода менамояд.

Дарс пас аз риояи одоби муошират бо лаҳзаи шеърият, ки дар он ровии синф муайян мешавад, (дар тахта дарҷ меёбад) оғоз меёбад. Омӯзгор барои ангезиши зеҳн ба гурӯҳҳо варақаҳоеро, ки гуфторҳо аз бузургонро дорад, тақсим менамояд. Хонандагон гуфторҳоро хонда, маънидод карда, хислатеро, ки сухан дар бораи он меравад, муайян карда, дар «Т-нақша» дар тахтаи синф (хислати хубро ба «+» ва бадро ба «-») инъикос менамоянд.

Сипас, бо истифодаи усули «Чархи ақидаҳо» барои навиштани хислатҳо ба хонандагон варақ дода мешавад. Ин варақ дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ истифода мешавад.

Дар баёни мавзӯъ омӯзгор дар бораи ахлоқи ҳамида ва разила тавассути аёният ба хонандагон маълумот дода, онҳоро ба меҳрубонӣ, поксириштиву накукорӣ, росткорӣ, сабру тоқат, шарму ҳаё, эҳсону қаноат, бахшандагиву ботадбирӣ, вафодориву садоқат, ватандӯстиву адолат, ҳадду эътидол ва ғайра ҳидоят менамояд.

Хонандагон саҳнаи омоданамудаашонро нишон дода, ё слайд ва наворҳоро дида, муҳокима намуда, симоҳои хуб ва бадро муайян менамоянд.

Дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ омӯзгор варақеро, ки бо усули «Чархи ақидаҳо» аз тарафи хонандагон пур шуда буд, гирифта, хислатҳои хуб ва бадро мехонад. Қаблан супориш медиҳад, ки ҳангоми хондани хислатҳо хонандагон ба ахлоқи хуб варақаи сафед ва ба ахлоқи бад варақаи сиёҳро бардоранд.

Ҳамин тавр, омӯзгори босалоҳият ва хушсалиқа метавонад усулҳои анъанавӣ, муосир ва усулҳои махсуси худро оид ба инкишофи нутқ мақсаднок истифода барад. Ин имкон медиҳад, ки на танҳо тафаккур, мушоҳидакорӣ, муносибати эҳтиёткорона ва андешамандонаи хонандагон ба забони модарӣ инкишоф ёбад, балки он дар рушди ҳаматарафаи нутқу маданияти насли наврас мусоидат намояд.

 

Бунафша ИЗЗАТУЛЛОЕВА,

омӯзгори гимназияи №1-и

ноҳияи Ашт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш