Нашрияи Омӯзгор

 Китобро дӯст бояд дошт

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 13        Шарҳ: 0

 

Аксар ҳангом мо аз он изҳори ташвиш мекунем, ки чаро насли наврас ва ҷавонон ба китоб кам рӯ меоранд, доираи мутолиаи онҳо маҳдуд аст. Аммо боре ба худ суол намедиҳем, ки кадом омилҳо сабабгори каммутолиагии хонандагон мегардад.

Пеш аз ҳама, бояд ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ мувофиқ ба синну солашон асарҳои бадеиро барои мутолиа тавсия намуд. Нахуст мафҳуму масоилеро, ки ба марҳалаҳои синнусолӣ бобати мутолиаю омӯзиши асарҳои бадеӣ вобастагии амиқ дорад, донистан шарт мебошад. Хусусияти адабиёт барои мактаббачагони хурдсол дар он зоҳир меёбад, ки тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳоро инкишоф медиҳад. Сюжети зудтағйирёбанда, саргузаштҳои аҷоибу ғароиб, ки тавассути матнҳои диалогӣ пешниҳод мешаванд, мазмуни асосии адабиёти кӯдаконаро ташкил медиҳанд. Таъйиноти синнусолӣ меъёри асосии адабиёти бачагонаро ба ду давра: давраи хурдсолӣ ва давраи наврасӣ ҷудо мекунанд. Дар ин зинаҳо ба хонандагон аз ҷониби устодону омӯзгорон барои мутолиа бештар бояд осоре пешниҳод гардад, ки афсонаву ривоят бошад. Ба хонандагони синфҳои 1-4 тавсия намудани осори ривоятӣ, афсонаҳо ва китобҳои адибони тоҷику ҷаҳон вобаста ба зинаи ибтидоии таҳсилот зарур аст. Мусаллам аст, ки асарҳои бадеии бачагона аз рӯйи жанрҳо тасниф карда мешаванд. Асарҳои бадеӣ аз ҷиҳати шакли таълиф ва муҳтаво манзум ва мансур мешаванд. Мутолиаи китобҳои афсонаю ҳикоя дар синфҳои ибтидоӣ хонандагонро барои омӯзиши асарҳои нисбатан калонҳаҷм дар зинаи дуюми таҳсилот омода месозад. Дар синфҳои 5-9 ба хонандагон асарҳои бадеие пешниҳод мегарданд, ки дорои сюжети мураккабтар ва образу қаҳрамонони зиёде мебошанд. Дар баробари асарҳои адибони тоҷик, ҳамчунин, асарҳои адибони ҷаҳонро метавонанд мутолиа кунанд. Баҳри  бештару хубтар фаро гирифтани  хонандагон ба мутолиаи осори бадеӣ нақши китобдор, роҳбарони синфҳо, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва забону адабиёти тоҷик муассиру судманд маҳсуб меёбад. Роҳбарони синф бояд моҳият ва нақши барҷастаи китоб (умуман, осори бадеӣ)-ро бо роҳу воситаҳои гуногун муаррифӣ ва тарғиб намоянд. Тарғиби китоб аз синфхона оғоз меёбад. Муаллифони китоби «Маводи омӯзишӣ барои китобдорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» хеле дақиқу равшан тавзеҳ додаанд, ки дар синфҳои поёнӣ интихоби китоби мувофиқ барои кӯдакони навомӯз, ҳамчунин, барои синфҳои 3-4, қоидаи «панҷ ангушт», китобҳои осонфаҳм, мувофиқ ба синну сол, китобҳои нисбатан душворфаҳм ва душворфаҳм асосӣ ба шумор меравад. Василаи дигари ба мутолиа ҷалб намудани хонандагон, аз ҳамкории байни мактаб, оила ва ҷомеа вобастагии амиқ дорад. Маҳз ҳамин робита дар ташаккули малакаҳои хониши хонандагон нақши калон бозида, ҷиҳати тарбия намудани шавқу ҳаваси хонандагон ба китобу китобхонӣ мусоидати ҷиддӣ мерасонад. Ташкилу гузарондани хониши беруназсинфӣ дар синфҳои ибтидоӣ, роҳандозии чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, намоиши китоб дар синфҳои ибтидоӣ ва вохӯрӣ бо шоиру нависандагон баҳри баланд бардоштани савияи донишу ҷаҳонбинӣ ва маънавияти хонандагон такони ҷиддӣ мебахшад.

Сарвиноз САЪДИЕВА,

омӯзгори синфҳои

ибтидоии мактаби №63, ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш