Нашрияи Омӯзгор

Парвози баланд

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 14        Шарҳ: 0

 

Лампаи рӯимизӣ коғазҳои паҳну парешон ва китобу дафтарҳоро равшан менамуд. Муаллим қалам дар даст нақшаи дарси шашсоатаи фанни химияро омода месохт.

Муаллим лаҳзае сар байни дас-тон дошту ором гирифт. Давраҳои мактабхониҳои худро ба хотир овард. Устодаш, шодравон Аҳадҷон Қодиров ҳар замон мегуфт: «аз ту як чӣ мебарояд, бача!». Имрӯз воқеан ҳам, ин гап рост баромада. Зеро сарфи назар аз он ки муаллим ба нафақа баромадааст, қариб ҳамарӯза суроғаш менамоянд. Ин аст, ки барояш синфхонаи алоҳидаеро аз ҳудуди мактаби рақами 2 ҷудо намудаанд. Ин ҷо муаллим ба шогирдон аз фанни химия дарс мегӯяд. Сари ҳар формулаву муаммои химиявӣ аз дастурҳои методӣ истифода мебарад.

Мансурҷон Музаффаров фаъолияти хешро соли 1972 дар мактаби рақами 17 - и ноҳияи Ашт оғоз намуд. Дар ҳама ҳолат насиҳати устодаш Аҳадҷон Қодиров сарманшаи кори ӯ ҳаст, ки гуфта буд: «Хонандагонро таълим додан ҳатмист. Барои ин дониши кофӣ ва омӯзиши пайвас-та зарур аст. Тарбияро мураббии боғча ҳам дода метавонад. Вале таълим додан рисолати омӯзгор аст. Ин рисолатро бояд содиқона иҷро намуд». Муаллим Мансурҷон Музаффаров бори чунин рисолат бар дӯш мардона гом мезанад. Аз соли 1980 то соли 2011 ба ҳайси ҷонишини директори мактаби мазкур фаъолият дошт. Қобилияти хуби омӯзгорӣ барояш роҳро ба пайроҳаи васеътари таълиму тадрис кушод. Моҳи сентябри соли 2011 сарварии литсейи №2 - и шаҳраки Шайдонро ба зиммааш гузоштанд.

***

Он субҳ Мансурҷон Музаффаров пиёда озими дабистон гардид. Раҳораҳ андеша мекард, ки агар рӯзҳои нахустини ба литсей омаданаш сафи хатмкардагони ба мактаби олӣ дохилшуда 66 фоизро ташкил диҳад, тӯли 4 соли роҳбарияш дар ин муассисаи бонуфуз ин рақам ба 92 фоиз расид. Солҳои аввали роҳбарӣ сафи барои таҳсил ба хориҷа сафаркардагон 2 нафарро ташкил медод. Имрӯз он ба 32 нафар расидааст. Тариқи квотаи Президентӣ танҳо 1 ё 2 нафар хонандаи литсей номи пуршарафи донишҷӯиро мегирифтанд. Имрӯз, хушбахтона, 21 дастпарвари литсей тариқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шудаанд. Муаллим шукрона мекунад.

Ба андешаи ӯ, омӯзгори асил бо рафтору гуфтор ва кирдори накуи хеш бояд намунаи ибрати шогирдон бошад. Ӯ байни ҳамагон он вақт соҳибэҳтиром мегардад, ки аз маҳсули заҳматаш шогирди ватандӯст ва босавод ба камол расад.

Омӯзгор Мансурҷон Музаффаров аз қабили чунин омӯзгорон аст.

***

Садои турнаҳои дар само боли парвоз кушода диққати муаллимро беихтиёр сӯйи худ кашид. Муддате сар боло намуд ва то аз назар ғоиб шудани онҳо дида дӯхт ба самову ба турнаҳо. Мушоҳида кард, ки чӣ гуна турначаҳои хурд ҳам аз қафои турнабузургон метохтанд.

- Салом, муаллим! - диққати ӯро ба худ кашид садои ошное. Муаллим пешорӯяш корманди соҳаи тиб Наргис Орифоваро дид. Оне, ки соле қабл духтараш назди муаллим таълими иловагӣ гирифта, аз имтиҳони дохилшавӣ ба муассисаи олии тиббӣ холи гузаришро соҳиб гардида буд.

- Ваалейкум ассалом!

- Муаллимҷон, шумо чӣ хел? Корҳоятон хубанд?

- Раҳмат, аз шумо пурсем. Духтари ман чӣ хел? Таҳсилаш хуб аст?

- Ба шарофати таълими шумо бисёр хуб, муаллим. Ба шумо салом мефиристад. Илоҳо, ҳамеша саломат бошеду фарзандони моро раҳнамо.

- Ташаккур. Мо вазифаамонро иҷро кардем, - хоксорӣ намуд муаллим.

- На ҳама вазифаи худро содиқона иҷро мекунанд, муаллимҷон,- ҳозирҷавобӣ намуд Наргис. - Канӣ, ба хона марҳамат кунед!

- Дафъаи дигар. Ба духтарам ҳатман саломи маро расонед!

- Хуб, саломат бошед!

Муаллим боз сар боло намуд. Турнаҳо кайҳо аз назарҳо ғоиб шудаанд. Онҳо ба кишварҳои гарм парида рафтанд. Амсоли шогирдони муаллим, ки аз як марзи кӯчак парвоз ба дуриҳои дур намуда.

 

Фарангис МАМАДҶОНОВА,

ноҳияи Ашт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш