Нашрияи Омӯзгор

Кӯдакистони “Кабӯтар” ифтитоҳ ёфт

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 16        Шарҳ: 0

18 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳр бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони хусусии “Кабӯтар”-ро барои 250 нафар кӯдак дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қаблан дар ҳудуди маҳаллаи мазкур чунин кӯдакистони замонавӣ мавҷуд набуд.

Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, 11 синфхонаи барҳавои таълимӣ, ошхона, толори алоҳида барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию варзиши сабук ва утоқҳои корӣ иборат мебошад.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити синфхонаҳои таълимӣ ва дигар инфрасохтори бинои нави кӯдакистон, ки дорои таҷҳизоту лавозимоти муосир мебошад, шинос шуда, бо кӯдакони хуштолеи даврони истиқлол, ки имрӯз дар заминаи татбиқи иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат соҳиби чунин бинои муосири таълимӣ шуданд, суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Кӯдакистони хусусии “Кабӯтар” дар маркази шаҳри Ҳисор дар доираи иқдомҳои маорифпарваронаи Президенти мамлакат ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи бомароми “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ” аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Акрам Саидов ва Абдураззоқ Саидов бунёд гардида, дар заминаи муҳайё сохтани шароити мусоид 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар ин ҷо ба ҳар як хонанда, ки дар маросими ифтитоҳи бинои нави кӯдакистон иштирок намуданд, аз номи Пешвои миллат шириниҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Таълимгирандагони ин даргоҳ ба Пешвои миллат, ки пайваста барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия тадбирҳои бетаъхирро амалӣ менамоянд, изҳори миннатдорӣ карданд.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароиту имконоти мавҷудаи синфхонаҳои барҳаво, хобгоҳ ва толору утоқҳои корӣ ҷиҳати дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли ояндасози мамлакат дар шароити мусоид, беҳтар сохтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инкишофи зеҳнии кӯдакон, забондонӣ ва дигар самтҳои муҳиму мавриди таваҷҷуҳ ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Синфхонаи мусиқӣ, утоқҳои корию тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, мизу курсӣ, ҷевонҳои либоснигоҳдорӣ ва ашёву лавозимоти зарурӣ таъмин мебошад.

Дар ин ҷо барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагони аз 1,5 - сола то 6- сола мураббиёни ботаҷрибаи соҳимаълумот ҷалб карда шуда, таҳсил дар ду баст бо 3 забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

President.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш