Нашрияи Омӯзгор

Тақдими туҳфа ба 40 нафар ятим

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 24        Шарҳ: 0

 

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат”-ро, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Дилшод Раҳматуллоев бо дастгирӣ ва маслиҳати падараш дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 40 нафар ятимон, 17 нафар духтар ва 23 нафар писар, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар ятим мондаанд, суҳбату мулоқоти самимимона анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили сару либоси мактабӣ, либосҳои зимистона, шириниҳо ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд, ки боиси шодиву нишоти онҳо гардид.  

Мутобиқи маълумот, шумораи ятимону бепарасторон дар ноҳияи Зафаробод 218 нафарро ташкил намуда, аз ин 12 нафар ятими кулл мебошанд ва ҳамаашон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсилу тарбия фаро гирифта шудаанд.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ин қишри ниёзманди ҷомеа бе пушту паноҳ намемонанд ва давлату Ҳукумати мамлакат ҳамеша баҳри дастгирии онҳо кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳад.

Кӯдакон ваъда доданд, ки дастуру маслиҳатҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти рӯзмарраи худ қарор дода, оянда ҳамчун ватандорони асил ба воя мерасанд ва саҳми худро дар боз ҳам гулгулшукуфон гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузоранд. Зеро онҳо худро дар зери сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ танҳо эҳсос намекунанду пуштибони ҳақиқии худро доранд.

President.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш