Нашрияи Омӯзгор

Зинда бош, эй Ватан!

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 57        Шарҳ: 0

 

Дар Ватани маҳбуби худ зистану фаъолият доштан барои ҳар як шахс ифтихору шарафмандист. Ватан сарвату давлати мо, сари болои мо ва масъулияти мост. Меҳру муҳаббат, садоқату орзуву ормони мо бо Ватан ҳамбаста мебошад.

Ҳамагон арҷгузору ситоишгари Ватанем ва ҳастии худро ба он пайванд медонем. Ҳар хасу хори Ватан, ҳар кунҷу канори он бароямон азизу муқаддас аст. Агар ба забони шоир бигӯем:

Ҳар чӣ бо номи Ватан

пайваста аст,

Баҳри мо бо ҷону тан

пайваста аст.

Дар қатори дигар муқаддасоти Ватан барои мо Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ азиз ва боиси шарафмандӣ мебошад. Аз муҳимтарин муқаддасоти ҳар кишвар Суруди миллӣ ба шумор меравад. Суруди миллӣ, ки дар арсаи ҷаҳон бо номи гимн маъмул аст, таърихи дерин дорад ва муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ханӯз дар Юнони қадим гимнсароӣ анъана будааст. Тадриҷан гимнсароӣ вусъат пайдо карда, ба як омилу нишони давлату давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст. Пас аз Инқилоби Октябр аввалин гимни Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1943 садо дод. То ин сол «Интернатсионал» (гимни байналхалқӣ) чун гимни ИҶШС пазируфта шуд. Пас аз соли 1943 хамаи ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ батадриҷ соҳибгимн гардиданд. Соли 1946 гимни Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки матни он ба қалами А. Лоҳутӣ ва оҳангаш ба бастакор С. Юдаков тааллуқ дошт.

Ба ҳукми таърих 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд ва вобаста ба ин ҳодисаи таърихию пуршараф дар қатори омилҳои дигар зарурати эҷоди Суруди (гимни) миллии давлати тозаистиқлол ба миён омад. Соли 1994 барои иншои матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон гардид. Дар шартҳои эҷоди он таъкид шуда буд, ки Суруди миллӣ бояд чун анъана  тантанавӣ бошад, орзуву ормонҳои волои халқро ифода намояд, Ватани азиз, бародарию баробарӣ ва ҳамдилию дӯстиро ситоиш бикунад. Ба кумитаи ташкили озмун 114 матни суруд пешниҳод шуд. Пас аз баррасию таҳлилу мубоҳисаҳои бардавом, ниҳоят, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сентябри соли 1994 Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар матни Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва оҳанги С. Юдаков тасдиқ намуд ва ҳамин тавр, Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби боз як рамзи муҳимми давлатӣ-Суруди миллӣ гардид, ки аз се банду нақарот иборат буда, банди аввалаш чунин садо медиҳад:

Диёри арҷманди мо,

Ба бахти мо сари азизи ту

баланд бод,

Саодати ту, давлати ту

бегазанд бод.

Зи дурии замонаҳо расидаем,

Ба зери парчами ту саф

кашидаем, кашидаем.

Нақароти Суруди миллӣ ифодагари таманниёти олитарини тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад:

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Хеле самимию мутантан садо медиҳад ва хоҳиши дили тамоми сокинони мамлакатро ифода мекунад ин байти Суруди миллӣ.

Инак, 26 сол боз Суруди миллӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол садо медиҳаду дилҳоро пурфараҳ месозад, ифтихори миллии ҳамагонро дучанд менамояд.

Дар тамоми таълимгоҳҳои Ватанамон низ ҳар субҳ Суруди миллӣ садо медиҳад ва аз оғози рӯзи нави аҳли кишвар, алалхусус, кӯдакону наврасон паём мерасонад. Бо кӯшишу ибтикори мо, омӯзгорон, бояд ҳар як хонанда Суруди миллиро азёд донаду аз таърих, мазмун ва аҳамияту моҳияти он огоҳӣ дошта бошад.

Ҳамчунин, маълумот доштани шогирдони мо дар бораи муаллифи Суруди миллӣ, устоди равоншод Гулназар ҳатмист. Шоири тавоно худ хеле хуб гуфтааст:

Эй халқи азизи ман, саломат

бошӣ,

Парвардаи номусу шарофат

бошӣ.

Аз ҷон гуфтам Суруди миллии

туро,

То ҷӯр ба ҳам  бошию миллат

бошӣ.

Гулнора АМИНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш