Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгоре аз Намадгут

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 37        Шарҳ: 0

 

Одинамамад Мирзоев баъди хатми мактаби миёна, соли 1957 ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, соли 1962 донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кард ва солҳои 1962-1969 дар мактаби миёнаи №21, ки дар маркази ноҳия воқеъ гаштааст, ҳамчун омузгори химия ва биология, мудири қисми илмӣ ва директори мактаб фаъолият намуд.

Аз соли 1980 то моҳи октябри соли 1986 ва аз соли 1993 то соли 2010 дар мактаби миёнаи №18, деҳаи Намадгут ҳамчун омӯзгори химия ва биология заҳмат кашидааст. Инак, баъди 43 соли собиқаи кориам дар соҳаи маориф, самимона изҳор менамоям, ки омӯзгореро тавонотар ва моҳиртар аз ӯ дар самти сабку шеваи тадрис нашинохтаам.

Якрангӣ дар фаъолияташ вуҷуд надошт. Дарси имрӯзааш аз фардо ва дарси фардояш аз минбаъдааш беҳтар мегузашт. Ин омӯзгори фидокор  хонандагони сустхонро низ барои омӯзиш тавре шавқманд менамуд, ки тафовути зеҳнию дарккунӣ дар байни хонандагони синф аз байн  мерафт. Дарсҳояш бо усули ҳикояи рӯҳбахшу аҷиб, маънидор ва пуpэҳсоси ҳодисаҳои химиявӣ гузашта, гоҳҳо афсонаро эҷод мекард, ки «қаҳрамонҳои он» унсурҳои химиявӣ буда, гоҳ тавассути хонандагон саҳначаеро намоиш медод, ки муҳтавои он ғалаёни «моддаҳои химиявӣ буд. Дар аксар маврид вазъияти проблемавиро ба миён гузошта, хонандагонро ба дараҷаи баланди фаъолнокӣ мерасонид. Барои омӯзгоре, ки устоди кори хеш аст, иҷрои вазифаҳои дилхоҳ мушкиле ба бор намеорад.

Моҳи ноябри соли 2005 бо ташаббус ва роҳбарии Одинамамад Мирзоев, ки он замон вазифаи раиси деҳаро иҷро мекард, маҷлиси аҳли деҳа баргузор мегардад, ки дар он масъалаи таъсис додани осорхонаи таърихию кишваршиносӣ мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Аҳли деҳа тасмим гирифтанд, ки дар шафати қалъаи бос-тонии Қаҳқаҳа ва барои мазори Шоҳимардон осорхонаи таърихию кишваршиносӣ «Шоҳимардон» таъсис дода шавад. Бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва таҳти роҳбарии устод Одинамамад Мирзоев, мардуми деҳаи Намадгут, мактабҳои ҷамоати Ишкошим ва дигар шахсон ин  осорхона таъсис ёфта, муҷаҳҳаз шуд ва роҳбарии он ба уҳдаи устод гузошта шуд. Ин осорхона дар як муддат шуҳрати калонро соҳиб гашта, диққати сайёҳон, муаррихон ва олимонро ба худ ҷалб кард. Аз имконияти мавҷуда  истифода бурда, Одинамамад Мирзоев ба омӯзиш ва тадқиқоти таърихи маҳал шурӯъ кард, зеро ватандӯстӣ аз эҳтироми зодгоҳ ва инсондӯстӣ аз эҳтироми волидайн сар мешавад. Шахсе, ки кишвари худро эҳтиром мекунад, одаму оламро низ дӯст медорад. Ӯ амали арзишмандеро ба нияти шинохтану шиносонидан оғоз намуда, пардаро аз чеҳраи асрори таърих кушод. Маҳз ба туфайли тадқиқоту омӯзишҳои дуру дароз соли 2010 китоби ӯ таҳти унвони «Вахон» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромад. Соли 2016 ин китоб дар Пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ -  ховаршиносии Русия аз ҷониби ховаршинос Лола Додихудоева ба забони русӣ тарҷума ва чоп гардид. Дере нагузашта ин китоб шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, дар пурра намудани саҳифаҳои таърихи нокушодаи  миллати бостонии тоҷик саҳмгузор гардид. Сайёҳон ва муаррихони дохиливу хориҷии кишвар ба ин рисолаи пурарзиши таърихӣ мароқи зиёд зоҳир намуда, онро ба гӯшаҳои мухталифи дунё   бурданд.

Устод Одинамамад Мирзоев тадқиқоти таърихиро идома дода, соли 2013 дар нашриёти «Хуҷанд» китоби дигарро ба унвони «Намадгут» чоп кард, ки муҳтавои он аз муаррифӣ намудани ёдгориҳои беназири таърихии деҳа, аз қабили қалъаҳои Қаҳқаҳа, Реҷ, Тӯпхона, катибаю нақшаҳои рӯйи санг, мақбараю, мазорҳо, иншооти таърихии обӣ, ҷангалҳои дорои дарахтони нодир, қадимтарин боғҳо ва ғайраҳо иборат мебошанд.

Расму оини қавми бостон ва ориёитабори Вахон яке аз мавзӯъҳое мебошад, ки дар тадқиқоти О. Мирзоев қарор доранд.

Масъалаи дигаре, ки устод бо он ҷиддӣ машғул буд, аз омӯзиши тадқиқоти набототи дармонбахши маҳал иборат мебошад. Ӯ солҳои тӯлонӣ бо истифода аз таҷрибаи тибби қадим хусусиятҳои шифобахшии растаниҳои шифобахшро омӯхта, аз онҳо тайёр намудани дорувориро амалӣ намуд. Ҳанӯз дар овони Шӯравӣ аввалин шуда, усули аз ангат истеҳсол намудани равғанро татбиқ карда, маҳсулоти тайёрро ба ниёзмандон дастрас менамуд. Солҳои 90-ум бо қарори ҳукумати ноҳия, дар заминаи набототи дармонбахш ва муҳофизати растаниҳои доругӣ корхонаи хурди «Ҳикмат»-ро таъсис дода, ба кор даровард, ки он солҳои тӯлонӣ ба ҷамъоварӣ ва коркарди растаниҳои доруворӣ машғул аст.

Баъд аз  омӯзиши тӯлонӣ ва тадқиқоти зиёд дар самти гиёҳшиносӣ ва тиббӣ мардумӣ, соли 2010  китоби О. Мирзоев ба унвони «Дарду даво» дар нашриёти «Нодир» ва соли 2012 бо ҳаммуаллифӣ бо олим Ширинбек Давлатмамадов китоби «Набототи дармонбахши Бадахшон ва истифодабарии онҳо» дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромад. Соли 2010 китоби дигари Мирзоев таҳти унвони «Фарҳанги набототи шифоӣ» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ лотинӣ,  арабӣ, вахонӣ, ишкошимӣ, шуғнонӣ ва язгуломӣ дар ҳамкорӣ таҳия ва тартиб дода шуда, бо китоби «Набототи Бадахшон ва истифодабарии онҳо» ҳамроҳ карда шуд.

Барои хизматҳои беназираш устод бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Солҳои 2014-2016 ҳамчун муаррих ва фарҳангшинос дар конгресс ва ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ дар Ҷумҳурии Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб (шаҳри Дубай) ва Олмон ширкат намуда, таърих ва фарҳанги тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

 

Қурбонбибӣ Зайдуллоева,

истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш