Нашрияи Омӯзгор

Мавқеи шахс дар таърих

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 28        Шарҳ: 0

 

Афрохтани муҷассамаи Куруши Кабир дар назди бинои навсохти Осорхонаи миллӣ ва кушодани Боғи Куруши Кабир дар шаҳри Душанбе бо иқдоми дурандешонаву хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон такони бузургест дар эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ. Агар ба саҳфаҳои рангину рӯшан, гоҳе тираву норӯшани таърихи миллат бо  диди таҳқиқ нигарем, ин ҳақиқати таърих ва саҳми ориётоҷиконро дар тамаддуни ҷаҳонӣ  пурҷилову мондагор  мебинем.

Кӯчиши марказҳои тамаддуни ориётоҷикон аз модаршаҳрҳои Балхи ҳазоршаҳр ба Истахри Бостон ва аз он ба Тахти сангини Ҷамшеду сипас, ба Самарқанду Бухоро аз он ба Душанбешаҳри нозанин ҳикмате дорад омӯхтанӣ.  Бухорову Самарқанд дар даврони Сомониён ва ҳазор соли баъд маркази илму фарҳанг, тамаддун ва ҳунару шукӯҳи наслҳои ориёӣ  буд. Чуноне мадракҳои таърихӣ, нигоштаҳои таърихнигорони юнонию чинӣ   ва наслҳои баъдӣ  маълумот медиҳанд, ҳамаи шаҳрҳои бунёднамудаи тоҷикон  дар Варорӯду Хуросон ва Шарқи Наздик  асоси равнақ ва риштаи пайванди фарҳангию тиҷорати бехатар дар масири «Шоҳроҳи Абрешим» будаанд. Хушбахтона, Душанбеи азизу ифтихори тоҷикони ҷаҳон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ, махсусан, даврони истиқлолият натанҳо ободу зебо, маркази маданӣ, тиҷоратӣ, балки идомабахши он анъанаи накуи ориёӣ, маркази ҳамоишҳои байналмилалӣ  доир ба ҳалли муаммоҳои умумисайёравию умумиинсонӣ  гардидааст.  Зина-зина расидан ба ормонҳои миллӣ  ва шинохту муаррифии чеҳраҳои намоёни миллат дар арсаи сиёсат, илм, фарҳанг ва дигар арзишҳои умумиинсонӣ  нахустрисолати мардони тамаддунофар аст. Бо иқдоми дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аз ҷашнвораи ҳазораи «Шоҳнома» - и безавол оғоз намуда, то бузургдошти «Тамаддуни Ориёӣ» ва ҷашнвораҳои абармардони арсаи фарҳангу адаб, санъату сиёсат аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ  то Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Имоми Аъзам ва даҳҳои дигар чун Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Деваштичу Куруши Кабир натанҳо дарси бузурги хештаншиносию худогоҳии миллист, ҳамчунон, иқдоми наҷибест дар муаррифии нобиғагони миллат ба ҷаҳониён, то чеҳраи асили миллатро бишносанд. Ҳамаи таърихнигорони олам оғоз аз Геродоту Старбон, Ксенофонту Ктесӣ, Юстину Наршахӣ , Мирхонду Хондамир, Ричард Фрай, Масперо, Шпигел, то Б. Ғафурову Н. Неъматов, Б.А.Тӯраеву А. Турсон ва садҳои дигар вобаста ба шахсият, пайкори мондагору таърихӣ, сиёсӣ  ва ҳуқуқиву давлатдории Куруши Кабир баҳои арзишманд додаанд. Ҳарчанд баъзе таърихнигорони нотавонбин аз гумроҳӣ  барои манфиати сиёсии як давраи муайяни таърихӣ  аз баёни ҳақиқати таърих ҳаросида, лаб ба дурӯғ кушода бошанд ҳам, хуршеди шукӯҳу шаҳомати ин абармарди таърихи инсоният, ки барои тамоми наслҳои аҳли башар паёми баробарӣ, адолат, озодӣ, ҳамзистии осоишта, эътиқоди озод ба адёни миллиро овардааст, тира нагашта, балки нуру ҷалоли он баробари рушди хираду заковати инсонӣ  пурҷилотар гардида, бахусус, дар ин даврони ҳассоси таърихӣ, ки марҳилаи ҷаҳонишавист, боз ҳам рӯшантару нуронитар мегардад.

Душанбе чун яке аз марказҳои навини тамаддуни ориёӣ  ба ҷаҳониён намунаи беҳтарини дарси сулҳофаринӣ дар ҳалли ихтилофоти дохилидавлатӣ, усули хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ  ва эҳёи сулҳу ваҳдати миллиро нишон дода, инсониятро ба ҳалли «Муаммои об» ва истифодаи оқилонаи онро бо дипломатияи «Об дар рушди ҳаёт» раҳнамо гардид. Иқдомгузорӣ дар эҳёи «Шоҳроҳи Абрешим» бозтоби дигари фалсафаи ободкорӣ, аҳли ҳунару тиҷорат, фарҳангу адаби инсонгаро будани наслҳои навини ориёист, ки на танҳо асоси рушду иқтидори Осиё ва ҳамбастагию мувозинат дар минтақа мегардад, балки барои эҳёи робитаҳои таърихии Шарқу Ғарб ва кулли ҷаҳон беҳтарин барномаи санҷидашуда мебошад.  Эмомалӣ  Раҳмон чун эҳёгари арзишҳои ориёии миллат ва бедорсозандаи хотираи таърихии миллат, зиндасозандаи арзишҳои ҳунару фарҳанги миллӣ, муаррифгари чеҳраҳои мондагори миллат ба шумор меравад. Мубориза бо ифротгароӣ  ва даҳҳо муаммоҳои пешорӯӣ  кулли инсоният бо хиради азалии ориёна ба роҳ монда мешавад. Рисолати ободкорию шаҳрофаринӣ, боғу гулгашт, қасру кушк, шоҳроҳу пул, мактабу донишгоҳ, нақбу неругоҳ, китобхонаю осорхона бунёд намудан, инчунин, ёдбуд, бузургдошту қадршиносии кору пайкори абармардони миллат, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, зиндагардонии номҳои таърихии  шаҳру деҳот, дарёву кӯҳҳо ва садҳо ибтикороти дурандешонаи Пешвои миллат шабеҳияти ин ду шахсияти таърихӣ  ва назаркардаи Яздонӣ  аст. Сиёсати давлатии дарҳои боз, ҷаҳонӣ намудани Наврӯз, чакан, эҳёи «Шашмақом», «Фалак»,  ва чаҳор пешниҳоди сатҳи ҷаҳонӣ  дар мавзӯи «Об барои рушди устувор» -и Сарвари кишвари мо  нишонаи дигари ҳамсонии ӯ бо Куруши Кабир ва «Эъломияи ҳуқуқи башар» - и он мебошад, ки тадқиқоти густурдатареро хоҳон аст.

Аминҷон Зарифӣ,

сардори шуъбаи таълими  коллеҷи политехникии

ноҳияи Зафаробод,

Аҳрор Нодирпур, 

омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш