Нашрияи Омӯзгор

Саразм ва фарҳанги кулолгарии тоҷик

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 53        Шарҳ: 0

 

Абдуллоҷон Исҳоқов, муҳаққиқ ва таърихшиноси тоҷик, соли 1977 бо кашфиёти Саразми бостонӣ тавонист исбот кунад, ки миллати тоҷик аз қадим дорои урфу одатҳои миллӣ буда, анъанаҳои ба худ хос дошт.

Ин шаҳраки қадима дар водии Зарафшон, анқтараш дар наздикии шаҳрҳои Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир мебошад. Тамаддуни Саразм наздики 1500 сол идома ёфта, марҳилаи рушду нумӯи он ба давраи охири энеолит ва ибтидои асри биринҷи ҳазорсолаи IV-III пеш аз мелод рост меояд, ки аз рӯйи хулосаҳои илмӣ дар заминаи тадқиқоти тӯлонии олимони дохилию хориҷӣ маълум шудааст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон оғоз гардидааст.

Машғулияти асосии сокинони Саразми бостонӣ чорводорӣ, кишоварзӣ, шикор, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ ба ҳисоб мерафт. Абдуллоҷон Исҳоқов дар бораи ҳунармандӣ ва аз кишоварзию чорводорӣ ҷудо шудани он дар Саразм гуфтааст, ки “ҳунармандӣ дар охири ҳазорсолаи IV пеш аз мелод аз кишоварзию чорводорӣ ҷудо шуда, ба касби алоҳидаи гурӯҳи одамон табдил ёфт.

Ҳунари кулолгарӣ яке аз бахшҳои фаъолияти ҳунармандони саразмиҳо ба ҳисоб мерафт. Кулолгарон аз хокҳои рангашон зард ва сурх лой омода намуда, аз он зарфҳои сафолиро, ба монанди коса, дег, хумҳои барои гирифтани ғалладонагиҳо ва дигар зарфҳои барои рӯзгор заруриро месохтанд. Дар асрҳои пешин дар Саразм бештар занҳо ба кулолгарӣ машғул мешуданд ва мардҳо ба корҳои вазнинтари зиндагӣ: чорводорӣ, зироаткорӣ, шикор ва нигоҳубини оила машғул буданд.

Ба сабаби он ки дар асрҳои пешин чархҳои кулолгарӣ вуҷуд надошт, занҳо танҳо бо қувваи даст зарфҳоро месохтанд. Маҳз дар ҳазорсолаи IV пеш аз мелод бо сабаби зиёд гардидани талаботи одамон ба зарфҳои гуногун, ҳунармандӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ ҷудо гардида, ба соҳаи мустақил табдил ёфт. Дар ин давра занҳо аз уҳдаи зиёд истеҳсол кардани зарфҳо намебаромаданд, аз ин рӯ, ки мардҳо низ ба кори кулолгарӣ машғул мешуданд. Дар ҳазорсолаи III пеш аз мелод, яъне дар асри биринҷӣ барои кулолгарони Саразм ихтироъ гардидани чархи кулолгарӣ имконияти васеъро фароҳам овард, ки он ҳунари кулолгариро рушд бахшида, зарфҳои нисбатан хушсохтро истеҳсол намуда, дар рӯи онҳо ҳар гуна нақшҳоро, ба монанди мавҷи об, нақши салиб ва ғайраҳо тасвир карда, ба ҳар гуна рангҳо оро медоданд, ки он намуди зоҳирии зарфҳоро зеботар мегардонид.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи ҷустуҷӯйҳои бостоншиносон аз Саразми Бостонӣ зиёда аз 200 намуди олоти мисӣ пайдо шудааст, ки онҳо аз 15 намуди олоти истеҳсолию рӯзгории саразмиён иборат буд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сокинони Саразм аз ҳазорсолаи IV пеш аз мелод сар карда, ба ғайр аз гил барои сохтани асбобҳои рӯзғор маъдунгузориро низ омӯхта, аз худ карда, аз мис олотҳои аввалиндараҷа ва аз ҳама зарурӣ барои зиндагии худро сохтанд.

Саразмро метавон шаҳри металлургҳо низ номид. Зеро аз ин минтақаи таърихӣ кӯраҳои маъдангузорию қолабҳои рехтагиро, ки дар танаи онҳо омехтагиҳои мису биринҷ ба назар мерасид, пайдо карда шуданд, ки ҳар кадоми онҳо то ҳарорати 1800С0 дараҷа тобоварданд. Ин дастгоҳҳо муайян мекунанд, ки кулолгарони Саразм зарфҳои сохтаи худро дар ҳарорати 600-800С0 мепухтаанд.

Мутахассисони соҳаи маъданшиносии қадим Б.А. Литвинский, Е.Н. Черних, В.А. Рузанов ва дигарон дар асарҳои илмияшон қайд намудаанд, ки кӯраҳои аз лойи хом сохташуда танҳо ба гудохтани маъдан истифода бурда намешудааст. Дар онҳо гудохтани маъданҳои дигар, ба монанди тилло ва нуқра истифода бурда мешудаанд.

Дар натиҷаи иштироки устодони факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳафриёти ёдгории Саразм дар баробари дигар бозёфтҳо, ба монанди сафолпораҳо, сангҳои коркардшуда, аз ҳама бозёфти ҷолиби диққат аз қабати 3-юми Саразм як санги аз фирӯза тайёркардашуда пайдо гардид. Пайдо шудани санги фирӯза аз он шаҳодат медод, ки соҳаи ҳунармандӣ дар Саразм ба дараҷаи олӣ тараққӣ карда будааст. Абдуллоҷон Исҳоқов ҳамчун кошифи Саразм қайд намудааст, ки дар Саразм ҳунармандӣ, аз ҷумла, заргарӣ хеле ривоҷ ёфта буд ва саразмиён 33 намуди марҷону шаъба ва бозубандҳоро месохтанд ва аз ҷумла, аз ақиқи сурхи ҷигарӣ 9 адад намуди марҷон, 6 адад лоҷувардӣ, 7 адад фирузагӣ дар натиҷаи ҳафриёт дарёфт гардидаанд.

Маҳз кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз 21 сентябри соли 2000 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Саразми бостонӣ мақоми ҳуқуқии “Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ” дода шуда, аз 31 августи соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО Саразм ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ дохил карда шуд. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ аз 2-юми майи соли 2019 таҳти №195 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он 12-уми сентябри соли 2020 таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо даъвати меҳмонону олимони шинохтаи хориҷӣ баргузор мегардад.

К. КАРИМОВ,

М. ЁРОВА,

М. ВОҲИДОВА,

омӯзгорони мактаби №10,

шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш