Нашрияи Омӯзгор

Шуҳратафзои диёри куҳанбунёд

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 90        Шарҳ: 0

 

Аҳли хираду аҳли таҳқиқ борҳо изҳор доштаанд, ки олами мо хеле қадимӣ буда, миллиардҳо сол пеш аз ин арзи ҳастӣ кардаасту то ба имрӯз розҳои фаровон ва гиреҳҳои нокушодаи зиёд дорад.

Таърихи ташаккули тамаддуни ҷаҳон садсолаҳо боз таваҷҷуҳи олимонро ба худ ҷалб менамояд ва дар ин замина то ба имрӯз корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Дар ифшосозии розҳои таърихи ҷаҳон бозёфтҳои бостоншиносон, ҳафриётгарони варзида нақши муҳим мебозанд.

Солиёни зиёдест, ки дар як қатор маҳалҳои маъруфи дунё ҳафриёти бостоншиносон идома дораду кашфиёти нав ба нав ба вуқӯъ мепайванданд. Чунончи, дар саросари олам ҳафриёте, ки дар Мундикати Афғонистон, Яҳётеппаи Эрон, Меҳанҷодори Ҳиндустон ва чанде аз мавзеъҳои Юнону Арабистон амалӣ карда шуданд, ғулғулаафкан гардиданд. Аҳли таҳқиқ бар он назаранд, ки бозёфтҳо аз мавзеъҳои мазкур ба охири ҳазораи чорум ва ибтидои ҳазораи сеюми то милод мутааллиқанд. Саразми бостонии мо-тоҷикон низ ҳамсинни мавзеъҳои таърихии мазкур дониста мешавад. Кашфи Саразм, ки таърихи ҷолибе дорад, ҳодисаи хеле барҷаста ва сафҳаи тозае гардид дар илми таърихи бостону таърихнигории сатҳи ҷаҳонӣ. Мавзеи Саразм дар ҳудуди шаҳри бостонии Панҷакент воқеъ гардидааст ва ҳамакнун он ҳамчун шаҳри қадимаи Саразм ёд мешаваду масоҳати таърихии онро бостоншиносон беш аз 100 га муқаррар кардаанд. Бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пазироии ЮНЕСКО Саразми бостонӣ ба Феҳристи ёдгориҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ворид  гашту соли равон  5500-солагии он таҷлил мешавад.

Ин ҷашн моҳияти байналмилалӣ дорад ва ба ин муносибат олимони зиёде рисолаву китобҳои пурмуҳтаво навиштаанд. Саразми бостонӣ, пеш аз ҳама, боиси боз ҳам боло рафтани обрӯю эътибори тоҷикон ҳамчун халқи бостонию тамаддунпарвар гардид ва як омили дигари муаррифии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ шуд. Ҳафриёти Саразм бори дигар ва хеле дақиқ собит сохт, ки тоҷикон таърихан мардуми шаҳрсозу шаҳрнишин будаанду махсусан, дар рушди ҳунармандиву кишоварзӣ ҳиссаи бағоят барҷаста гузоштаанд.

Ҳамчунин, бозёфтҳои Саразм тасдиқ намуданд, ки бунёди аввалин шаҳрҳо ҳанӯз аз ибтидои аҳди биринҷӣ оғоз меёбад. Ин бар хилофи ақидаи баъзе бостоншиносони маъруф мебошад. Саразми бостонӣ собитгари он шуд, ки ниёгони мо ба ташаккулу рушду шукуфоии шаҳрсозию меъморӣ, ҳунармандию кишоварзӣ дар арсаи ҷаҳон заминагузор будаанд. Бино ба таъкиди бостоншиносон, кӯчаҳои сангфарш, биноҳои хуштарҳ, олоти махсуси корию маишӣ, ба бахшҳо тақсимшавии меҳнат (чун кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолгарӣ, заршӯиву заргарӣ, чӯбкорию сангтарошӣ, бофандагию чармгарӣ ва монанди инҳо), ки тавассути ҳафриёти Саразм ошкор шуданд, аз рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ дар Осиёи Миёна ва дар сатҳи ҷаҳон мебошанд.

Як ҷиҳати басо ҷолиби ҳаёти саразмиёни бостонӣ робитаҳои фарҳангию тиҷоратии байналмилалии онҳо мебошад. Бостоншиносон дар Саразм пайдо шудани  фирӯзаи Хоразму лоҷуварди Бадахшон, зарфҳои маишии мансуб ба Систону Афғонистонро аз далелҳои раднашавандаи ин даъво медонанд.

5500-солагии Саразми бостонӣ дар кишвари маҳбубамон дар сатҳи баланд таҷлил   мешавад. Минбаъд низ ковишҳои бостоншиносон дар ин мавзеи маъруф идома хоҳад ёфт ва ин маънои онро дорад, ки мо минбаъд низ бозёфтҳои тоза ба тозае аз Саразми бостониро шоҳид хоҳем шуд.

Матлюба Одилова,

омӯзгори литсейи ДССХ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш