Нашрияи Омӯзгор

Ихтирои таҷҳизоти безараркунандаи худкор

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 40        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҷҳизоти безараркунандаи худкореро ихтироъ намуданд.  Ташаббускорони ин ихтироъ устодони ҷавони донишгоҳ Хушбахт Нуриллоев, Ихтиёр Сабуров, Аъзам Саидвалиев ва Қурбон Халилов буда, таҷҳизоти мазкур дар долони факултаи телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ насб ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Он тоза намудани дастонро бо истифода аз маҳлули безараргардонӣ (антисептик) ба таври худкор таъмин намуда, барои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ нақши муҳим мегузорад.  Дар назар аст, ки бо мукаммалгардонии минбаъда ин таҷҳизот дар тамоми биноҳои таълимии донишгоҳ насб карда мешавад. 

Маркази иттилоот ва таҳлили ДДХ

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш