Нашрияи Омӯзгор

Ҷоизадорони Президент дар соли 2020

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 149        Шарҳ: 0

 

28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 70 нафар корманди соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ супориданд. Дар зер дар бораи 5 нафаре, ки дар соли равон Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро соҳиб гардиданд, маълумоти мухтасар пешниҳод мешавад.

Лутфулло Солиев

Лутфулло Солиев соли 1964 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 1966 ба аспирантураи пажӯҳишгоҳи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Украина (ш. Киев) дохил шуда, соли 1970 рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст ва дар ҳамин пажӯҳишгоҳ дар вазифаи ходими хурд ва калони илмӣ фаъолияти кориашро оғоз бахшидааст. Дар пажӯҳишгоҳи мазкур соли 1988 рисолаи докторӣ дифоъ карда, аз соли 1989 ба баъд дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар вазифаҳои профессор ва мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, декани факултаи химия, муовини ректор оид ба илм, мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ фаъолият намуд.

Профессор Л. Солиев яке аз олимони шинохта дар соҳаи илмҳои химияи ғайриорганикию физикавӣ, инчунин, технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ ба ҳисоб меравад. Мавсуф яке аз муаллифони ҷараёни нави илмӣ дар химия - муайян намудани мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёркомпонента бо ёрии усули транслятсия аст. Ӯ муаллифи беш аз 540 асари илмӣ, аз ҷумла, 3 монография, 5 китоби дарсӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ, 16 дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва 13 ихтироот мебошад. Аксари мақолаҳои профессор Л. Солиев дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ чоп шудаанд.

Л. Солиев 56 сол боз аз химияи умумӣ, химияи ғайриорганикӣ ва асосҳои таҳлили физико-химиявӣ ба шогирдон дарс мегӯяд ва дар тайёр намудани мутахассисони ҳирфаии илмӣ-омӯзгорӣ саҳми босазо дорад. Таҳти роҳбарии ӯ 10 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд ва 3 нафари дигар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ таҳти роҳбариаш омода кардаанд, ки дар арафаи ҳимоя қарор доранд.

Мавсуф машғулиятҳои лексионӣ ва амалиро дар дараҷаи баланди илмӣ ва методӣ гузаронида, ҳамчун профессори кафедра дар ташкил ва гузаронидани тадқиқоти илмии кафедраю факулта, конфронсу семинарҳо ва озмунҳои гуногуни байналхалқию ҷумҳуриявӣ нақши муассир мегузорад.

Ӯ барои хидматҳои шоистааш дар рушди илму маорифи кишвар  соли 2000 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2002 бо унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуд. Ҳамчунин, солҳои 2015-2016 ғолиби озмуни нашрияи «Springer Nature» дар Осиёи Марказӣ гардида, бо медали «1500 – солагии ш. Киев» (1983) ва нишони «Ихтироъкори ИҶШС» (1988) сарфароз гардидааст.

Соли 2020 бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардид.

 

Акбар Мамадризохонов

Акбар Мамадризохонов соли 1980 мактаби №3 –и шаҳри Хоруғро хатм карда, ба факултаи география (шуъбаи география-биология) - и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 1985 бомуваффақият хатм намуд. Дар лабораторияи растаниҳои шифоии Пажӯҳишгоҳи биологии Помири Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Аз соли 1988 то 1991 дар аспирантураи АУ Ҷумҳурии Точикистон (ҳоло АМИТ) аз рӯи ихтисоси  биология (03.00.05-ботаника) таҳсил намуда, солҳои 1991 – 1998 дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмӣ ифои вазифа намуд.

25 январи соли 1994  рисолаи номзадиашро дар мавзӯи  «Настарани Гунд (Rosа huntica Chrshan.) ва афзоиши он бо роҳи қаламчакунӣ» ва 27 сентябри соли 2001 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Настаранхои сервитамини Помири Ғарбӣ ва хусусиятҳои биологии онҳо» бомуваффақият дифоъ кард.

Солҳои 1994 -2002 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар вазифаҳои  ассистенти кафедраи биологияи умумӣ, муаллими калон, дотсент кор карда, аз  моҳи майи соли 2002 инҷониб профессори кафедраи биологияи умумӣ  аст.

Солҳои 1995 -2015  дар вазифаҳои муовини декани факултаи илмҳои табиӣ, мудири кафедраи биологияи умумӣ, декани факултаи табиӣ – илмӣ, декани факултаи биология, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ, мудири кафедраи биоэкология ва туризм ва аз соли 2015 то кунун ба сифати декани факултаи биология фаъолияти пурбор дорад.

Барои хидматҳои шоистааш дар рушди  илму маориф бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2003) қадрдонӣ шуда, узви вобастаи Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ (аз соли 2011) ва муаллифи беш аз 170 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 7 монография ва маҷмӯаҳои илмӣ мебошад.

Соли 2020 ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф қадрдонӣ гардид.

 

Диловаршоҳ Исозода

Диловаршоҳ Исозода соли 1986 факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси омӯзгори химия солҳои 1986 -1989 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳияи Кӯшониён ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Данғара кор кард.

Соли 1989 ба тариқи озмун ба вазифаи ассистенти кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба кор гузашт ва дар як вақт ба корҳои илмӣ машғул шуд. Соли 1990 дар кафедраи технологияи истеҳсолоти электрохимиявии Донишгоҳи технологии Москва ба номи Д.И.Менделеев таҷрибаомӯзии илмӣ намуд. Соли 1993 бо роҳи гузариш дар филиали дар шаҳри Бохтар будаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ ба кор рафт ва дар вазифаҳои декани факулта ва муовини директори филиали ДТТ ба номи М. С. Осимӣ фаъолият намуд.

Аз соли 1997 то соли 2005 иҷрои вазифаи ҷонишини директор оид ба таълимро дар коллеҷи политехникии назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ ба уҳда дошт. Ҳамзамон, солҳои 1997–2000 шуъбаи ғоибонаи аспирантураро хатм намуда, дар мавзӯи «Характеристикаи термодинамикӣ ва энергетикии пайвастагиҳои комплексии бор ва алюмогидридҳои элементҳои гурӯҳҳои IА и IIА» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.

Солҳои 2005 – 2006 директори коллеҷи политехникии назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ дар шаҳри Бохтар буд. Солҳои 2006-2015 дар вазифаи ноиби ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, солҳои 2015-2017 дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолият кард ва роҳбари Шӯрои методии донишгоҳ низ буд.

Д. Исозода муаллифи беш аз 70 мақолаи илмӣ, 1 монография ва 10 дастури методӣ ва китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Самти асосии таҳқиқоти илмии ӯро омӯзиши хосиятҳои темодинамикӣ ва энергетикии пайвастагиҳои комплексии алюминий ва дигар захираҳои энергетикии гидрогенӣ дар бар мегирад. Ӯ дар асоси барномаҳои гуногун дар чандин  конфронс, семинар ва форумҳои сатҳи  байналмилалӣ дар Италия, Федератсияи Россия ва Қирғизистон бо маърӯзаҳо баромад кард.

Мавсуф аз моҳи марти  соли 2017 инҷониб ба ҳайси сардори раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолият дорад.

Диловар Исозода барои хидматҳои шоёнаш дар рушди илму маорифи кишвар бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва чандин ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ гардидааст. Инчунин, ғолиби озмуни «Беҳтаринҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон» - Олими беҳтарини соли 2008 дониста шудааст.

Соли 2020 ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сазовор гардид.

Барно Каримова

Барно Каримова узви Шӯрои фаъолзанон ва  омӯзгори забони англисии литсейи №1 – и шаҳри Конибодом мебошад. Мавсуф пас аз хатми факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ оғоз намудааст ва 41 сол мешавад, ки  ба кори эҷодӣ ва таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Дар ин давра шогирдони зиёдеро ба камол расонидааст, ки дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд. Аз соли  2000 то инҷониб 23 шогирди ӯ дар озмуни байналмиллалии «FLEX»-и Шӯрои амрикоӣ оид ба маълумот ғолиб гардидаанд.

Барно Каримова соли 2009 ғолиби озмуни барномаи амрикоии «RELO» гардида, бо омӯзгорони беҳтарини забони англисии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ муддати 2 моҳ дар Ҳиндустон таҷрибаомӯзии таълимӣ намуд. Соли 2010 ғолиби озмуни «MENTOR» гардида, дар шаҳри Душанбе аз усулҳои навтарини омӯзиши забони англисӣ сабақ омӯхт. Инчунин, соли 2011 ғолиби озмуни бонуфузи «TEA» шуд ва ду моҳ ба иёлати Монтанаи ИМА барои омӯзиш сафар кард.

Мавсуф, баробари таълиму тарбия, китобҳои дарсиву дастурҳои таълимӣ низ таълиф кардааст. Соли 2013 аз тарафи Шӯрои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби дарсии ӯ таҳти унвони «Забони англисӣ барои кӯдакон» ба чоп тавсияву чоп ва дастраси кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ гардид. Китоби дигараш бо номи «Забони англисӣ» (барои синфи 3) дар арафаи нашр қарор дорад. Б. Каримова оид ба иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамчун  роҳнамо ба роҳбарони синфҳо таҳти унвони «Пандҳои судбахш» ва бо номи  «Замини саховатбахш» дастурҳои таълимиашро ба нашр расонд, ки омӯзгорон дар дарсҳои тарбиявӣ аз онҳо фаровон истифода мекунанд.

Мавсуф дар ин муддат шогирдони зиёдеро ба камол расондааст, ки қисме аз онҳо ҳамчун омӯзгор фаъолияти пурсамар доранд. Дар мактабҳои кишвар 14 нафар шогирдаш аз забони англисӣ дарс мегӯянд ва ду нафари онҳо Шокир Боҳиров ва Саида Мамадҷонова дар донишгоҳҳои бонуфузи Гвинея ва Чин фаъолият доранд.

Соли 2020 ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуд.

 

 Бобоҷон Ҳанифабойзода

Бобоҷон Ҳанифабойзода фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1968 ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибитидоии муассисаи таълимии таҳсилоти асосии №67-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз намудааст. Соли 1970 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 1974 бо муваффақият хатм намуд. Солҳои 1974-1988 ба ҳайси омӯзгори таърихи мактабҳои №67, №66, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаби №44 кор карда карда, аз соли 1988 инҷониб омӯзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби №44-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст.

Мавсуф дар давраи фаъолияташ ҳамчун омӯзгори ҳирфаӣ, поквиҷдон, ташаббускор ва ташкилотчӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас ва ба воя расондани шогирдони ватандӯсту донишманд саҳми босазо мегузорад. Шогирдонаш пайваста дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Ӯ таҷрибаи пешқадам ва усулҳои нави таълиму тарбияро дар байни муаллимони ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ҷорӣ намуда, дарсҳояш рангину ҷолиб мегузаранд ва ҳамчун навовар аз васоити техникии замонавӣ дар дарсҳояш фаровон истифоа мекунад.

Б. Ҳанифабойзода пайваста омӯзгорони ҷавонро роҳнамоӣ ва дастгирӣ менамояд. Ӯ дастури методии «Таърих ва ҳуқуқи инсон» таҳия намудааст, ки ба омӯзгорони ҷавон судманд аст ва дар он  оид ба гузаштани дарсҳо аз усулҳои гуногуни таълим сухан меравад. Дастури мазкур ду маротиба нашр ва дастраси омӯзгорони ноҳия гардид.

Номбурда барои хидматҳои шоистааш дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони «Аълочии маорифи халқ» (1987) ва медали «Хизмати шоиста» (2006) қадрдонӣ шудааст. Соли 2018 сазовори Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф гардид.

Соли 2020 ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуд.

 

Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш