Нашрияи Омӯзгор

Ғамхорӣ –такмилбахши фаъолият

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 22        Шарҳ: 0

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд: «Аз 1-уми сентябри соли 2020 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда шавад».

Роҷеъ ба ин мавзӯъ чанде аз кормандони ташкилоту муассисаҳо ва донишҷӯён ибрози андеша намуданд. Олимҷон Шарифзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон, гуфт, ки баландшавии музди меҳнат кормандони соҳаи маорифро бисёр хушнуд намуд. Албатта, ҳавасмандгаронӣ ва маоши арзанда ба омӯзгор дар беҳшавии сифати таҳсилот ва вазъи иқтисодиаш таъсири мусбат мерасонад. Мо метавонем литсей ва гимназияҳоро мисол биорем, ки дар он муассисаҳо ба омӯзгорон маоши хуб дода мешавад ва сифати таҳсилот низ дар сатҳи баланд аст.

Қосимбек Давлатзода, омӯзгори ҷавони мактаби Президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён, қайд кард, ки ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллатро пайваста эҳсос мекунам. Дар давраи таҳсил дар донишгоҳ аз стипендияи Президентӣ низ бенасиб набудам. Дастгирии мутахассисони ҷавон, баландбардории маоши омӯзгорон ва дигар ҳавасмандиҳо мо-ҷавононро водор месозанд, ки фаъолияти худро боз ҳам такмил бахшем. 

 

С.АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»         


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш