Нашрияи Омӯзгор

Бозӣ бо ҳарфҳо

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 47        Шарҳ: 0

 

Омӯзонидани савод аз ҳарфҳо оғоз меёбад. Кӯдакон ҳар қадар барвақттар ҳарфҳоро шиносанду дар хотир гиранд, дар онҳо малакаи ҳифз кардан бештар  ташаккул меёбад. Бахусус, оғоз аз 3-солагӣ кӯдакон ба муҳит бештар зеҳн монда, он чиро, ки мебинанд (масалан, ашёи ба онҳо диққатҷалбкунандаю рағбатоварро) зуд дар хотир мегиранд.

Дар ин синну сол, инчунин, захираи луғавии онҳо ба шаклгирӣ медарояд. Агар мо ба раванди ташаккули  равонӣ, ҷисмонӣ ва маънавии кӯдакони 3-сола ё 4-сола диққат диҳем, захираи луғавии онҳоро аллакай сад ва бештар аз он калима ташкил медиҳад. Ин ҳамон луғатҳоеянд, ки кӯдакон дар муоширати ҳамарӯза истифода мебаранд. Онҳо ҳарчанд бештар дар муошират бошанд, захираи луғавияшон боз ҳам  ғанитар мегардад.

Захираи луғавӣ имкон фароҳам меорад,  ки кӯдак бештар ҳарф занад, олами ашёро донад ва муҳимтар аз ҳама, ба хотири кашфи рӯйдодҳо фикр намояд. Бархе равоншиносон ба ин ақидаанд, ки тафаккур кардан ба калонсолон хос аст, аммо бачаҳо ҳам дар бораи ҳар чизе, ки мебинанд ва ба мушоҳида мегиранд, хоҳ-нохоҳ фикр мекунанд, ба андеша мераванд ва мехоҳанд равандҳоро ташхис намоянд.

 Дар муассисаи томактабӣ аз рӯзи аввали ба он ворид шудани кӯдак мураббӣ дар гурӯҳ дар баробари диққат додан ба вазъи равонии кӯдак ба сатҳи дарку фаҳмиши вай низ таваҷҷуҳ мекунад. Ин ба он хотир аст, ки бачаҳо оё метавонанд машғулиятҳоро дар ин ё он сатҳ таҳаммул бикунанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии муассисаи томактабӣ инкишофу ташаккули зеҳни кӯдакон мебошад. Аз ин рӯ, ошноии онҳо ва унс гирифтанашон ба китобу дафтар ва қалам ҳатмӣ мебошад. Ин кору амали нек аз гурӯҳҳои хурдсолон шурӯъ меёбад; ба онҳо суратҳои ранга пешкаш мегардад, ҳар кадом қалам ба даст гирифта, болои коғаз ҳар гуна суроб (фигура)-ҳоро мекашанд. Ин ошноии аввалини онҳо бо китобу қалам ва муҳити омӯзишӣ аст. Дар гурӯҳҳои миёна бошад, мувофиқи барномаи таълимӣ омӯзонидани ҳарфҳо ва шумора оғоз меёбад. Ин ҷо ҳаминро хотирнишон бояд кард, ки омӯзонидани ҳарфҳо якчанд мақсад дорад: якум - дар хотири наврас шакл гирифтани ҳарф нақш мебандад, дувум - вай дар ҳиҷо ва калимаҳо ҳарфи ошно ва  медонистагияшро ҷӯё мешавад; севум - метавонад луғатҳои навро дар хотир гирад ва ғайра. Агар дар гурӯҳҳои миёна ин мақсад амалӣ гардад, бовар аст, ки дар гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб бачаҳо ҳарфҳоро хуб мешиносанд, овозҳоро дуруст талаффуз намуда, ҳатто бо ҳиҷо мехонанд.

Дар хатми маҳфили навбатӣ, ки ба ошноии ҳарфҳои «О» ва «Б» бахшида шуда буд, бо кумаки мураббӣ ин ду ҳарф ба ҳам васл мешаванд. Мураббӣ ба бачаҳо мегӯяд:

– Бачаҳои азиз, калимаи об аз ду ҳарф иборат мебошад – О ва Б. Бинед, онҳо пайваст шуданд.

Барои он ки ин лаҳзаҳо дар хотири бачаҳо нақш бандаду хотирмон бошад, мураббӣ метавонад тавассути тахтаи электронӣ манзараи ҷоришавии обҳои мусаффоро дар табиат ба бачаҳо намоиш диҳад.

Маҳфили «Бозӣ бо ҳарфҳо» барои зудтар дар хотир гирифтани ҳарфҳо барои бачаҳо хеле муфид ва муассир мебошад.

 

Садриой Холибекова,

мураббияи кӯдакистони №12,  шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш