Нашрияи Омӯзгор

Сино - нобиғаи олами илм

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 28        Шарҳ: 0

 

Дар силки тиллоии абармардони донишвари ҷаҳон фарзанди барӯманди халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ҷойгоҳи барҷастае пайдо кардаасту бо мурури айём ин  мавқеаш ҳаргиз хираву коста нагаштааст, балки боз ҳам устувортар гардидаву таваҷҷуҳи аҳли хиради оламро ҳар чӣ бештар ҷалб бинмудааст ва ба ин васила дар муаррифии тоҷикон ба ҷаҳониён ҳамчун халқи тамаддунсозу фарҳангпарвар нақши муҳим бозидааст.

Нобиғаи камназири олами илм Абӯалӣ ибни Сино дар фарогирии илмҳои зиёд, офаридани осори барҷаставу безавол, фаъолияти гуногунҷабҳаи илмию амалӣ ва ба вижа, дар амалиёти ҳайратангезу бесобиқаи тиббию табобатӣ ба комёбиҳои бавусъат даст ёфта, ҳамагонро ангушти ҳайрат ба лаб гузоштааст. Ин аллома ва ҳакими бузург дар муҳити илмбунёди Ғарб низ эътироф гардидаву бо номи Авитсенна дар радифи варзидатарин донишмандони соҳаи тиб мақом ёфтааст. Соли равон  аҳли тамаддуни ҷаҳон 1040-солагии ин илмсолори тамоми замонҳоро таҷлил менамоянд ва ин санаи фархунда, албатта, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шукӯҳу ҷилои дигаре дорад. Ба ифтихори солгарди мубораки мавлуди Шайхурраис Ибни Сино дар кишварамон ҳамбаста ба тадбирҳои дигар як силсила мақолаву рисолаву китобҳо ба нашр расиданд, ки китоби донишманди шинохта Абдулҳай Комилӣ бо номи «Абу Али ибн Сина-гений, перешагнувший века» («Абӯалӣ ибни Сино нобиғаи тамоми асру замонҳо», ба забони русӣ) аз ҷумлаи онҳост. Китоби мазкур ба тавзеҳу баррасии чанд лаҳзаи пурҷило аз ҳаёт ва эҷодиёти Ибни Сино бахшида шудааст ва мулоҳизоту андешаҳои басо ҷолиби муаллифро фаро мегирад. Файласуфи амиқназар А.Комилӣ дар қисмати аввали китоб барҳақ таъкид менамояд, ки нобиғагони илму адаб ба гунаи ситораҳои тобноку пурдурахш дар фазои бапаҳнои ҷаҳонанд ва фарзанди аҳли башаранд, вале бо вуҷуди ин, ифтихори бештаре ба миллату зодбуми хеш меоваранд, фарзонафарзанди маҳбуби халқи азизи худанд. Ибни Синои тоҷик барои дониши фавқулода фарогираш ба унвонҳои Шарафулмулк, Шайхурраис, Ҳуҷҷатулҳақ, Муаллими сонӣ, Арастуи замон… мушарраф гардидаст, ки чунин ҳолат дар таърихи илму фарҳанг бесобиқа аст.

А.Комилӣ дар идомаи китоб ба ҷабҳаҳои фаъолияти Ибни Сино ишора карда, менависад, ки ин алломаи беназир ҳам файласуф буду ҳам ходими сиёсӣ, ҳам шоир буду ҳам адабиётшиносу мусиқидон, ҳам тарҷумон буду ҳам шореҳи осори антиқӣ ва ҳам донандаи мумтози илмҳои физика, математика, астрономия, химия, биология, геология, физиология, ботаника… Алқисса, тамоми  улуми замонашро комилан фаро гирифта буду худ таъкид мекард:

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи

Зуҳал

Кардам ҳама мушкилоти

гетиро ҳал.

Донишманди файласуф А.Комилӣ сафҳаҳои бештари китобашро ба шарҳу тафсири чанде аз назариёти илмии Ибни Синои бузург дар илмҳои физика, фалсафа, мантиқ, математика, геометрия, механика… бахшидааст, ки барои хонандагон хеле мақбулу омӯзанда хоҳад буд.

Мулоҳизаҳои хешро перомуни баъзе аз осори Шайхурраис файласуфи огаҳманд бо далелҳои муътамад ва иқтибосоти бамавриду муносиб асосманд ва боварбахш бинмудааст. Китоб ҳаҷман хурд бошад ҳам, пурмуҳтавост ва дар рӯҳияи ифтихор аз ниёгони барӯманд ва тамаддуни ҷаҳонгири тоҷикон навишта шудааст. А.Комилӣ барҳақ зикр мекунад, ки Синои бузургвор барои халқи тоҷик ҳамон мартабаеро дорад, ки И.Нютон барои англисҳо, Г.Галилей барои итолиёвиҳо, Р.Декарт барои фаронсавиҳо ва М.Ломоносов барои русҳо доранд.

Китоби «Абу Али ибни Сина-гений, перешагнувший века» ҳадяи шоистаи як тан аз донишмандони тоҷик аст ба ҷашни 1040 - солагии ин нобиғаи абадзинда.

А.Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш