Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи боз як кӯдакистон дар пойтахт

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 61        Шарҳ: 0

 

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Шералӣ Холов дар заминаи дастгирӣ аз ташаббусҳои давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Кӯдакистон аз 2 бинои 3-ошёна бо таҳхона барои 120 нафар иборат буда, дорои 6 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон аст. Ҳамаи шаш синфхонаи кӯдакистон аз ҳуҷраи либосивазкунӣ, синфхона, хобгоҳ, ҷойи дастурӯйшӯӣ ва ҳуҷраи мураббӣ иборат буда, ҳар яки он дорои шароити мукаммали таълиму тарбия мебошад.

Дар ин даргоҳи маърифат барои ҷалби 40 кӯдак дар гурӯҳи калони томактабӣ, 40 нафар дар гурӯҳи миёнаи томактабӣ ва 40 нафар дар гурӯҳи хурд ба таълими ҳамаҷониба имкони пурра мавҷуд аст. Омӯзиш дар кӯдакистон бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, барои таълиму тарбияи насли наврас мураббияҳои соҳибтаҷрибаю донандагони хуби забони англисӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Бинои замонавии муассисаи томактабӣ бо дарназардошти меъёрҳои мавҷуда сохта шуда, ҳангоми даромад ба бино дар он роҳрави алоҳидаи махсус барои афроди дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ низ бунёд гардидааст.

Кӯдакистон дорои лифт ва хати алоҳидаи барқу трансформатор мебошад.

Бинои нави таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти муосири омӯзишӣ, техникӣ ва бехатарӣ таъмин аст ва роҳравҳои дохили иншоот бо расмҳои қаҳрамонони афсонаҳои кӯдакона ҳамаҷониба оро ёфтаанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин даргоҳи маърифат бо тарбиятгирандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Дар кӯдакистони нав бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ ва синфхонаи гимнастикӣ низ барои ҳамаи кӯдакон таъсис ёфтааст.

Боғча, ҳамзамон, дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи методӣ ва ду ошхонаи барҳаво бо системаи дастраскунии молу ашё ва хӯрок аз поён ба боло мебошад.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону мураббияҳо бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистонро туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, даъват ба амал оварданд, ки барои тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ бо истифода аз имконоту шароити фароҳамгардида тамоми малакаю маҳорати худро равона созанд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш