Нашрияи Омӯзгор

Бунёди мактаб бо иқдоми соҳибкорон

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 23        Шарҳ: 0

 

Дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод»-и ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба маблағи 142 ҳазор сомонӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ Рустам Маҳмадалиев, Маҳмуд Тешаев, Сорбон Абдураҳимов, Умед Илёсов, Дилшод Давлатов ва кумитаи падару модарон ба истифода дода шуд.  Дар расми ифтитоҳи бинои иловагии муассиса раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  иштирок дошт. Муассисаи мазкур аз 4 синфхона иборат буда, барои 120 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо шароити зарурӣ пешниҳод гардид.

Бинои асосии муассисаи мазкур соли 1976 барои 960 нафар ба истифода дода шудааст. Дар муассисаи мазкур 1807 нафар хонандагон дар ду баст ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 80 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд. Муассиса дорои 38 синфхона, толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ ва ду майдончаи варзишӣ мебошад.

Дар соли таҳсили нав дар ин муассисаи таълимӣ 207 нафар кӯдакон ба синфи якум қабул карда шудаанд.

Раиси вилоят ба  падару модарон ва омӯзгорон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи гигиенаи шахсӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии фарзандон тавсияҳо дода, зикр намуд, ки саломатии миллат, хусусан, кӯдакон боигарии давлат мебошад.

 

С. АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш