Нашрияи Омӯзгор

Ватан сарчашмаи хушбахтии мост

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 39        Шарҳ: 0

 

Ҳамасола дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои соҳаҳои илму маорифро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, баҳри бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар суханронии имсолаи Пешвои миллат дар Рӯзи дониш тарбияи ватандӯстии насли наврас мебошад, зеро тақозои замон аст, ки дар ҳар дарс ба хонандагон мунтазам ба қадри сулҳу ваҳдат расиданро гӯшзад намоем. Пӯшида нест, ки имрӯз гурӯҳҳои тундгарову ифротӣ бо амалҳои даҳшатбори хеш ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд ва мақсаду мароми созмонҳои мазкур ноором намудани вазъи сайёра аст. Онҳо бо ҳар гуна роҳҳо мехоҳанд наврасону ҷавононро ба доми фиреби худ кашанд ва ба воситаи онҳо амалҳои муғризонаву нопоки хешро анҷом бидиҳанд. Кишвари азизи мо солҳои 90-уми асри гузашта ба гирдоби амалҳои даҳшатбори ин гурӯҳҳо афтид ва ҷанги шаҳрвандӣ зарари зиёди моливу ҷонӣ ва  маънавӣ ба кишвар овард. Теъдоди зиёди мардум кишварро тарк карданд, ҳазорҳо нафар бехонаву дар монда, овораву саргардон шуданд. Маҳз бо ҷасорату иродат ва кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат дар кишвар сулҳу ваҳдат ҳукмфармо гардид. Имрӯз ба ҳар гӯшаву канори мамлакат сафар намоем, мебинем, ки созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дорад ва симои кишварамон дигаргун гардидаву бо манзараҳои дилрабову табиати афсункор  таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро низ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, вазифаи мост, ки ба насли наврас расидан ба қадри неъматҳои бебаҳо – сулҳу оромӣ ва истиқлолро бифаҳмонем. Дар ин маврид Пешвои миллат таъкид доштанд: «Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд».

Тарбия кори мушкил ва раванди тӯлониву доманадорест, ки аз аз омӯзгор масъулияти зиёд тақозо мекунад. Фазои ҷомеаи ҷаҳонӣ омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки  ба тарбия таваҷҷуҳи бештар намоянд ва дар ин росто ба  иштибоҳ роҳ надиҳанд. Чунонки Сарвари давлат дар суханронии хеш дар Рӯзи дониш зикр намуданд:

“Ҷаҳони пурталотуми имрӯза мардуми сайёраро ба мушкилоту тазодҳои зиёди хеле сангин рӯ ба рӯ намудааст, ки хатарноктарини онҳо терроризми байналмилалӣ, радикализму экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ мебошад. Дар чунин шароит устодону омӯзгорон, падару модарон, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор вазифадоранд, ки наврасону ҷавононро барои омӯхтани илму дониш, азхудкунии касбу ҳунар, самимона дӯст доштани Ватан, давлати соҳибистиқлоли худ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ роҳнамоиву тарбия намоянд».

Воқеан ҳам, дар ин  давраи бисёр ҳассос вазифаву масъулияти мо – омӯзгорон дар тарбияи ватандӯстии насли нарас зиёд аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки пайваста дар дарсҳои тарбиявию машғулиятҳои  ҳамарӯза ба хонандагон дӯст доштани Ватан, муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои инсониро талқин намуда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ба камол расонем.

 

Зебунисо АШӮРОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №28-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш