Нашрияи Омӯзгор

Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 49        Шарҳ: 0

 

Меҳнат одамонро муттаҳиду ҳаммаром мекунад, дӯстиро ривоҷ мебахшад, солимиро устувор менамояд ва зиндагиро зебою гуворо месозад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ҳар фард аз хурдӣ ба меҳнат эҳтиром дошта бошад, аз он наҳаросад, моҳияти меҳнатдӯстиро бифаҳмад.

Барои ин, пеш аз ҳама, мактаб масъул аст. Ба тарбияи меҳнатии хонандагон аз синфҳои ибтидоӣ ҷиддан машғул бояд шуд. Дар тарбияи хонандагон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ аз методу усулҳои гуногун истифода бурда мешавад. Дар ин самт таҷрибаҳое чун тарғибу тавзеҳи моҳияти меҳнату меҳнатдӯстӣ бо суханону далелҳои ҷолибу саҳеҳу фаҳмо, истифода аз филму намоишҳои мустанад, саёҳат ба корхонаҳо, вохӯрӣ бо пешқадамони истеҳсолот, мутолиаи китобҳои бадеӣ, муҳокимаи аҳлонаи мақолаҳои дахлдор, навиштани иншои хурду нақли хаттӣ… дорои аҳамияти махсус мебошанд.

Таҷриба бозгӯи он аст, ки дар лаҳзаҳои ҷудогонаи дарсҳо ба сифати дамгирӣ ё фароғати фарҳангӣ ба хонандагон байте ё қитъае дар ситоиши меҳнат гуфтану онро шарҳ додан тадбири муфиду самаровар аст ва ба фаҳму идроки шогирдон таъсири мусбӣ мегузорад. Назм каломи мавзуну муассир аст ва зуд ба дилу шуур роҳ меёбад, касро ба андеша вомедорад ва дар хотир нақш мебандад. Дар адабиёти тоҷик шеърҳое, ки хонандаро ба меҳнату меҳнатдӯстӣ даъвату роҳнамун месозанд, хеле зиёданд. Омӯзгорро мебояд, ки онҳоро ба қадри имкон барчида намуда, дар дарсҳояш мавриди истифода қарор бидиҳад, ба шогирдон ба таври содаю фаҳмрас тавзеҳ бахшад. Қитъаи зер аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар тарбияи меҳнатии хонандагони хурдсол дорои аҳамияти махсус аст:

Таносоию коҳилӣ дур кун,

Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун.

Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест,

Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест.

Омӯзгор дар заминаи ин қитъаи ҳидоятгару пандомез ба шогирдон мегӯяд, ки ниёгони мо ба меҳнат чун омили ҳаётбахшу нишотовар арҷ гузоштаанд. Фирдавсии бузургвор аз ҳамагон, махсусан, аз наврасону ҷавонон даъват менамояд, ки танбалу коҳил набошанд, ба меҳнат гараванд, зеро оне, ки меҳнат намекунад, суде намеёбад, зиндагиаш пуразобу шиканҷа мешавад. Ин суханони падаронаро шоир, албатта, дар заминаи бардошту мушоҳида ва таҷрибаҳои ҳаётии худ гуфтааст. Мо бояд ба панди ниёгон гӯш диҳем ва он гуна рафтор намоем, ки онҳо дастур медиҳанд.

Истифодаи байтҳои зерин низ дар тарбияи меҳнатии хонандагон нақши амиқ хоҳад гузошт:

Зи осонӣ наёяд шодкомӣ,

Зи беранҷӣ наёяд некномӣ.

Фахриддини Гургонӣ

Нобурда ранҷ ганҷ муяссар

намешавад,

Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор

кард.

Саъдии Шерозӣ

Бе заҳмату кор нон намебояд хӯрд,

Як луқма ба ройгон намебояд хӯрд.

Лоҳутӣ

Дар ситоиши меҳнат ва меҳнатдӯстӣ зарбулмасалу мақолҳои зиёде ҳастанд, ки ҳар омӯзгор аз барчидаи онҳо дар дарсҳояш фаровон метавонад истифода намояд.

Бояд дар назар дошт, ки тарбияи меҳнатӣ бо тарбияи касбомӯзии хонандагон пайванди қавӣ ва самаровар дорад.

 

Эркамоҳ САЛИМОВА,


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш