Нашрияи Омӯзгор

Бо рӯҳу илҳоми дучанд

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 19        Шарҳ: 0

 

 Имсол Дарси сулҳ бо иштироку суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 - и ноҳияи Шоҳмансур сурат гирифт. Бо сабабҳои маълум ин дарс чун ҳарсола 1-уми сентябр не, балки 17 август баргузор гашт. Гирифтории мардуми ҷаҳон ба КОВИД - 19 ва пандемия имкон надод, ки соли таҳсили гузашта ба таври муқаррарӣ анҷом ёбад. Бинобар ин, салоҳ дониста шуд, ки дарс дар моҳи август оғоз шавад, то хонандагон мавзӯъҳои боқимондаи барномаҳои таълимиро аз худ намоянд. Албатта, ин ҳама ба хотири ҳифзи саломатии насли наврас, ҳамзамон, фарогирии онҳо бо таҳсилот аст. Пешвои миллат дар баромади худ таъкид карданд: «Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон то оғози паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 беш аз 250 миллион нафар кӯдакон аз имконияти рафтан ба мактаб маҳрум буданд.»

Бубинед, ки на танҳо кӯдакони кишвари мо, балки кӯдакони тамоми мамлакатҳо имкони таҳсилро муддате аз даст доданд. Дарси сулҳ ифодагари ин маънӣ буда, ҳар нафари мо - омӯзгорон ва падару модаронро лозим меояд, ки дар баробари парасториву ҳифзи саломатии насли наврас, онҳоро тавассути дарс ва чорабиниҳои беруназсинфӣ дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намоем. Ба таъкиди Президенти маҳбубамон, «Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад.»

Тамошои Дарси сулҳ ва суханронии Президенти азизамон моро водор менамояд, ки бо дарки баланди худшиносӣ талош варзем, то ба насли наврас тавассути дарсҳои шоиста сабақи ватандорӣ омӯзонем. Ба назари ман, дар шароити имрӯза фаъолият кардан дар биноҳои нави таълимӣ бо фарогирии барномаҳои таълимиву китобҳои дарсии пурмазмун, дастуру тавсияҳои мутахассисон воқеан, осонтар гаштааст.

 

Дилрабо ҚУРБОНОВА,

омӯзгор, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш