Нашрияи Омӯзгор

Забономӯзӣ - талаби замон

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 60        Шарҳ: 0

 

Имрӯз донистани забонҳои хориҷӣ барои он муҳиму лозим аст, ки  шахс дар кадом соҳае фаъолият намояд, тавассути мутолиаи андешаву назарияҳои гуногуни донишмандони олам дар бораи пешаи интихобнамудааш метавонад  фаъолияти худро боз ҳам такмил бахшаду ба ин тартиб барои расидан ба ҳадафҳои бузургтар заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар қатори самтҳои гуногуни рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида истодааст. Имрӯз барои он ки ҷавонону наврасон баробари забони модарӣ якчанд забони дигарро аз бар созанд, аз тарафи давлату ҳукумат кулли шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳоло дар тамоми мактабҳои миёна фанни забони хориҷӣ ба хонандагон омӯзонида шуда, инчунин, барои боз ҳам хубтару беҳтар рушд ёфтани сатҳи забондонии наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо беҳтарин имкониятҳо кору фаъолият намуда истодаанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳар як вохӯрии хеш бо аҳли маориф бобати забономӯзии ояндагони миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки бояд ҳар як наврасу ҷавони тоҷик дар баробари забонҳои модарӣ забонҳои хориҷиро низ аз худ намояд. Оне, ки забондон аст, ки дар дилхоҳ самт метавонад, ки комёб бошаду миллати худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ созад.

Дар масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда буд, ки дар асоси он “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014” тасдиқ гардид. Бо ташаббуси роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти дахлдор барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудааст, то ҷавонони мо аз омӯзиши якчанд забони хориҷӣ баҳраманд гарданд.

Модоме ки донистани забони хориҷӣ ин қадар муҳим асту он барои беҳтару хубтар гардидани фаъолияти якояки мо мусоидат менамояд, пас, насли наврасу ҷавонро мебояд, забонҳои хориҷиро аз бар намоянду ба ин васила саҳми худро дар рушди кишвару муаррифии ватан дар арсаи ҷаҳонӣ гузоранд.

Фирӯза Ғаниева,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш