Нашрияи Омӯзгор

Сохтмони бинои шуъбаи маориф дар арафаи анҷомёбист

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 41        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон сохтмони 22 синфхонаи иловагӣ бо 530 ҷойи нишаст дар назди муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, сохтмони бинои нотамоми мактаби №7 дар деҳаи Сабзазори Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сохтмони бинои иловагӣ иборат аз 8 синфхона (барои 192 ҷойи нишаст дар як баст) дар мактаби №29-и деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ бо манбаъҳои ғайрибуҷетӣ анҷом ёфт. Сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Ҷамоати шаҳраки Обикиик дар арафаи анҷомёбист.

 

С.АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш