Нашрияи Омӯзгор

Худомӯзии омӯзгор - вусъатбахши фаъолияти ӯ

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 71        Шарҳ: 0

 

Гуфтаанд, ки омӯзгор чун аз омӯхтан монад, аз омӯзондан низ монад.

Дар ҳақиқат, омӯзгорӣ ҳамеша бо омӯхтани донишҳои нав ба нав тавъам бояд бошад, то ҳамқадами замон бошад.

Мехоҳам дар атрофи масъалаи худомӯзии омӯзгор дар замони муосир андешаҳои худро иброз намоям.

Омӯзгорро бо худо-мӯзӣ, пеш аз ҳама, объекте, ки ӯ мунтазам бо он сару кор дорад, водор месозад. Ин объект кӯдаке мебошад, ки мудом дар инкишоф ва ташнаи омӯхтани дониш аст. Омили дигари муҳиме, ки омӯзгорро ба худомӯзии пайваста ҳидоят мекунад, дар замони муосир инкишофи босуръати илму дониш мебошад ва ниҳоят, сабаби сеюми худомӯзии омӯзгор, эҳтиром ва ифтихор аз касбаш ба шумор меравад.

Аз нигоҳи ман, худомӯзии омӯзгор дар се самт, ки ба хусусиятҳои касбии вай алоқамандии зич доранд, амалӣ гардад.

Якум, бояд омӯзгор устоди ҳақиқии касби хеш бошад, яъне касби худро хуб донад ва дар иртибот бо ин, дониши мукаммали касбӣ дошта бошад. Шахсе, ки дониш надорад,  чӣ гуна ба дигарон дониш меомӯзонад?!

Муаллим бояд паи омӯхтани донишҳои касбӣ ҳамарӯза дар талош бошад.

Матбуоти даврӣ низ дар ин самт ба омӯзгор кумак расонда метавонад. Бахусус, рӯзномаву маҷаллаҳое, ки ба ҳаёту фаъолияти мактабу маориф равшанӣ меандозанд. (Аз ҷумла, нашрияи «Омӯзгор»).

Самти дуюми худомӯзии омӯзгор, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳо ва усулҳои нав ба нави таълиму тарбия мебошад. Мо, омӯзгорон, бояд хуб донем, ки донишро ба хонандагон чӣ гуна ва ба кадом тарзу усул бидиҳем.

Марҳилаи сеюми худомӯзии омӯзгор марбут ба донистани тарзи дурусти истифодаи дониши омӯхта ва воситаву усулҳои таълим мебошад.

Яке аз роҳҳои асосии худомӯзии омӯзгор кор бо луғатҳо мебошад. Луғатомӯзӣ дар мактаби ибтидоӣ яке аз қисмҳои асосии кори таълим буда, дар соҳаи инкишофи нутқ ва ба хотир гирифтан нақши муҳим мебозад.

 

Зебунисо Давлатова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш