Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгор ҳақ аст ё маъмурияти муассисаи таълимӣ?

Сана: 2020-08-27        Дида шуд: 93        Шарҳ: 0

 

Муҳтарам аҳли эҷоди “Омӯзгор”! Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ба номи Паноев Атомамади ноҳияи Шуғнони ВМКБ аз моҳи августи соли 2019 то инҷониб байни маъмурияти муассисаи  таълимӣ ва омӯзгор баҳсу мунозира давом дорад. Омӯзгор Усния Сайдасанова 25 июни соли 2006 коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рӯдакиро бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм намуда, аз 12-уми августи соли 2008 дар асоси фармоиши директори муассиса бо № 34 ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар муассисаи номбурда ба кор шурӯъ намуда, дар давоми 12 сол  аз ин фан аз аттестатсияи  навбатӣ гузашта, дар соли 2014 дараҷаи тахассуси дуюм  ва дар соли 2018 дараҷаи тахассуси якумро бо маълумоти миёнаи  педагогӣ гирифтааст. Дар баробари  ин,  Усния Сайдасанова шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро бо ихтисоси омӯзгори таърих ва ҳуқуқ дар соли 2019 хатм  намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардидааст.

  Маъмурияти муассисаи таълимӣ маълумоти  олии омӯзгор  Усния Сайдасановаро  ба назар гирифта, дар асоси “Дастурамали  тартиби пардохти музди  меҳнати  кормандони соҳаи маориф” аз 1-уми январи соли 2019 ҷорӣ карда шудааст, ҳамчун  маълумоти олидор ба ҳисоб гирифташуда  аз 1 сентябри соли 2019 дар тарификатсия музди  меҳнатро аз рӯи таҳсилоти  олӣ бе дараҷа пардохт намуд.

Омӯзгор Усния Сайдасанова ба ин кори маъмурият розӣ нашуда, мехоҳад, бе қарори комиссияи аттестатсионӣ ба вай бо маълумоти олии дараҷаи тахассуси якум музди меҳнатро пардохт намоянд.

Лекин барои гирифтани дараҷаи тахассус бо маълумоти олӣ ба омӯзгор Усния Сайдасанова зарур аст,ки дар асоси моддаи 6-и “Дастурамали тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омузгорӣ ва илмии муассисаҳои таълими Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар ин модда омадааст, роҳбарону омӯзгорон ва дигар мутахассисони муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд,ки баъди ду соли аттестатсия, пеш аз муҳлати муқарраршуда аз аттестатсия гузаранд. Пеш аз муҳлат гузаронидани аттестатсия дар асоси аризаи аттестатсияшаванда, пешниҳоди роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва иҷозаи шуъбаҳои  маорифи шаҳру ноҳияҳо, раёсати маорифи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе  ва барои кормандони соҳаи маорифи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Аммо омӯзгор намехоҳад,ки бори дуюм аз аттестатсияи навбатӣ гузарад. Оё ӯ ҳақ аст?

Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар саҳифаи ҳафтанома ба ин масъала рушанӣ андозед.

Бо эҳтиром:

Фазлиддин

Айнулазизов,

муҳосиби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28, ноҳияи Шуғнон

 

Ба ин суол аз раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми кишвар чунин ҷавоб доданд:

- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷи-кистон доир ба муайян ва эътироф намудани маълумоти олӣ барои гирифтани тахассусӣ дараҷаи олӣ чунин иттилоъ медиҳад, ки тибқи банди  49 “Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф” агар омӯзгор таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ғайрипедагогӣ дорад  ё аз фанни ғайриихтисос дарс медиҳад, музди меҳнати ӯ аз рӯи таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ бе дараҷа пардохт карда мешавад. Инчунин, омӯзгор ғайриихтисос бошаду ба вай бо қарори комиссияи аттестатсионӣ тахассус аз фанни таълимӣ дода шудааст, музди меҳнат аз рӯи таҳсил ва дараҷа пардохт карда мешавад.

Ҳамзамон,  бояд  қайд  кард, ки тибқи бандҳои дахлдори “Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф”, ба ғайр аз омӯзгорони ихтисосманди фанҳои  психология, педагогика, дифектолог, логопед, сурдапедагог, дигар ҳама гуна маълумоти олиро ҳамчун маълумоти олӣ эътироф намуда, музди меҳнати онҳо тибқи ҷадвали 3-и “Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф” пардохт  карда мешавад.

Таҳияи  Ш.Раҷабзод,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш