Нашрияи Омӯзгор

Бадахшон рӯ ба рушд дорад

Сана: 2020-08-27        Дида шуд: 84        Шарҳ: 0

 

Гузориши фишурда аз ҷараёни сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ

Дар ноҳияи Рӯшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар маркази ноҳияи Рӯшон - шаҳраки Вамар қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Майдони Парчами миллӣ дар канори рӯдхонаи Панҷ дар як мавзеи қаблан бекорхобида бо баландии 30 метр сохта шуда, паҳноии матоъи Парчам 6 ва дарозиаш 13 метрро ташкил медиҳад.

Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва боғи фароғатӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.

Дар маҷмӯъ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон сохтмони 142 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар доираи ин тадбирҳои бунёдкорона ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат боз ҳам ободу зеботар мегардад.

***

20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ба номи Отамбек Илчибековро ифтитоҳ карданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли ояндасози миллат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат аст ва барои 640 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардидааст. Он аз 34 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ, тахтаҳои электронӣ бо видеопроекторҳо, китобхона, 10 утоқи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Илова бар ин, дар мактаби навсохт китобхонаи электронӣ низ мавҷуд аст, ки дорои 10 адад компиютер буда, дар махзани он номгӯи зиёди китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ ҷойгир аст.

Қаблан омӯзгорон дар мактаби якошёнаи куҳна ба хонандагон дарс мегуфтанд, ки шароити ногувор дошт. Акнун дар маркази ноҳияи Рӯшон мактаби наву замонавӣ бунёд ва орзуи деринаи сокинон амалӣ гардид. Минбаъд хонандагон дар муассисаи барҳавову замонавӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо техникаю технологияи ҳозиразамон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Шумораи умумии омӯзгорон дар ин муассисаи таълимӣ 48 нафар мебошад ва 8 нафари онҳо мутахассисони ҷавонанд. Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона бунёд шудааст, ки барои зиёда аз 50 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар ошхона ба хонандагон ғизоҳои гарм пешниҳод мегардад.

Барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори муосири варзишӣ сохта шудааст, ки 70 ҷойи нишаст дорад. Толори мазкур асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 230 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Бо мақсади таъмини гармӣ дар фасли сармо тамоми синфхонаҳо, роҳраву ҳуҷраҳои ёрирасон ва утоқҳои кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, муҷаҳҳаз аст.

Пешвои муаззами миллат ба омӯзгорону хонандагон дар самти истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»  ҳидоятҳои судманд доданд.

***

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Майдончаи муосири варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

Майдончаи варзишии замонавӣ аз тарафи соҳибкори саховатпешаи маҳаллӣ Ризвонзода Сафар сохта шудааст.

Оилаи Ризвоновҳо дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаю ташаббусҳои беназири Пешвои миллат иқдом гирфтанд, ки барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар фурсати кӯтоҳ чунин як иншооти варзишии муосирро бунёд намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми ҷавонмардони соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос намуда, амали бунёдкоронаи ӯро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

***

Боздиди кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ аз ифтитоҳи қисми якуми бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 оғоз гардид.

Қисми якуми бинои нави мактаб, ки барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, аз 13 синфхона ва 7 кабинети фаннӣ, аз ҷумла, кабинетҳои компютерӣ, химияву физика, биология, дифои ҳарбӣ ва утоқҳои таълими меҳнат барои писарону духтарон иборат аст. Дар утоқҳои таълими меҳнат духтарон ба омӯзиши касбҳои дӯзандагиву пазандагӣ ва писарон ба ҳунарҳои кандакориву харротӣ фаро гирифта мешаванд.

Мактаб дар оғози соли нави хониш бо тарҳи зебо мавриди истифодаи муҳассилин қарор дода шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба коргарону сохтмончиён барои анҷоми корҳо дар муҳлатҳои муайяншуда изҳори сипос карданд.

Бояд зикр намуд, ки бинои куҳнаи мактаби рақами 8-и шаҳри Хоруғ соли 1958 бунёд шуда буд ва бо гузашти солҳо иншоот куҳнаю фарсуда шуда, шароиту имкониятҳои илмомӯзӣ дар он ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуд. Вобаста ба ин, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат дар заминаи мактаби пешина бунёди мактаби нав ба нақша гирифта шуд. Акнун дар бинои нав барои омӯзгорону хонандагон беҳтарин ва муосиртарин шароити кор ва илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки мактаби нав пурра бо аёниятҳои дарсӣ ва технологияи муосири таълимӣ таъмин карда шудааст. Дар синфхонаи компютерии муассиса, ки дар як вақт имконияти ғунҷоиши 24 хонандаро дорад, 24 адад компютери насли нав насб гардидааст. Дар ин мактаб ба ҳар як хонанда 1 адад компютер рост меояд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ ҳам ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, зикр карда шуд, ки шароиту имкониятҳои илмомӯзӣ дар ин мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таълимгоҳҳои махсус, аз ҷумла, литсей ва мактабҳои Президентӣ баробар аст. Ҳайати омӯзгорону хонандагон барои фароҳам овардани чунин шароити созгори таълимӣ ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат хонандагонро ба истифодаи босамари имкониятҳои фароҳамовардашуда ва омӯзиши амиқи илму донишҳои замонавӣ ҳидоят карданд.

***

21 август дар Майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иншооти муҳими дигар - Нишони давлатиро ба истифода доданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз соли 2016 ҳангоми ба истифода додани Парчами давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони вилоят ва шаҳри Хоруғ дастур дода буданд, ки дар ҳамин мавзеъ рамзи дигари давлатдорӣ - Нишони давлатиро ҳам бунёд намоянд.

Нишони давлатӣ бо баландии 16,5 метр аз сатҳи замин дар майдони 800 метри мураббаъ сохта шудааст. Гирду атрофи он бо гулу буттаҳои нодири ороишӣ зинат дода шуда, роҳравҳои атрофи иншоот сафолакпӯш гардидааст.

Дар маҷмӯъ Майдони Исмоили Сомонӣ 3200 метри мураббаъ масоҳат дошта, дар ду тарафи он фаввора сохта шудааст.

***

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳавкавии ба номи Меҳрубон Назаровро барои 1000 ҷойи нишаст ифтитоҳ бахшиданд.

Президенти мамлакат бунёди ин кохи муҳташами фарҳангиро дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги Боми ҷаҳон армуғони арзишманд номиданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба санъати баланди меъмории миллии бинои театр, ки аз ҷониби устоҳои чирадасти мамлакат бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ зебу зинат ёфтааст, баҳои баланд доданд.

Тибқи лоиҳа, театри вилоятӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 0,54 садяк замин қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи бинои театр толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, толорҳо барои гузаронидани дарсҳо пешбинӣ гардидааст, ки барои фаъолияти назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар ошёнаи якуми бино миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо утоқҳои либосивазкунӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар толори асосии театр барои тамошобинон 1000 ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст.

Саҳнаи театри мазкур бо нақшу нигори миллии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гаҷкорӣ шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мусоид мебошад. Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юми бино ҳуҷраҳои маъмурияти театр, утоқҳои корӣ ва фароғати ҳунармандон ва устохонаҳои дӯзандагӣ ҷойгир шудааст.

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои бинои нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги театр бо аҳли фарҳанг мулоқоти самимӣ доир намуда, барномаи таҳиякардаи санъаткорони вилоятро тамошо карданд.

 ***

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ сурат гирифта, яке аз иншооти муосир дар маркази вилоят маҳсуб меёбад.

Дар маҳаллаи Тирчид 225 оила мавҷуд буда, айни ҳол дар он наздик ба ҳазор нафар сокини то 35-сола истиқомат мекунанд. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони ин маҳалла солҳои зиёд ба чунин иншооти замонавии варзишӣ эҳтиёҷ доштанд.

Майдончаи варзишӣ бо беҳтарин шароити инфрасохторӣ бунёд гардида, дар он ҳамаи талаботи муосир ба инобат гирифта шудааст. Аз ҷумла, гирду атрофи иншоот пурра чароғон карда шуда, пешайвон ва ҷойи нишасти тамошобинон тавассути соябонҳо аз боду борон муҳофизат мешавад. Дар ҳудуди иншооти мазкур, ҳамчунин, майдончаҳои хурди дигар барои бозии футбол, баскетбол ва волейбол сохта шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мураббиён ва варзишгарони наврас - аъзои тимҳои футболи хурд, ки шогирдони Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ мебошанд, суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, дӯст доштани варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва роҳи дурусти ҳаёт талқин намуданд.

***

22 август пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ меҳмони олимақом - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилоят бо самимияти хоса гусел карданд.

Ёдовар мешавем, ки боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят аз 19 то 22 август идома ёфт.

Ин сафар чун ташрифҳои қаблии Роҳбари давлат аз ин минтақаи дурдасти мамлакат бобарор буд, зеро дар давоми 4 рӯз бо иштироки Пешвои миллат дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ даҳҳо адад иншооти наву муосир мавриди истифода қарор гирифта, ҳамчунин, ҷиҳати бунёди як зумра иншооти муҳими дигар санги асос гузошта шуд.

Аксари иншооти наве, ки сохтмонашон зимни ин сафар ба нақша гирифта шуданд, то ҷашни фархундаи умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Маҳз таваҷҷуҳи зиёд ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардидааст, ки новобаста ба дурии роҳ ва иқлиму релефи номусоид, ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи дурдасти мамлакат рушду инкишоф ёбанд. Бадахшон  тадриҷан ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил меёбад

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш