Нашрияи Омӯзгор

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Сана: 2020-08-22        Дида шуд: 32        Шарҳ: 0

 

22.08.2020 13:45, шаҳри Хоруғ

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар давоми чанд рӯзи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мо мушоҳида кардем, ки вилоят дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳои ватандӯстонаи мардуми сарбаланди он ба таври назаррас обод шуда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст.

Маҳз бо мақсади таъмин намудани рушду тараққиёти вилоят мо асри 21-умро – асри рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро - дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон намуда, бо ҳамин мақсад садҳо нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ карда истодаем.

Барои таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 18 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Танҳо соли 2019 ва шаш моҳи соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо, корҳои сохтмону ободонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии буҷети вилоят беш аз 705 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 11 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он тайи солҳои 2016-2020 татбиқи 1345 лоиҳа дар соҳаҳои гуногун ба маблағи умумии беш аз 6,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, дар чор соли сипаришуда 447 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пурра татбиқ гардидааст.

Ҳоло дар вилоят 259 лоиҳа ба маблағи 400 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар ҳудуди вилоят минбаъд низ идома дода мешавад.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ масъулияти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он дар таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии тибқи дурнамо пешбинишуда ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бояд бамаротиб баланд бардошта шавад.

Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии берунӣ ва хавфҳо дар шароити паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ҷиҳати коҳиш додани пайомадҳои онҳо ба иқтисоди миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.

Дар ин раванд, доир ба дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд.

Соли 2019 барои пӯшонидани хароҷоти буҷети вилоят аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 186 миллион сомонӣ ва танҳо дар шаш моҳи соли 2020 -ум 89 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ равона гардидааст, ки зиёда аз 65 фоизи хароҷоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ташкил медиҳад.

Дар тӯли солҳои 1992 – 2020 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ танҳо барои дастгирии буҷети вилоят дар ҳаҷми 1,7 миллиард сомонӣ кумаки молиявӣ ҷудо гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 2030 иншоот ба маблағи умумии 3,1 миллиард сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст.

Танҳо соли 2019-ум 202 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи 380 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шуда, ҳоло корҳои сохтмону азнавсозӣ дар 506 иншоот ба маблағи беш аз якуним миллиард сомонӣ идома доранд.

Дар ин самт, роҳбарони вилоят, вазорату идораҳои марбута, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки иншооти ба нақша гирифташударо босифат бунёд карда, дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода супоранд.

Ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати сохта, ба истифода супоридани иншооти гуногуни иҷтимоиву истеҳсолӣ, хусусан, ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ҷиддан тақвият бахшанд.

Гарчанде иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар шаш моҳи соли 2020 якҷо бо андози иҷтимоӣ 104,4 фоиз иҷро шудааст, вале барои кам кардани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, ки то аввали июли соли ҷорӣ ба 2,1 миллион сомонӣ баробар шудааст, бояд чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Ҳамзамон бо ин, ба Вазорати молия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва пардохти нафақаву кумакпулиҳоро сари вақт таъмин намоянд.

Ҳамчунин, вазоратҳои молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи андоз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар сохтору мақомоти дахлдор доир ба иҷрои ҳатмии Фармони Президенти кишвар аз 5-уми июни соли 2020 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии КОВИД-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ созанд.

Дар шароити паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 зарур аст, ки тамоми захираву имкониятҳо барои баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии мардум, бахусус, дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон истифода бурда шаванд.

Махсусан, дастрасӣ ба қарз бо фоизи нисбатан паст ба тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ, истифодаи самараноки замин ва афзоиши хизматрасониҳо мусоидат мекунад.

Солҳои охир дар вилоят вазъи пешниҳоди қарзҳои хурд аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ беҳтар гардида, дар даҳ соли охир ба 96 ҳазор шахсони ҳуқуқиву воқеӣ беш аз як миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.

Танҳо дар шаш моҳи соли 2020 ба сокинони шаҳри Хоруғ қариб 14 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 22 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳисоби Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти ин ниҳод, яъне ҳафт соли охир барои 29 лоиҳаи тиҷоратии субъектҳои соҳибкории вилоят, асосан ба корхонаҳои хурду миёнаи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз он дар ҳаҷми 13 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардидаанд.

Дар натиҷа аз ҷониби субъектҳои соҳибкории вилоят қариб 700 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Агар то замони истиқлол дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 5 филиали бонкҳо фаъолият дошта бошад, имрӯз 22 филиали бонкӣ, 3 ташкилоти маблағгузории хурд, 2 филиали ташкилоти маблағгузории хурд ва 51 маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ хизмат мерасонад.

Бонки миллӣ, Бонки давлатии “Амонатбонк”, бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои қарздиҳӣ бояд ҷиҳати густариши боз ҳам бештари хизматрасониҳои бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус, бо дарназардошти имкониятҳои вилоят дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, инчунин, ташкили кластерҳои саноатӣ ва хизматрасонӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Ба бонки навтаъсиси “Саноатсодиротбанк” (дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкорӣ) зарур аст, ки ҳаҷми қарзҳоро дар ҳудуди вилоят ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои хурду миёнаи истеҳсолии соҳибкорони вилоят, махсусан, занон афзоиш диҳад.

Таъкид месозам, ки роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар самти рушди соҳибкории истеҳсолӣ мунтазам ҷораҷӯӣ намоянд.

Дар назар бояд дошт, ки дар вилоят барои тараққӣ додани истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ имконияту захираҳо хеле зиёданд.

Соли 2011 дар вилоят дар ҳаҷми 55 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст ва соли 2019 ин нишондиҳанда 4,3 баробар афзоиш ёфта, ба 238 миллион сомонӣ расидааст.

Вале ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар шаш моҳи соли ҷорӣ 70 миллион сомониро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз коҳиш ёфтааст, ки чунин ҳолат андешидани тадбирҳои фавриро тақозо менамояд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хусусан, дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди ашёи хом имкониятҳои калон дорад ва истифодаи самараноки чунин имконот масъулият, касбият ва қобилияти баланди ташкилотчигиро талаб мекунад.

Дар робита ба ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, бахусус, дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз ҷумла коркарди мармар, мева, гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал вусъат бахшанд.

Бо азму талошҳои давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати пурра бо нерӯи барқ таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои вилоят то ба имрӯз хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Бо мақсади боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли нерӯи барқ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар вилоят 29 мегаватт иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Помир-1” бо иқтидори 28 мегавват ба кор андохта шуда, дар натиҷаи корҳои азнавсозӣ аз ҳисоби иқтидорҳои мавҷуда 12,9 мегаватт барқарор карда шуданд.

Ҷиҳати таъмин намудани вилоят бо нерӯи барқи шабонарӯзӣ дар ин давра дар баробари таҷдиду азнавсозии хатҳои интиқоли барқи пастшиддат, зиёда аз 380 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 10, 35 ва 110 - киловолта ва 29 зеристгоҳи барқӣ бунёду таҷдид гардиданд.

Тадбирҳои мазкур, ки барои амалӣ намудани онҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ маблағ пешбинӣ гардид, имкон фароҳам оварданд, ки истеҳсол ва интиқоли нерӯи барқ тадриҷан зиёд гардида, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, инчунин, содироти нерӯи барқ ба минтақаи Бадахшони Афғонистон ба роҳ монда шавад.

Танҳо дар панҷ соли охир азнавсозии нерӯгоҳҳои барқи обии “Андарбак” бо иқтидори 360 киловатт, “Техарв” 400 киловатт ва бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 1500 киловатт ба маблағи умумии 100 миллион сомонӣ амалӣ гардид.

Ҷиҳати таъсиси шабакаи ягонаи энергетикӣ дар қаламрави вилоят сохтмони хатҳои интиқоли барқи 35 - киловолтаи “Вомар – Вознавд” (42 километр), “Маркази Ванҷ – Техарв” (22 километр), “Қалъаихумб – Курговад” (40 километр) ва сохтмони хатҳои интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110 - киловолта дар самти “Хоруғ – Андароб” (10 километр), Хоруғ – Поршнев” (9 километр), “Нерӯгоҳи барқи обии Помир -1 – Хоруғ” (22 километр) ва “Вознавд – Дашти Язғулом” (33 километр) ба анҷом расонида, 9 зеристгоҳи 35/10 - киловолта таҷдиду азнавсозӣ карда шуд.

Ҳанӯз се сол пеш ҳангоми мулоқот бо сокинони вилоят таъкид карда будам, ки ҷиҳати асосноккунии техникиву иқтисодии нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа ва таҳияи лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии “Санобод” чораҷӯӣ карда шавад.

Ҳоло лоиҳаи асосноккунии техникии нерӯгоҳҳои “Санобод” бо иқтидори 200 мегаватт ва “Себзор” бо иқтидори 11 мегаватт, хатти интиқоли барқи 110 - киловолтаи “Себзор – Хоруғ” ва дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 110 - киловолта омода гардида, корҳои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” соли ҷорӣ оғоз шуданд.

Танҳо барои маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи “Себзор”, хатти интиқоли барқи 110 - киловолтаи “Себзор - Хоруғ” ва дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 110 - киловолта, дар маҷмӯъ, беш аз 550 миллион сомонӣ равона мегардад.

Илова бар ин, моҳи октябри соли ҷорӣ нерӯгоҳи хурди барқи обии “Хатфат” бо тавоноии 450 киловатт дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ба истифода супорида шуда, корҳои сохтмон дар хатҳои интиқоли барқи дузанҷираи 110 - киловолтаи “Нерӯгоҳи барқи обии “Хоруғ” - шаҳри Хоруғ” ва “Поршнев - Бунӣ” бо дарозии 26 километр бо маблағи умумии қариб 40 миллион сомонӣ оғоз меёбанд.

Вале бо вуҷуди ин дастовардҳо, дар ноҳияҳои вилоят доир ба таъмини аҳолии деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ бо барқ ҳанӯз ҳам баъзе камбудиву мушкилот ба назар мерасанд.

Ҷиҳати бартараф намудани ин камбудиҳо Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки соли ҷорӣ сохтмони шабакаҳои барқии хурдро дар 35 деҳаи дурдасти кӯҳии вилоят бо истифода аз коллекторҳои офтобӣ, дастгоҳҳои бодӣ, нерӯгоҳҳои барқи обии хурд, пайваст намудани истифодабарандагон ба ин шабакаҳо, бунёди шабакаҳои барқии 10 ва 0,4 киловатт дар 26 деҳаи дигар ва пайваст намудани онҳоро ба шабакаҳои марказии вилоят ба маблағи беш аз 260 миллион сомонӣ оғоз намуда, корҳои мазкурро дар давоми ду сол пурра ба итмом расонад.

Илова бар ин, вақтҳои наздик корҳо оид ба насби коллекторҳои офтобӣ бо иқтидори 200 киловатт дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи 5 миллион сомонӣ ва асосноккунии техникиву иқтисодии бунёди хатти интиқоли барқи 110 - киловолтаи “Хоруғ-Қозидеҳ” ба маблағи 100 миллион сомонӣ оғоз карда мешаванд.

Яъне дар давоми ду соли минбаъда беш аз 12 ҳазор нафар сокинон дар ҳудуди ноҳияҳои вилоят (61 деҳа дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим, Шуғнон ва Мурғоб) бо нерӯи барқи доимӣ таъмин мегарданд.

Дар робита ба ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати “Помир - энерҷӣ” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супориш дода мешавад, ки корҳоро дар самти татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикаи вилоят тақвият бахшида, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” чораҳои зарурӣ андешанд ва онро то охири соли 2022 ба истифода супоранд.

Ҳамватанони азиз!

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимми рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июли соли 2020 кишоварзони вилоят кишти зироатҳоро дар майдони 10,5 ҳазор гектар анҷом додаанд, ки бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.

Ҳамчунин, солҳои охир ҳосилнокии зироатҳои асосии кишоварзӣ дар вилоят тамоюли пастравӣ пайдо намудааст.

Соли 2019 нисбат ба соли 2018 ҳосилнокии ғалладонагиҳо 3,5 сентнер, картошка 1,6 сентнер ва сабзавот 14,5 сентнер кам гардида, нисбат ба соли 2015 -ум ҳосилнокии ғалладонагиҳо 9,2 сентнер ва мева 2,7 сентнер коҳиш ёфтааст.

Соли 2019 саршумори чорво аз рӯи намудҳои алоҳидаи он нисбат ба соли 2015 аз 12 то 31 фоиз ва истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти чорводорӣ аз 7 то 56 фоиз кам шудааст.

Ҷиҳати амалисозии барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар панҷ соли охир бояд дар майдони 325 гектар боғ, аз ҷумла 11 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд ва майдони 550 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шаванд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар чор солу панҷ моҳи соли ҷорӣ дар вилоят дар майдони 199 гектар боғ бунёд карда шудааст, ки 61,3 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумии боғҳои бунёдгардида дар ноҳияи Ванҷ 1,9 гектар боғи интенсивӣ бунёд шудаасту халос.

Бояд дар панҷ сол дар ноҳияи Дарвоз 2,8 гектар, Ванҷ 5,5 гектар ва дар ноҳияи Рӯшон 2,7 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда мешуданд, вале ин кор иҷро нашудааст.

Инчунин, дар давоми панҷ сол майдони 79 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шудаанд, ки ҳамагӣ 14 фоизи барномаро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки мо бо дарназардошти тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим, хушксолиҳои шадид, зиёдшавии аҳолии сайёра, вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарону мутахассисони тамоми сохтору мақомотро ба масъалаи зиёд кардани майдони кишт, бунёди боғҳо, нигоҳ доштани саршумори чорво ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, яъне сафарбар намудани тамоми захираву имкониятҳо барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҷалб карда истодаем.

Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои тасдиқшудаи кишти зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, парвариши тухмии аълосифати картошкаю сабзавот ва дигар намуди зироатҳои кишоварзии ба минтақа мувофиқро таъмин намоянд.

Дар ин росто, Академияи илмҳои кишоварзиро зарур аст, ки ба фаъолияти филиали худ дар вилоят, аз ҷумла доир ба корҳои селексионӣ ва ба иқлими минтақа мутобиқ гардонидани ғалладонагиҳову картошка, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ва ҳифзи захираҳои генетикӣ ба таври ҷиддӣ тақвият бахшад.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19, ки дар баробари дигар омилҳои манфӣ ба амнияти озуқавории аҳли башар таҳдид карда истодааст, кишоварзони мамлакат, аз ҷумла вилоятро водор месозад, ки аз ҳар як порча замин оқилона истифода баранд.

Доир ба ин масъала дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати кишвар моҳи апрели соли ҷорӣ ва дар машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон моҳи май дар ноҳияи Данғара ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки доир ба иҷрои нақшаҳои тасдиқшуда ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, обёрии заминҳои нав, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, бунёди боғҳои нав ва захира намудани маводи ғизоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба иҷрои онҳо то охири соли 2020 ба Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориши муфассал пешниҳод намоянд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки яке аз роҳҳои асосии пешрафти соҳаи кишоварзӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ташкили истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои мавҷуда ва аз худ кардани заминҳои нав мебошад.

Дар 7 соли охир дар вилоят 386 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шуда, корҳо барои обёрӣ намудани 500 гектар замини нав аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ дар ноҳияи Рӯшон идома доранд.

Дар ин давра ҳолати мелиоративии ҳамагӣ 23 гектар заминҳои кишоварзии вилоят беҳтар гардонида шудааст, ки ин ба талабот ҷавобгӯ нест.

Вобаста ба ин, ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, истифодаи самараноки обу замин ва ҳар сол аз худ кардани заминҳои нав мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Инчунин, доир ба азхудкунии заминҳои нав ва таъмин кардани рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзии вилоят барномаи нав таҳия ва пешниҳод созанд.

Ҳоло дар вилоят 45 гармхона мавҷуд буда, аз тарафи кишоварзони ноҳияи Рӯшон, аллакай, ҳосили сабзавот ба бозори дохилӣ бароварда шудааст, ки ин таҷрибаи аввалин дар вилоят мебошад.

Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон дар самти ташкили гармхонаҳо тақвият бахшанд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки бо ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати рушди чорводорӣ, аз ҷумла қутоспарварӣ, парандапарвариву моҳипарварӣ ва ба ин васила беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Ҳамватанони азиз!

Ҳукумати мамлакат дар самти ободонии вилоят ва бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.

Имрӯзҳо барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар ҳудуди вилоят сохтмони 613 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 38 фоизи он пурра иҷро ва 145 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.

Таъкид месозам, ки суръати иҷрои корҳо то ҳанӯз қонеъкунанда нест ва аз роҳбарону мутасаддиён тақозо мегардад, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Дар ин самт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда, бо сифати баланд ва бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооти ба нақша гирифташуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Илова ба корҳои зикршуда то имрӯз дар ҳудуди вилоят, аз ҳисоби буҷети давлат ба маблағи умумии даҳҳо миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, бо об таъмин кардани аҳолии шаҳри Хоруғ, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва чароғонкунии кӯчаҳои шаҳр, ободонии дигар ноҳияҳои вилоят ва бунёди чандин варзишгоҳҳои муҷаҳҳази замонавӣ барои оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим анҷом дода шудаанд.

Танҳо дар шаҳри Хоруғ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию обтаъминкунии аҳолӣ тавассути барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 83 миллион сомонӣ ҷудо гардида, то имрӯз корҳо ба маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ иҷро шудаанд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади фароҳамсозии шароити мусоид барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, воридоти техникаву технологияҳои муосир ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ноҳияи Ишкошим Минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст.

Барои бунёди инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлат то имрӯз зиёда аз 10 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадор аст, ки якҷо бо роҳбарони вилоят ва ноҳияи Ишкошим, инчунин, дигар сохтору мақомоти дахлдори вилоят ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва ҳарчи зудтар ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардани Минтақаи озоди иқтисодӣ чораҷӯӣ намояд.

Мо мақсад дорем, ки минбаъд низ корҳои сохтмон ва таъмиру азнавсозиро дар доираи барномаву лоиҳаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома бахшем.

Ҳукумати кишвар ҷиҳати амалӣ гардонидани ин ҳадаф ҳазорҳо километр роҳҳои мошингардро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёду азнавсозӣ карда истодааст, ки қисми зиёди онҳо аз ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад.

Умуман, бояд гуфт, ки барои иҷрои ин нақшаҳо дар даврони истиқлол дар вилоят 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, дар доираи онҳо беш аз 373 километр роҳҳо ва 40 пул бунёд шудааст.

Ҳоло дар соҳаи роҳсозӣ барои вилоят татбиқи боз 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,2 миллиард сомонӣ идома дорад ва лоиҳаи таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ, ки аз ҷумлаи онҳо мебошад, вақтҳои наздик оғоз карда мешавад.

Бунёди роҳҳо имконият дод, ки дар вилоят ҳаҷми боркашонӣ аз 195 ҳазор тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ аз 1,2 миллион нафар мусофир дар соли 1992 ба 236 ҳазор тонна бор ва 7,2 миллион нафар мусофир дар соли 2019 расонида шавад.

Зимнан, дар қаламрави вилоят татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин (32 километр) ва Шкев-Қалъаихумб (26 километр) ба маблағи умумии қариб 1 миллиард сомонӣ ва лоиҳаи “Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ”, ки дар доираи он 17 пул бунёд ва барқарор карда мешавад, бо арзиши 211 миллион сомонӣ идома дорад.

Ҳукумати мамлакат дар давоми се соли минбаъда шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷро ба масофаи 93 километр ва бо маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ амалӣ мегардонад, ки дар доираи он, ҳамчунин, сохтмони 15 пул ва 2 нақб пешбинӣ шудааст.

Паҳншавии пандемияи коронавирус корҳои вобаста ба имзои санадҳои дахлдорро ба таъхир андохт.

Бо вуҷуди ин, мо тасмим дорем, ки корҳои таҷдиди шоҳроҳро то охири соли ҷорӣ оғоз намоем.

Баъди ба истифода додани қитъаи роҳи Қалъаихумб – Ванҷ ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти боркаш, масофаи роҳ ва ҳамлу нақли молу маҳсулоти ниёзи мардум дар ин шоҳроҳи мушкилгузари ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон осон ва кӯтоҳ мегардад.

Дар баробари татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷудо кардани маблағҳои буҷетӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят сол ба сол зиёд шуда, дар зарфи солҳои 1993-2020 ба ин мақсад 194 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар ин муддат шумораи воситаҳои техникии нигоҳдории роҳҳои вилоят бо дарназардошти 84 техникаву таҷҳизоти замонавии аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ харидоришуда ба 227 расидааст.

Бо вуҷуди ин, дар самти таҷдиди роҳҳои вилоят то ҳанӯз мушкилиҳои зиёд боқӣ мондаанд, ки бояд ҳарчи зудтар ҳаллу фасл карда шаванд.

Масалан, ҳоло дар шаҳри Хоруғ нақлиёти мусофирбару боркаш мустақиман тавассути кӯчаи марказӣ ҳаракат карда, оромӣ ва гашту гузори шаҳрвандонро халалдор месозад ва ҳамзамон бо ин, ба муҳити зист зарар мерасонад.

Бо мақсади ҳалли ин масъала дирӯз мо санги асоси бунёди пули мошингузарро аз болои дарёи Ғунд гузоштем.

Мехоҳам хотирнишон намоям, ки дар натиҷаи чунин таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи роҳу нақлиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар зарфи бист соли охир вилоят аз як гӯшаи дар бунбасти коммуникатсионӣ қарордошта ба гузаргоҳи транзити байналмилалӣ табдил ёфта истодааст.

Ҳоло тавассути гузаргоҳҳои байналмилалии “Қизил Арт”, “Кулма” ва 6 пул аз болои дарёи Панҷ соли 2019 ва шаш моҳи соли 2020 беш аз 170 ҳазор тонна молу маҳсулот воридот ва 6 ҳазор тонна содирот шудааст.

Амалӣ гардидани ин ҳадафи стратегӣ, ки аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, ба рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъсиси ҳазорҳо ҷойи кории нав, рушди сайёҳиву хизматрасонӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 180 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо зиёда аз 25 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 302 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Хусусан, тайи солҳои охир дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат шароити таълиму тарбия ва заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии вилоят хеле мустаҳкам гардида, мактабҳои дар хонаҳои шахсиву вагонҳо фаъолиятдошта ба биноҳои нави замонавӣ кӯчонида шуданд.

Танҳо имсол барои соҳаи маорифи вилоят 112 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, илова бар ин, дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар 5 иншооти соҳа корҳои сохтмон ва таъмиру барқарорсозӣ ба анҷом расида, сохтмони 2 иншооти дигар идома дорад.

Аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ корҳои таъмиру барқарорсозии маркази таълими калонсолон, дар ноҳияи Шуғнон литсеи касбҳои техникӣ, сохтмони бинои Раёсати маорифи вилоят дар шаҳри Хоруғ ва дар ноҳияи Дарвоз сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Паткуноб пурра ба анҷом расида, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 340 ҷойи нишаст дар деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ ба маблағи қариб 9 миллион сомонӣ идома дошта, як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯшон ба маблағи 24 миллион сомонӣ дар доираи сафари кории мо ба истифода супорида шуд.

Дар доираи сафари корӣ мо дар ноҳияи Дарвоз санги асоси мактаби Президентиро гузоштем.

Инчунин, дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ба донишгоҳи давлатии ба номи Моёншо Назаршоеви шаҳри Хоруғ грантҳои хурд барои баландбардории сатҳи касбияти қувваи корӣ пешниҳод гардида, ташкили курсҳои академӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмири озмоишгоҳ, ҷиҳозонидан бо таҷҳизот ва таъмин бо маводи таълимӣ иҷро шудааст.

Мо бо мақсади тарбияи истеъдодҳои ҷавон дар шаҳри Хоруғ мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат, дар ноҳияи Рӯшон мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро таъсис додем ва дар онҳо беҳтарин шароити таълиму тарбияро муҳайё кардем.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати рушди имкониятҳои зеҳнии кӯдакон 21 муассисаи томактабӣ ва 146 маркази инкишофи кӯдакон фаъолият дорад.

Аз соли 2016 то 2020, яъне дар панҷ соли охир барои хатмкунандагони мактабҳои вилоят қариб 800 квотаи Президентӣ, аз ҷумла барои духтарон беш аз 400 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷудо карда шудааст.

Ҳамчунин, барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят соли 2017 –ум 12 ҷой, соли 2019 –ум 70 ҷой ва соли 2020 –ум 123 ҷойи иловагӣ ҷудо гардидааст.

Дар замони истиқлоли давлатӣ қариб 35 ҳазор нафар ва соли таҳсили 2019 – 2020-ум қариб 4 ҳазор нафар ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро хатм кардаанд. Ҳоло дар ин муассисаҳо зиёда аз 8 ҳазор нафар фарзандони мардуми вилоят таҳсил карда истодаанд.

Ҳамчунин, дар муддати 29 сол қариб 4 ҳазор нафар ҷавонони вилоят барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд.

Бар замми ин, аз соли 2015 то соли 2020 – ум 905 нафар ҷавонони вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода шудаанд.

Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатии компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ то имрӯз муассисаҳои таълимии вилоят бо 2377 компютер таъмин карда шудаанд, ки ин рақам 184 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Барои ҳифзи саломатии сокинони вилоят 347 муассисаи тандурустии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият дорад.

Вале таъкид менамоям, ки дар ин муассисаҳо норасоии мутахассисон то ҳанӯз ба назар мерасад.

Бо мақсади ҳалли ин масъала ҳар сол барои ҷавонони вилоят дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон квотаи Президентӣ ҷудо мегардад ва соли таҳсили 2019-2020 шумораи онҳо 185 нафарро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд масъалаи ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкардагони муассисаҳои тиббиро, ки тибқи квотаи Президентӣ ва аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил менамоянд, таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Соли 2020 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду азнавсозии 8 муассисаи тиббӣ ва бинои Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ идома ёфта, дар 7 ноҳияи вилоят сохтмони марказҳои саломатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббии вилоят ба муҷаҳҳазгардонӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар давоми соли 2019 ва соли ҷорӣ барои муассисаҳои табобативу профилактикии вилоят 6 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба маблағи беш аз 1,8 миллион сомонӣ ва 13 автомашинаҳои гуногуни таъиноти тиббӣ ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ харидориву дастрас карда шуданд ва чунин дастгирӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома дода мешавад.

Ҷиҳати пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва таъмин намудани шароити мусоид барои табибон муассисаҳои тиббии вилоят иловатан бо 120 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ, маводу ашёи муҳофизатӣ, безараргардонӣ ва озмоишгоҳӣ таъмин карда шуданд.

Бо дарназардошти вазъи ҷорӣ ва пешгирӣ кардану сари вақт табобат намудани чунин беморон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Яке аз масъалаҳои ташвишовар дар вилоят зиёдшавии шахсони гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам нисбат ба дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Бо мақсади пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ ва нигоҳубину табобати беморон дар вилоят як маркази вилоятӣ, як маркази шаҳрӣ ва 7 маркази ноҳиявӣ фаъолият менамояд.

Аз соли 1991 то инҷониб дар кишвар 12666 нафар сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 705 нафарашон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.

Шумораи фавтидагон дар вилоят аз шумораи умумии сироятёфтагон 44,5 фоиз (ё 314 нафар)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба дигар вилоятҳо (Хатлон 27,2 ва Суғд 29 фоиз) зиёд мебошад.

Дар шаш моҳи аввали соли 2020 дар кишвар 680 ҳолати нави сироятёбӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 21 ҳолат ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.

Ҳоло аз 9211 нафар беморони дар қайди ҳаётбуда 391 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, шумораи зиёди онҳо ба шаҳри Хоруғ (186 нафар) ва ноҳияи Шуғнон (76 нафар) рост меояд.

Бинобар ин, сохторҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо оила, дин ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҷалби васеи фаъолон, зиёиён ва падару модарон ҷиҳати пешгирӣ намудани сирояти бемории зикршуда дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Бадахшон макони ҳазорҳо намуди гиёҳҳои шифобахш мебошад.

Яъне дар ҳудуди вилоят дар баробари хизматрасонии тиббӣ барои рушди гиёҳдармонӣ ва сайёҳии табобатӣ шароити мусоид мавҷуд буда, зарур аст, ки дар ин самт низ мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.

Тибқи маълумоти мутахассисон зиёда аз 70 чашмаи табиӣ ва обҳои гарми ҳудуди вилоят хосияти шифобахшӣ дошта, дар сурати истифодаи оқилонаву мақсадноки онҳо ҳазорон нафар эҳтиёҷмандон метавонанд аз чунин навъи табобат баҳра бардоранд.

Бояд гуфт, ки бо дарназардошти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои баланду барфпӯш ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ тараққӣ додани сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад.

 Сол ба сол афзудани шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ нишонаи возеҳи имкониятҳои васеи сайёҳии Бадахшон мебошад.

Дар ҳақиқат, Бадахшон бо кӯҳҳои зебоманзар, пиряхҳо, чашмаҳои гарм ва мавзеъҳои таърихиву табиати нотакрори худ ҳамчун яке аз мавзеъҳои нодири сайёҳиву кӯҳнавардӣ, шикор ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар ҷаҳон эътироф гардидааст.

Боиси ифтихори мову шумост, ки соли 2013 бо қатъномаи ЮНЕСКО Боғи миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ин ташкилоти бонуфуз ворид гардид.

Боғи миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноту наботот, рушди сайёҳӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ташкил ёфта, масоҳати 2,6 миллион гектарро дар бар мегирад.

Масоҳати Боғи миллӣ 60 фоизи қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ва 40 фоизи ҳудуди ноҳияҳои Сангвору Лахш ва дар маҷмӯъ 18 фоизи масоҳати умумии мамлакатро ташкил дода, қисмати зиёди он аз кӯҳҳои баландиашон беш аз 5-6 ҳазор метр иборат мебошад.

Кӯлҳои Қарокӯл, Зоркӯл ва Сарез, водии Сангвор, қуллаҳои Исмоили Сомониву Абӯалӣ ибни Сино, пиряхҳои Федченко, Хирсон ва Гармо, ки ҳамасола сайёҳону кӯҳнавардони зиёд барои тамошои онҳо меоянд, инчунин, чашмаҳои гарму маъданӣ аз шоҳкориҳои табиати ин қисмати Ватани азизамон - Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳӣ бояд ҷиҳати дар мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ташкил кардани инфрасохтори замонавӣ, назорати ҳолати санитарии онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва омода намудани кадрҳо дар ин самт, инчунин, ҷалби аҳолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ корҳои амалиро ба роҳ монанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва риояи қонунияту тартибот дар саросари кишвар, яъне таъмин будани волоияти қонун шарти муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар, аз ҷумла Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Вале тавре ки ҳамаи шумо дар хотир доред, аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сар карда, то соли 2018 вазъият дар ҳудуди вилоят ва пеш аз ҳама, дар маркази он – шаҳри Хоруғ тамоюли мураккабшавӣ дошт.

Дар ин давра сатҳи баланди ҷинояткорӣ, фаъолшавии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, мусаллаҳшавии онҳо, таъсири гурӯҳҳое, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул буданд, инчунин, ашхоси тахрибкор ва робитаи онҳо бо хадамоти махсуси баъзе кишварҳои хориҷӣ, инчунин, бисёр осебпазир гардидани сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омилҳои асосии таъсиргузор ба вазъият ба шумор мерафтанд.

Мавҷудияти шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар дасти сокинон, ғайриқонунӣ гирифта гаштани силоҳи оташфишон аз ҷониби ашхоси алоҳидаи ҷиноятпеша ва саркардагону аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, содиршавии ҷиноятҳои вазнин бо истифода аз силоҳи оташфишон ва нокушода мондани онҳо боиси ташвишу изтироби мардум гардида буданд (1372 ҷиноят аз солҳои қаблӣ нокушода монда буд).

Инчунин, содиршавии ҷиноятҳои зиёди вобаста ба убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо ва силоҳи оташфишон вазъи вилоятро мураккаб гардонида буд.

Вобаста ба вазъи бамиёномада ва бо мақсади ба эътидол овардани вазъият мо ҳангоми сафар ба вилоят моҳи сентябри соли 2018 қарор кардем, ки аз ҳисоби роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ таъсис диҳем.

Зеро афзоиши ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам ва бетарафию хунукназарӣ ва дурӯягии баъзе кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, яъне хизматчиёни давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, фаъолони ҷомеа ва ҳатто баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини волоияти қонун, яъне мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, риоя нагардидани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ва забони давлатӣ моро ба қабули чунин қарор водор сохт.

Ситоди мазкур фаъолияти худро дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои аз тарафи Роҳбари давлат додашуда доир ба коҳиш додани шиддати ҷинояткорӣ дар вилоят ба роҳ монда, бо ҷалби кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти амният, корҳои дохилӣ, фаъолону ҷавонон ва аҳли зиё корҳои фаҳмондадиҳиро оғоз намуд.

Дар ин раванд, пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки бинобар пушаймонӣ аз кирдор ва ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта нисбат ба амалҳои ғайриқонунии 119 нафар сокинони вилоят ҷазоҳои сабук татбиқ карда шуданд.

Аз ҷумла нисбат ба 25 нафар шахсоне, ки қонуншиканиҳои гуногун содир карда буданд ва дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, бинобар сабаби ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ихтиёран ҳозир шудан, худиқрории онҳо ва бо тафтишот ҳамкорӣ карданашон ҷазои аз озодӣ маҳрум шудани онҳо аз меъёри пешбиникардаи қонунгузорӣ нисбатан кам таъин карда шуд.

Инчунин, 40 нафар ҷавононе, ки бори аввал даст ба ҷиноятҳои авбошӣ зада, ба истифодаи зӯроварӣ ва таҳдид ба муқобили намояндагони ҳокимият - кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ роҳ дода буданд, бинобар ҷавон ва синну солашон ба даъвати ҳарбӣ баробар будан нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда нашуданд.

Бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфтани ин ҷавонон онҳо ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, ҳоло дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бомуваффақият хизмат карда истодаанд.

Барои солҳои тӯлонӣ саркашӣ кардан аз пардохти қарзҳои бонкӣ нисбат ба 91 нафар сокинони вилоят 87 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд ва мебоист барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда мешуд.

Лекин аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ба онҳо имконият дода шуд, ки маблағи қарзи бонкиашонро пардохт намоянд.

Баъди пардохт намудани маблағи қарзҳои бонкӣ бинобар пушаймонӣ аз кирдор нисбат ба 34 нафар парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида қатъ карда шуданд.

Нисбат ба 20 нафар сокинон, ки ба амалу кирдорҳои авбошӣ, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият ва қасдан расонидани зарар ба саломатӣ роҳ дода буданд, ба хотири ҷавон буданашон ва дар оянда ба ҳаёти фарзандонашон наовардани маълумоти иснодоваранда, яъне доғи судӣ ба ҷойи оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҳар яки онҳо ба муҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.

Дар баробари ин, ҷиҳати мусодираи силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, маводи мухаддир, дастгир кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, як силсила тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

Тибқи ҳисоботи пешниҳодкардаи ситод дар зарфи як солу даҳ моҳи гузашта 376 парвандаи ҷиноятӣ ва 3737 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ 208 нафар (141 шаҳрванди Тоҷикистон, 67 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 64 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) таҳти тафтишот қарор дода шуданд, ки аз ин шумора 143 нафарашон аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мебошанд.

Дар ин давра аз тарафи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ дар вилоят 1190 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, кушодашавии он беш аз 90 фоизро ташкил кард.

Инчунин, дар қаламрави вилоят қариб 56 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардид.

Илова бар ин, 54 ҳолати дахолат кардан ба фаъолияти намояндагони ҳокимияти давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, истифодаи зӯроварӣ ва таҳқиру таҳдид ба қайд гирифта, нисбат ба 67 нафар сокинони вилоят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Барои дар ҳолати сархушӣ содир намудани кирдорҳои майдаавбошӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 2000 нафар сокинони вилоят дастгир гардида, 1750 нафари онҳо аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.

Дар давоми як солу 10 моҳи охир 1200 нафар беморони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки 200 нафари онҳо барои содир кардани ҷиноят ҳабс гардидаанд.

Дар натиҷаи сӯйистеъмоли воситаҳои нашъадор 40 нафар фавтидааст.

Ҳоло 860 нафар нашъамандон дар қайд боқӣ мондаанд.

Дар ин давра 600 нафар майзадагон муайян ва ба қайди диспансери наркологии вилоят гузошта шудаанд.

Аз ин шумора дар давоми як солу 10 моҳи охир 100 нафар табобат ёфта, 20 нафари дигар фавтидааст.

Имрӯз дар қайд 400 нафар майзадагон боқӣ мондаанд.

Дар самти мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ 143 нафар саркардагон ва аъзои гурӯҳҳои зикршуда дастгир гардида, 122 нафари онҳо бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои оперативию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби ситод 115 нафар аъзои дар кофтукови расмӣ қарордоштаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дастгир гардиданд.

Дар давраи зикршуда аз аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва шахсони алоҳида 1072 мил силоҳи оташфишон ва 353 килограмм маводи мухаддир, инчунин, берун аз ҳудуди вилоят аз сокинони вилоят 272 килограмм маводи мухаддир мусодира гардида, аъзои 13 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии нашъаҷаллоби фаромиллӣ дар ҳайати 73 нафар ошкор ва дастгир карда шудаанд, ки 51 нафари онҳо сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.

Илова бар ин, ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳаммарз, хусусан, дар мавзеъҳои осебпазир аз моҳи декабри соли 2018 то инҷониб 50 дидбонгоҳи иловагии сарҳадӣ, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ 27, ноҳияҳои Дарвоз 11 ва Ишкошим 12 дидбонгоҳ таъсис дода шуд.

Мубориза бар зидди экстремизму терроризм ва баргардонидани толибилмоне, ки ғайрирасмӣ дар кишварҳои хориҷӣ таълими динӣ мегирифтанд, дар ин давра пурзӯр гардонида, нисбат ба 4 нафар сокинони деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ бинобар робита доштанашон бо аъзои ташкилотҳои байналмилалии террористӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Бояд гуфт, ки то ҳол 50 нафар сокинони вилоят дар сафи чунин ташкилотҳо қарор доранд.

Ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти ситод дар давраи қариб ду соли охир буд.

Дар ин муддат, нисбат ба 91 нафар 87 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, зарари расонидашуда ба маблағи 20 миллион сомонӣ барқарор гардидааст.

Аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ, қарзи қувваи барқи истифодашуда, нафақа, музди меҳнат, оби ошомиданӣ, андоз, дигар ҷаримаҳо, инчунин, хизматрасониҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ қариб 104 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.

Дар доираи чорабиниҳои амалишуда рӯёнидани қариб 3 миллион сомонӣ маблағи пардохтҳои гумрукӣ таъмин гардида, 7,6 миллион сомонӣ маблағҳои андози пардохтнашудаи корхонаву идораҳо, шаҳрвандони алоҳида ва соҳибкорони инфиродӣ ба буҷети давлат баргардонида шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия солҳои 2018 – 2019 ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 446 ҷинояти коррупсионии аз тарафи 262 нафар содиргардида ошкор карда шудааст, ки 49 ҳолати онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда ба шаҳри Хоруғ 118 ҷиноят, ноҳияҳои Шуғнон 37, Рӯшон 47, Роштқалъа 42, Мурғоб 20, Ишкошим 54, Ванҷ 48 ва Дарвоз 80 ҳолат рост меояд.

Тибқи таҳлилҳо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 28 ҷиноят, соҳаи маориф 35, тандурустӣ 4, муассисаҳои бонкӣ 112 ва кормандони сохторҳои зертобеи дигар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандон 267 ҷиноят содир кардаанд.

Масалан, шаҳрванд Дӯстмамадов Увайдо бо мақсади тасарруфи маблағҳои қарзӣ аз Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Бонки давлатии «Амонатбонк» барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва макаронӣ 632 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифта, 422 ҳазор сомонии онро тасарруф намудааст.

Ё ин ки директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Синбод»-и шаҳри Хоруғ Саидмамадов Саидраҳим ҳангоми иҷрои корҳои сохтмони бинои нотамоми таълимӣ дар деҳаи Хабости ноҳияи Роштқалъа бо роҳи сохтакорӣ дар санадҳо арзиши иҷрои корҳои сохтмониро 61 ҳазор сомонӣ барзиёд нишон дода, маблағи мазкурро азони худ кардааст.

Сармуҳосиби филиали «Амонатбонк»-и ноҳияи Ишкошим Турдиев Ориф дар солҳои 2014 – 2015 бо маслиҳати пешакӣ бо масъулини бонк ба номи шаҳрвандони алоҳида бе хабардор кардани онҳо парвандаҳои қарзии қалбакӣ тартиб дода, бо ин роҳ 721 ҳазор сомониро азони худ намудааст.

Ҳолати қарзҳои ғайрифаъол, яъне, қарзҳои мушкилситони ташкилотҳои қарзии дар вилоят фаъолиятдошта ташвишовар боқӣ монда, ба 30 июни соли ҷорӣ ҳаҷми онҳо қариб 19 миллион сомониро ташкил додааст.

 Дар вилоят шумораи шахсоне, ки уҳдадориҳои худро дар назди ташкилотҳои қарзӣ иҷро намекунанд, то ҳол зиёд мебошад.

Мехоҳам як нуктаи муҳимми дигарро хотирнишон намоям.

Солҳои қаблӣ дар вилоят  нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ умуман иҷро намегардид.

Баъди мулоқоти Роҳбари давлат ва бо дастгирии сокинон нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2018 107 фоиз, даъвати баҳории соли 2019 дар 3 рӯз 104 фоиз, даъвати тирамоҳии соли 2019 дар 3 рӯз 110 фоиз ва даъвати баҳории соли 2020 дар 1 рӯз 103 фоиз иҷро гардид.

Дар ҷодаи амалисозии иқдомот ва чорабиниҳои зикршуда дастгирии сокинони вилоят, падару модарон ва хусусан, ҷавонон нақши бисёр арзишманд бозиданд, ки бо истифода аз фурсат, ба мардуми вилоят барои пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатии вилоятро бори дигар вазифадор месозам, ки робитаро бо аҳолӣ мустаҳкам карда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву шаҳрвандии сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.

Дар ин раванд, алалхусус, раисони маҳаллаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, яъне хизматчиёни давлатӣ мавқеи бетарафиро ишғол накарда, бояд масъулияти баланд ва ташаббускорӣ нишон диҳанд.

Чунонки борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ таъкид кардаам, ноором боқӣ мондани вазъият дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва идома ёфтани муқовимати мусаллаҳонаи созмонҳои террористӣ дар қаламрави он ба вазъияти Тоҷикистон, бахусус, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо ин кишвар 910 километр сарҳад дорад, таъсири бевосита расонида, ба суботу оромии минбаъдаи он хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.

Афзоиши шумораи ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаҳои шимолии Афғонистон ҳамчун таҳдид ва омили асосии хатарзо барои сохти конститутсионӣ ва давлатдории милливу дунявии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Вале мутаассифона, баъзе гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидаву дониста, ин омилро сарфи назар карда, бо аъзои ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ, қочоқчиёни маводи мухаддир, силоҳ ва сарҳадшиканони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робита барқарор мекунанд ва ҷиноятҳои вазнин содир намуда, суботу оромиро дар қаламрави вилоят халалдор месозанд.

Ва дар ин самт сокинони осоиштаро низ бо роҳи фиреб ва мағзшӯӣ истифода мекунанд.

Масалан, дар давоми 1 солу 10 моҳи охир 13 нафар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, инчунин, бо даъвату ташвиқоти онҳо 51 нафар сокинони вилоят ва 15 нафар шаҳрвандони Афғонистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, кӯшиши интиқоли гурӯҳҳои террористӣ ба хоки Тоҷикистон бо мақсади ноором сохтани вазъ дар қаламрави вилоят ва мамлакат дар хатти марз дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади аз байн бурдани омилҳое, ки ба пайдоиш, ташаккулёбӣ ва нуфуз пайдо кардани ғояҳои экстремистиву террористӣ ва ҳолатҳои қонунвайронкунӣ замина мегузоранд, инчунин, ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон бояд маҷмӯи чорабиниҳо дар самти ба аҳолӣ фаҳмонидани мафҳумҳои тоҷик ва тоҷикият, давлатдории миллии тоҷикон, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ба мисли устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шотемур ва дигарон барои пойдории давлати тоҷикон амалӣ карда шаванд.

Барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон арзиш ва мафҳуми “пойдории давлати миллии тоҷикон” бояд аз ҳама боло бошад ва ҳамчун ғояи муҳимму тақдирсоз дониста шавад.

Вале аз таҳлилу мушоҳидаҳо чунин бармеояд, ки бо вуҷуди тадбирҳои то имрӯз амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва ғамхориву шароити муҳайёгардида, хусусан, дар самти таълиму тарбия то ҳол сатҳи корҳои тарбиявӣ дар ҳамаи зинаҳо ­− аз оила сар карда, то сатҳи маҳал, кӯдакистон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандон самарабахш нест.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаи мо, алалхусус, дар байни наврасону ҷавонон тафаккури миллӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, ҷаҳонбинии дунявӣ, муносибат ба сохти конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ дар сатҳи зарурӣ нест.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки тафаккури қишри наврасу ҷавони ҷомеа дар самти шинохти амиқи ҳувияти миллӣ ҳанӯз ба такмили ҷиддӣ ниёз дорад.

Мақсади асосии мо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба давлатдории миллии тоҷикон ва ифтихор бо миллат, давлат ва Ватан тарбияи кардани насли наврас мебошад.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷиҳати дар мафкураи насли наврас ҷой кардан ва мустаҳкам намудани эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва забони давлатӣ, муқаддасоту арзишҳои давлатдории миллии тоҷикон, худшиносиву худогоҳӣ, нангу номуси миллӣ ва албатта, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ тадбирҳои муассири иловагӣ андешида шаванд.

Мо бояд насли ояндаро ҳамчун шахсиятҳои ташаббускору ватандӯст ба воя расонем ва онро аз таъсири ҳама гуна мафкураи таҳмилии ифротӣ, бегонапарастӣ ва арзишҳои зарарноки ғайримиллӣ эмин дорем.

Мо вазифадорем, ки ҷавонони соҳибмаърифату донишманд, ҳушёру зирак, ватандӯсту ватанпараст ва ҳомиёни далеру шуҷои марзу буми аҷдодиро тарбия намоем.

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки такягоҳи асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд насли ватандӯст, содиқ ба давлат, Ватан ва халқи худ дорои маърифати баланд, ҷаҳонбинии муосир, иродаи мустаҳкам ва дар заҳмат обутобёфта бошад.

Зеро дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз маҳз онҳо бояд ташаббусро ба дасти худ гирифта тавонанд.

Роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, падару модарон, фаъолон ва зиёиён бояд наврасону ҷавононро аз аъмоли зиддиқонунӣ ва рафторе, ки мардуми маҳал, деҳа ва ноҳияро зери хиҷолат ва дар ҳолати ногувор мегузоранд, нигоҳ доранд.

Муҳимтарин вазифаи давлат таъмини амнияти шахс, давлат ва ҷомеа мебошад.

Таъмини амният ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар навбати худ, танҳо бо роҳи таъмин намудани волоияти қонун ва дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ амалӣ карда мешавад.

Бинобар ин, риояи бечунучарои қонун бояд асоси фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Бо ин мақсад баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум, яъне тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ бояд ба сатҳе расонида шавад, ки худи ҷомеа ба масъалаҳои вайрон кардани қонуният, ҳисси бегонапарастӣ ва хурофотпарастиву радикализми динӣ бо дарназардошти рушди бомароми давлатдорӣ вокуниши огоҳона ва одилона нишон диҳад.

Яке аз муҳимтарин омилҳое, ки ба ин раванд мусоидати фаъол мекунад, фаъолияти самараноки роҳбарону кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, яъне хизматчиёни давлатӣ дар кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Аз ин лиҳоз, интихобу ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи дурусти кадрҳо масъалаи фавқулода муҳим ба ҳисоб меравад.

Ба вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ шахсоне пешбарӣ карда шаванд, ки пеш аз ҳама, поквиҷдон ва ба Ватан, давлат ва халқи худ содиқ бошанд, сатҳи баланди маърифатнокӣ, касбият, қобилияти ташкилотчигӣ ва истеъдоди роҳбарӣ кардани мардумро дошта бошанд.

Масъулияти сарварӣ ва ба самти иҷрои муҳимтарин вазифаҳои давлатӣ сафарбар намудани ташкилоту муассисаҳо ва мардум ба дӯши роҳбар қарор дорад.

Қонун барои иҷрои ин масъулият ва вазифаҳо ба ӯ ҳуқуқ ва салоҳиятҳои муайян додааст.

Барои роҳбарии муваффақона хислатҳои шахсӣ ва кориву тахассусӣ, қобилияти дар лаҳзаҳои муайян қабул карда тавонистани қарори дуруст, ташаббускорӣ, қотеият, дар мавқеи давлатдорӣ ва таъмини қонунияту тартибот истодагарӣ кардан ва истеъдоди ба омма таъсир расонидан ниҳоят зарур аст.

Вале мутаассифона, дар сатҳи баъзе ҷамоату ноҳияҳо то ҳанӯз акси ин ҳолат баръало ба назар мерасад.

Дар баробари ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муҳимтарин вазифаи роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ аз сатҳи маҳал то вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ, мафкурасозӣ ва ба даст гирифтани ташаббус дар муносибат бо қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошад.

Мо бояд воқеиятро ба мардум бо далелу мисолҳо ва дар муқоиса бо солҳои пешин фаҳмонем.

Сабабҳои аслии баъзе даъвоҳоро нисбат ба ҷинояткориҳо кушоду равшан гӯем ва корро тавре ба роҳ монем, ки мардум, пеш аз ҳама, ҷавонон ба оқибатҳои ҳуқуқии рафтори худ баҳои воқеӣ дода тавонанд.

Дар робита ба ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо дигар сохтору мақомоти дахлдор ба хотири берун баровардани сокинони минтақа аз маҳдудияти ҷуғрофӣ, дар мафкураи онҳо, бахусус, дар зеҳни насли наврас ва ҷавон густариш додани ифтихор аз дастовардҳои кишвар ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ масъалаи боз ҳам зиёд намудани квотаҳоро барои таҳсили ҷавонони вилоят дар муассисаҳои таълимии дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баррасӣ намоянд.

Вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марбута бояд иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи забони давлатӣ” - ро таҳти баррасии ҳамаҷониба ва назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Таъкид месозам, ки қонун барои ба танзим даровардани ин ё он ҷанбаи ҳаёти ҷомеа қабул карда мешавад ва иҷрои муқаррароти он аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳатмист.

Ҳамчунин, сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати пешниҳоди маълумоти саривақтӣ ва дақиқ ба аҳолӣ фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи вилоятро густариш бахшида, доир ба масъалаи фарогирии пурраи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо барномаҳои телевизиони марказиву маҳаллӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Як нуктаи дигарро таъкид месозам, ки вазифаи ҳар як роҳбар, аз вилоят сар карда, то ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони соҳаҳои вобаста ба ҷавонону занон, инчунин, фаъолон, аҳли зиё, ходимони дин ва шахсони обрӯманд дар шароити имрӯза сарварӣ кардани мардум, ба корҳои ободгарона ташвиқу ҳидоят намудани аҳолӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, риояи қонунияту тартибот, яъне таъмин намудани волоияти қонун мебошад.

Ман ба заҳматдӯстӣ, ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бовар дорам ва бо эътимоди комил изҳор менамоям, ки онҳо дар қатори тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатиро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва дастовардҳои арзанда истиқбол мекунанд.

Бори дигар ба ҳамаи шумо - сокинони меҳмоннавоз ва заҳматкашу матиниродаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, хурду бузурги мардуми вилоятро ба ифтихори солгарди бисту нӯҳуми истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Саодату пирӯзӣ доимо насибатон бошад, ҳамватанони азиз!

president.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш