Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз

Сана: 2020-08-19        Дида шуд: 30        Шарҳ: 0

 

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Дуробаи ноҳияи Дарвоз Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ ду гармхона бо муосиртарин технология, 6 коргоҳи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, либос ва айнакҳои муҳофизатӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан, коргоҳи коркард ва бандубасти асал ва коргоҳи истеҳсоли картон ба фаъолият оғоз намуда, беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд, ки 70 фоизи коргарони корхонаро занону духтарони хонанишин ташкил медиҳад.

Дар ин ҷо нахуст ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаҳои муосири инноватсионӣ, ки бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар шароити кӯҳистон сохта шудааст, муааррифӣ гардид.

Парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз дар доираи иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи 4-уми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, ба роҳ мондани усулҳои нави парвариши ниҳоли дарахтони ситрусӣ ва сабзавоти кишоварзӣ дар заминҳои сангзор, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби шарикони рушд бунёд ёфта, дорои шароити хуби кору хизматрасонӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини доимии сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар масоҳати беш аз 30 садяк ду гармхонаи замонавӣ бунёд ёфтааст, ки бо муосиртарин технологияи истеҳоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия ва Голандия муҷҷаҳаз гардонида шудааст.

Дар гармхонаҳо аслан қувваи корӣ кам истифода гардида, сабзавот дар нурии махсус шинонида мешавад. Дигар амал, аз ҷумла муътадил нигоҳ доштани ҳарорати ҳавои дохили гармхонаҳо, обмонӣ бо усули қатрагӣ, нуридиҳии зироат ва ғизодиҳӣ ба воситаи технологияи ҷадид, автоматӣ анҷом дода мешавад, ки ин нахустин таҷриба дар ноҳияи Дарвоз мебошад.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ба олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот ва зиёд намудани номгӯи зироатҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар навбати аввал дар ин ҷо 3 ҳазору 600 кучати 3 намуди сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг ва булғорӣ бо усули нав парвариш ёфтааст, ки айни ҳол нашъунамои хуб доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро дар бунёди иншооти замонавӣ, ҷалби шарикони рушд ва ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи якдигар дар соҳаи кишоварзӣ намунаи ибрат хонда, барои идомаи тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани шароити зисту зиндагонии мардум дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Баландии гармхонаҳо 9 метрро ташкил дода, болои он ба таври автоматӣ кушода ва маҳкам мешавад. Қабати болоии гармхонаҳо бо системаи махсуси худидоракунӣ пайваст буда, дохили иншоотро дар фасли зимистон бо гармӣ ва дар фасли тобистон бо сардӣ таъмин менамояд. Ҳамзамон дорои қабати махсуси муҳофизатӣ аст, ки обҳои бухоршударо дар ҳарорати баланди гармӣ нигоҳ медорад.

Мутахассисон барои таҷриба дар як қисми гармхона ниҳолҳои ситрусӣ, аз ҷумла лиму, афлесун, мандарин ва 4 адад ниҳоли кивиро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастрас кардаанд ва ҳосилнокӣ низ хуб аст. Дар қисми дигари гармхонаи муосири шишагин бо усули чиноӣ 1 ҳазору 232 кучати помидору бодиринг ва булғолиро парвариш намуданд, ки аз руи хулосаи мутахассисон ояндаи наздик ҳосили хуб ба бор меоранд.

Иншооти мазкур дар кутоҳтарин муҳлат бо ҷалби беш аз 200 нафар коргарони маҳаллӣ дар масоаҳати умумии 2 гектар сохта шуда, гирду атрофи он дар доираи корҳои ободонӣ мумфарш ва гулкорӣ гардидааст.

Солҳои охир бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табобату пешгири аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, айнак ва либосҳои муҳофизатӣ ба истифода дода шуда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо ин восита беҳтару хубтар гардид.

Ба кор андохтани коргоҳи нави маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, айнак ва либосҳои муҳофизатӣ дар ноҳияи Дарвоз шаҳодати гуфтаҳои боло буда, минбаъд низ дар доираи иқдомҳои созанда тадбирҳои ободонӣ низ дар ин самт боз идома дода мешавад.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳи мазкур истеҳсоли Ҷумҳурии Туркия буда, дар он ду намуди маҳлули антисептикӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол мегардад. Дар ду хати истеҳсолии коргоҳ сокинони маҳаллӣ баъди омӯзишу аз худ кардани технология соҳиби ҷойи кор гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз 10 тонна маҳлули антисептикӣ буда, ояндаи наздик бо ворид гардидани дастгоҳҳои муосир истеҳсоли боз 12 намуд маводи доруворӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ ба роҳ монда мешавад. Зарфҳои махсуси маҳлулҳои антисептикии 50 грамма то 5 литра аз хориҷи мамлакат дастрас гардида, бо истифода аз технологияи пешрафта ва тарҳи хело зебо банду баст карда мешавад.

Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи 4-уми миллӣ қабул гардида, дар татбиқи ин ҳадафи муҳими стратегӣ соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Зимни муаррифӣ дар коргоҳи истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои муҳофизатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки бо назардошти вазъияти баамаломадаи минтақа ва ҷаҳон иқтидори истеҳсолии ин намуди маҳсулотро барои таъмини доимии беморхонаю сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилоти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд намоянд. Ниқобҳои тиббӣ дар коргоҳи мазкур аз 3 қабати матои махсус иборат буда, ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгуй мебошад. Дар як шабонарӯз дар ин ин хати истеҳсолӣ 24 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол мегардад. Дар сурати зиёд шудани талабот, корхона имкон дорад, ки иқтидори истеҳсоли ниқоби тиббӣ ва либоси муҳофизатиро зиёд ва талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоятро қонеъ гардонад. Дастгоҳу технологияи коргоҳи истеҳсоли ниқоб ва либоси муҳофизатӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, маҳсулот баъди аз санҷиши лабараторӣ гузаштани он барои истифода иҷозат дода мешавад.

Дар доираи тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ  дар Парки иноватсионӣ истеҳсоли 3 намуди маҳсулоти тиббӣ, аз ҷумла маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб ва айнакҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст, ки маҳсулот дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамзамон ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот карда мешавад.

Маврид ба таъкид аст, ки қабул ва мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои муҳими соҳавӣ ва муқаррар гардидани имтиёзҳои мусоиди давлатӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ имконият фароҳам сохт, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз сабукиҳои пебинишуда дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас гузоранд.

Айнакҳои тиббӣ ва муҳофизатӣ, ки то ба имрӯз аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи муосири истеҳсолӣ дар Тоҷикистон мушкилоти мавҷуда саривақт бартараф гардида, талаботи аҳолӣ аз ҳисоби корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ қонеъ карда мешавад. Дар ин ҷо бо назардошти талабот ду намуди айнак - айнаки тиббӣ барои табибон ва айнаки муҳофизатӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ истеҳсол гардида, ба беморхонаҳо ва сокинон пешниҳод карда мешавад.

Айни ҳол дар ин хати истеҳсолӣ сокинони маҳаллӣ хоса занону духтарони хонанишин ба кор ҷалб гардида, дар асоси дархост айнакҳои муҳофизатӣ ва тиббиро бо истифода аз технологияи муосир истеҳсол менамоянд. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз наздики 50 ҳазор дона айнакҳои тиббӣ ва муҳофизатӣ мебошад.

Барои ҷавобгуй будани маҳсулот ба стандартҳои байналмилалӣ дар назди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ лабараторияҳои озмоишӣ таъсис ёфта, маҳсулот қабл аз ба муомилот баровардан аз санҷиш гузашта, баъдан барои истифода пешниҳод мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ ҳамзамон аз коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан, ки бо истифода аз технологияи пешқадами Ҷумҳурии Туркия коркарду истеҳсол мегардад, шинос шуданд.

Коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан дар ноҳияи Дарвоз ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” бунёд ёфта, дар заминаи ин иқдом захираҳои бузурги обӣ самаранок истифода мегардад.

Оби чашма ба корхона аз масофаи 1 километр бо қубурҳои қутрашон гуногун оварда шуда, дар зарфҳои аз 0,5 то 5 литра омода мешавад. Маҳсулоти корхонаи мазкур ба пуррагӣ ивазкунандаи воридот буда, оянда дар баробари таъмини аҳолӣ ҳамзамон ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешавад.

Иқтидори истеҳсоли коргоҳи мазкур ба пуррагӣ талаботи аҳолиро қонеъ карда метавонад ва бо назардошти афзун гардидани талабот имкон аст, ки истеҳсолот зиёд ва ҷойҳои нави корӣ низ таъсис дода шавад.

Дар ин ҷо ҳамзамон корхонаи коркард ва бандубасти асали аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ба роҳ монда шудааст. Соҳибкор бо мақсади васеъ намудани маҷмуи маҳсулот, таъмини рақобатпазирӣ ва мутобиқ ба талаботи бозори байналмилалӣ истеҳсол кардани он, коркарди асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахш ба роҳ мондааст.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ашёи хом асали табиӣ буда, аз асалпарварони маҳаллӣ дар асоси шартнома харидорӣ карда мешавад.

Баъд аз тоза кардани асал аз омехтаҳо, маҳсулоти коркардшуда ба зарфҳои шишагии ҳаҷмашон гуногун ҷой дода мешавад.

Масъулон нақша доранд, ки дар доираи шартнома ҷиҳати рушди соҳа ва зиёд намудани иқтидори он ба асалпарварони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қуттиҳои замбури асалро харидорӣ ва дастрас намоянд, ки ин иқдом воситаи асосии худтаъминкунӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ мегардад.

Маҳсулоти корхона ба содирот нигаронида шуда, барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатӣ низ нигаронида шудааст. Айни ҳол коргоҳи мазкур бо иқтидори 650 киллограм дар як соат маҳсулотро коркард ва банду баст менамояд.

Дар ин хати истеҳсолӣ дар баробари коркарди босифати асали ватанӣ боз имкон аст, ки намудҳои гуногуни маҳсулоти консерва ба роҳ монда шавад.

Барои бандубаст ва ба стандартҳои байналмилалӣ пешниҳод намудани маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ҳамзамон дар қисмати дигари бино хати истеҳсоли картон васлу насб гардидааст, ки дар ин ҷо маҳсулоти мазкур бо андозаҳои гуногун истеҳсол мегардад. Баъд аз истеҳсоли 5 намуди маҳсулот дар Парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз маҳсулот ба нуқтаи ниҳоӣ расида, бо истифода аз технологияи муосир бандубаст ва ба харидорон ба воситаи мошинҳои махсус пешниҳод карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз шароити утоқҳои кории кормандони Парки инноватсионии саноатию технологӣ, ки дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир мебошад, шинос шуданд.

Барои кормандони корхона дар доираи иқдомҳои созанда шароити мусоиди корӣ муҳайё гардида, ҳар кадоми онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд. Дар ин ҷо ба Сарвари давлат ҳамзамон муосиртарин технология, ки дар шароити кунунӣ барои гузаронидани видеоконфронсҳои мустақим муҳиму саривақтӣ аст, муаррифӣ гардид.

Технологияи нави воридгардида истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, барои назорати доимӣ ва гузаронидани видеоконфронсҳои мустақим пешниҳод мегардад. Минбаъд дар доираи нақша ва дар заминаи шартнома чунин мониторҳои замонавӣ, ки тавоноияш барои гузаронидани чорабиниҳо осон ва қулай аст ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастрас карда мешавад.

president.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш