Нашрияи Омӯзгор

Бинои нави иловагӣ ва хобгоҳ

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 27        Шарҳ: 0

 

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз се қисми 3 ошёна ва як бинои ду ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 11634 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои иловагӣ барои 624 хонанда ва хобгоҳ барои 230 ҷой пешбинӣ шудааст.

Дар бинои иловагӣ синфхонаи таълимӣ, озмоишгоҳи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, утоқи омӯзгорон ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мавҷуд буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, барои ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифтани хонандагон ва соҳибкасб гаштани онҳо утоқҳои кандакорӣ, дӯзандагӣ ва пухтупази хӯрокҳои миллӣ бунёд ёфтааст.

Бинои хобгоҳ дорои 56 ҳуҷраи хоб, синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи мураббӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.

Дар соли таҳсили 2019-2020 муассисаи таълимиро 91 нафар хонандаи синфи 11 ва 116 нафар хонандаи синфи 9, аз ҷумла, ду нафар бо медали тилло хатм намуданд.

Дар маҷмӯъ, дар соли таҳсили 2019-2020 хонандагони литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ,  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 122 ҷойи ифтихорӣ гаштанд.

Мавриди зикр аст, ки литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аввалин литсейи Президентӣ дар мамлакат мебошад, ки соли 1998 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Аснои шиносоӣ аз иншооти навбунёд Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо вазифадор намуданд, ки то оғози соли таҳсили 2021 дар назди литсей боғчаи кӯдакона барои 300 нафар таъсис диҳанд. Дар иншооти мазкур ҷиҳати замина гузоштан ба рушди малакаи зеҳнии кӯдакону наврасон ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа зарур шуморида шуд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулонро ба беҳтар намудани фаъолияти касбӣ ва хизмат ба нафъи Ватану миллат ҳидоят намуданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш