Нашрияи Омӯзгор

Оғози сохтмони мактаби Президентӣ дар Дарвоз

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 85        Шарҳ: 0

 

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони мактаби Президентӣ оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои мактаби Президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот аз се ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар мактаби Президентии ноҳияи Дарвоз тамоми шароиту имконоти муосири таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.

Лоиҳаи мактаби Президентӣ, бинои хобгоҳ барои 240 кат ва ошхонаи замонавӣ бо 290 ҷойи нишастро дар бар мегирад. Ҳамчунин, барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ низ сохта мешавад. Муассисаи таълимӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Дарвоз сохта шуда ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз гузоштани санги асос ва шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз масъулинро ба иҷрои босифати корҳо вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки ин бино бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шавад.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш