Нашрияи Омӯзгор

“Эҳёи маънавият” ба фаъолият пардохт

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 23        Шарҳ: 0

 

Бо ширкати раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар шаҳраки 12-уми маҳаллаи Тиллокони шаҳр муассисаи нави таълимӣ-гимназияи “Эҳёи маънавият”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Гимназияи “Эҳёи маънавият” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуринисо Ҷӯраева таъсис ёфта, аз 33 синфхона, толори тамрин, майдончаи варзишӣ, ошхона, толори фарҳанг ва дигар инфрасохтори таълимӣ иборат мебошад. Дар соли хониши нав ҳамагӣ 40 нафар хонанда ба синфҳои 1 ва 6 қабул шуданд. 18 нафар корманд, аз ҷумла, 12 нафар омӯзгор бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Таҳсил пурра шартномавӣ буда, зимни таҳсил ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони олмонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзод аз иқдоми соҳибкори ватанӣ Нуринисо Ҷӯраева изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки дар иҷрои нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми чунин соҳибкорони бонангу номус хеле назаррас аст.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш