Нашрияи Омӯзгор

Мақсад: баланд бардоштани сифати дониш

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 40        Шарҳ: 0

 

Дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, омӯзгорон ва пешқадамону собиқадорони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳр гуфт,  ки баргузории машварати августии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар арафаи оғози соли нави таҳсил, таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 700-солагии шайх Камоли Хуҷандӣ иқдоми нек буда, нишони қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнати фидокоронаи омӯзгорон мебошад.

Шаҳрдор афзуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Муайян намудани хонандагони болаёқату соҳибистеъдод ва таълиму тарбияи ҳаматарафаи онҳо яке аз вазифаҳои асосии мактаб, ҷомеаҳои омӯзгорӣ ва кормандони соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Бо ин мақсад дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд пешрафти толибилмон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, натиҷаи ҳамин тадбирҳо буд, ки хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолияти хуб нишон дода, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ 131 нафар хонандаи синфҳои 9-11 иштирок намуда, 42 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

 Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш