Нашрияи Омӯзгор

Сухан аз бурду бохт

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 87        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Кӯлоб машварати августии омӯзгорон баргузор гардид. Сардори раёсати маорифи шаҳр Қадамшо Ҳакимзода қайд намуд, ки бо ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ, сармоягузории хориҷӣ, соҳибкорони ватанӣ ва Ассотсиатсияи падару модарон ва дигар шахсони инфиродӣ сохтмони 6 муассисаи таълимӣ ба анҷом расидааст. Хонандагони шаҳр дар озмунҳои гуногуни фаннӣ иштирок карда, сазовори 45 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд, ки нисбат ба соли 2019 5 ҷойи ифтихорӣ зиёд мебошад.

Сардори раёсат атрофи мушкилоту камбудиҳо дар соҳа низ изҳори андеша намуд. Бинобар нарасидани ҷойи нишаст, хонандагони чор муассисаи таълимӣ дар се баст таҳсил мекунанд. Дар татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф мушкилоти зиёде ҷой доранд.

Муовини раиси шаҳр Дилбар Одилзода таъкид намуд, ки дар амалигардонии барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дониши хонандагону донишҷӯён, мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, ҳамзамон, татбиқи имтиёзҳои муқарраршудаи омӯзгорони ҷавон, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорону хонандагони аълохони муассисаҳои таълимии шаҳр корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудааст.

 

 

Саҳми соҳибкорон дар рушди соҳа

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин машварати августии омӯзгорон баргузор гардид. Раиси ноҳия Почохон Зарифзода таъкид намуд, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дониши хонандагону донишҷӯён, мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон ва хонандагони аълохони муассисаҳои таълимии ноҳия корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудааст. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Насимҷон Ғоибзода зикр намуд, ки бо ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ, сармоягузории хориҷӣ, соҳибкорони ватанӣ, падару модарон ва дигар шахсони инфиродӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 16 муассисаи таълимӣ ба маблағи 420 800 сомонӣ бо маводи таълимӣ ва васоити аёнӣ - ноутбук ва принтер таъмин карда шуд. Ҳамчунин, дар назди муассисаи таълимии №11 сохтмони 6 синфхона ва 2 кабинети фаннӣ барои 360 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Таъмин набудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ, нарасидани омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ, набудани толору майдончаҳои варзишӣ аз мушкилотеанд, ки роҳи ҳал меҷӯянд. Фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагӣ низ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Яке аз масъалаҳои дигаре, ки боиси ташвишии ҷиддии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гардидааст, кам будани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад.

Сипас, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ба музокира баромада, оид ба мушкилоти ҷойдошта муҳокимаронӣ намуданд.

 

Мушкилиҳо зиёданд

Дар ноҳияи Фархор  машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Хайрулло Шоимардонзода қайд кард, ки дастовардҳои назарраси наврасону ҷавонони ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ боиси рӯҳбаландии омӯзгорону хонандагон гардидааст. Аз ҷумла, хонандаи синфи 11-и мактаби №29 Муҳаммадҷон Бобохонов (аз химия) дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи якум ва соҳиби медали тилло гардид. Дар муассисаҳои таълимӣ норасоии мизу курсӣ барҳам дода шуд. Бояд гуфт, ки фаъолияти гурӯҳҳои назорати сифати таҳсилот беҳбуд мехоҳад.

Хайрулло Шоимардонзода афзуд, ки дар кори омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил ҳиссаи падару модарон хеле калон аст. То ҳозир аз ҳисоби Ассотсиатсияи волидон барои таъмири муассисаҳои таълимӣ беш аз 31 721 сомонӣ маблағ сарф шудааст. Аммо ҳанӯз ҳам муассисаи таълимӣ ба хариди асбобу анҷом барои озмоишгоҳҳо, муҷаҳҳазгардонии ҳуҷраҳои фаннӣ, хариди адабиёти бадеӣ ва воситаҳои аёнӣ зарурат доранд.

Раиси ноҳияи Фархор Рустам Раҳматзода дар кори таълиму тарбияи насли наврас ба омӯзгорон комёбиҳо орзу намуд.

 

Дастовардҳо назаррасанд

Бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар литсейи №1 –и шаҳри Кӯлоб чун дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар маҷлиси  тантанавӣ баргузор гардид. Дар он сардори раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Қ. Ҳакимзода, омӯзгорону хонандагон ва падару модарони толибилмон иштирок намуда, тавассути оинаи нилгун суханронии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд. Сипас, директори литсей Пирмурод Сабуров, мухтасар дар бораи дастовардҳои хонандаи литсей иттилоъ дода қайд намуд, ки - дар ин даргоҳи илму маърифат  388 нафар хонандагони болаёқати синфҳои 1-11 аз рӯи равияи табиӣ- риёзӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 35 нафар омӯзгори соҳибкасб ва дорои унвони илмӣ дошта, бо истифода аз усулҳои ҷолибу методҳои пешқадами нави таълим дарс гузашта, толибилмонро дар рӯҳияи илмдӯстиву хештаншиносӣ ба камол расонида истодаанд.  Соли хониши 2019-2020  синфи 11-ро 46 нафар хонанда хатм карданд, ки аз онҳо 45 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва 1 нафарашон ба  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат дохил гардиданд. 9 нафар хонандагони синфи 9 соҳиби шаҳодатномаи аъло гаштанд. Дар озмунҳои фанни мактаббачагон шогирдони  болаёқати литсей дар сатҳи вилоятӣ дар 5 соли охир соҳиби 91 медал ва дар сатҳи ҷумҳурӣ соҳиби 15 медал шуданд. Айни замон 35 нафар хонандаи аълохон барандаи идорпулии Президенти мамлакат ва раиси вилоят мебошанд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш