Нашрияи Омӯзгор

Роҳи наҷот неруи ҳамагонист

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

Яке аз зуҳуроти мудҳиши асри XXI барои инсоният хурӯҷи бемории коронавирус (COVID-19) гардид. Паҳншавии он тамоми мардуми ҷаҳонро ба таҳлука овардааст. Чунонки аз тариқи васоити ахбори умум мушоҳида мегардад, теъдоди гирифторони ин навъи вирус ва фавтидагону шифоёфтагон рӯз то рӯз тағйир ёфта, дар баъзе кишварҳо рӯ ба коҳиш ва дар дигар кишварҳо рӯ ба афзоиш овардааст.

Дар Тоҷикистон ин беморӣ охири моҳи апрел ба қайд гирифта шуд ва аз тарафи роҳбарияти кишвар ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморон дар замон тамоми чораҳо андешида шуд. Ин беморӣ дар Тоҷикистон дертар ворид шуд, аммо таъсири манфии хешро расонид.

Аз таҷрибаҳои кишварҳои ҳамсоя бархурдор гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои муассирро баҳри пешгирии ин беморӣ дар ҳудуди кишвар роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумлаи ин иқдомҳо муваққатан баста шудани роҳҳои хавоӣ, рафтуомади қатораҳо ва нақлиётҳо мебошанд. Инчунин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан бармегарданд, ба муҳлати 2 ҳафта дар карантин нигоҳ дошта шуда, зери назорати қатъии табибон қарор мегиранд. Ҳоло дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ корҳои безараргардонӣ, яъне пошидани моеъи хлордор ҷорӣ карда шудааст. Инчунин, барои ба таҳлука наафтодани мардум аз паҳншавии ин беморӣ дар ҳар ҷаласаи ҳукуматӣ чораҳои дахлдор андешидашуда  истодаанд.

Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳоти Панҷакент, дар ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо, алалхусус, дар коллеҷи омӯзгории шаҳр бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории мазкур корҳои безараргардонӣ мунтазам иҷро гардида истодааст. Ҳар як утоқи корӣ ва синфхона бо маводи антисептикӣ таъмин мебошанд. Инчунин, бо ташаббуси омӯзгорони касбу ҳунари коллеҷ, ниқобҳои муҳофизатӣ ба миқдори зарурӣ дӯхта, ба истифода дода шуд. Аз тарафи корхонаи муштараки «Зарафшон» ду маротиба маводи зидди ин беморӣ, аз қабили хлор, моеъи спиртӣ, айнакҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо ҳамчун кумаки башардӯстона ба коллеҷи омӯзгории шаҳр супорида шуданд. Натиҷаи ҳамин чорабиниҳои саривақтист, ки хушбахтона, дар ҷумҳурии азизамон ва аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент хурӯҷи ин беморӣ тадриҷан коҳиш ёфта, зиндагии мардум ба эътидол омада истодааст.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳар яки мо, пеш аз ҳама, бояд роҳҳои пешгирии ин бемориро дар оилаамон роҳандозӣ намоем, чунки ҷои муқаддастарин барои ҳар яки мо оила аст. Моро зарур аст, ки тавсияҳои табибонро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамарӯза корҳои профилактикиро иҷро намуда, ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намоем. Беҳуда нагуфтаанд: «Тозагӣ гарави саломатист.»

Дар ин рӯзҳои ҳассос набояд ба эҳсосот дода шавем, бояд муттаҳид бошем, то ба кумаку ҳамдастии якдигар кишвари азизамонро аз ин гирдоби бало берун бикашем ва ба эҳтиёҷмандон хайру саховатро дареғ надорем. Бовар дорам, рӯзгори ҳар як сокини кишвари азизамонро рӯзҳои хубу офтобӣ дар пеш аст.

Шаҳло Фатҳуллоева,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи          

 коллеҷи  омӯзгории

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш